РАШТ. БУНЁДИ ОСОРХОНАИ НУСРАТУЛЛО МАХСУМ АЗ ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум бунёд меёбад.
Дар ин бора Нодиршо Маҳмадов, раиси Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳия, зимни суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” мужда дод.
Ба гуфтаи мавсуф, сохтмони осорхона тибқи нақшаи тадбирҳо ҷиҳати истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси роҳбарияти ноҳия роҳандозӣ гардида, бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолии деҳот дар шафати бинои нави Ҷамоати деҳот эъмор мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати ин Ҷашни бузурги миллӣ дар ҳудуди деҳот бунёду навсозии 46 иншоот дар назар буда, то имрӯз 35-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва дар 11 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Аз ҷумлаи иншоотҳои мазкур бунёди 39 иншоот аз тарафи соҳибкорон ва саҳми аҳолӣ, 3 иншоот аз ҳисоби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ, 1 иншоот аз тарафи Вазорати маориф ва илми кишвар ва 3 иншооти дигар аз тарафи шарикон ба нақша гирифта шудаанд.
– Дар пайравӣ ба иқдомҳои камназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷгузорӣ ба хидматҳои мондагори қаҳрамонони Тоҷикистон, бунёди осорхона дар зодгоҳи Нусратулло Махсум аз тарафи мо, ҳамдиёрон, амалест хайру савоб. Бинои осорхона аз ду ошёна иборат буда, дар рӯзҳои тантанаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад, – гуфт дар хотима Нодиршоҳ Маҳмадов.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”
