Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо вазири федералии энергетикии Покистон

05 июн 2026, Ҷумъа
6


Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода бо вазири федералии энергетикии Ҷумҳурии Исломии Покистон Авайс Аҳмад Хан Леғари мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки энергетика яке аз самтҳои калидии ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Покистон ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, ба тақвияти ҳамкорӣ оид ба татбиқи босамари лоиҳаи CASA – 1000 таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Инчунин, ҷонибҳо алоқамандии худро ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, коркарди маҳсулот, логистика, сайёҳӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ таъкид доштанд.


Дар Маҷлиси намояндагон Созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
3-юми июн таҳти раёсати Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум, баргузор гардид.
Дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Рушди энерджии Хайтуо» оид ба корҳои иктишоф, арзёбӣ ва омӯзиши геологии қаъри замин, инчунин, истихроҷи литий ва коркарди он дар ҳудуди Тоҷикистон баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Санаи нашр: 05.06.2026 №: 109