Ҳамоиш таҳти унвони «Забон – рамзи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ»
Чорабинӣ 8-уми июн дар Кумитаи забон ва истилоҳот баргузор шуд.
Раиси Кумита Сахидод Раҳматуллозода ҷойгоҳ ва аҳамияти забони тоҷикиро дар низоми давлатдории миллӣ ва раванди рушди иҷтимоию сиёсӣ иброз намуда, сиёсати забонӣ ва тадбирҳои пайгиронаи Ҳукумати ҷумҳуриро дар самти таҳкими забони давлатӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Таъкид гардид, ки забони давлатӣ на танҳо воситаи муошират, балки омили асосии ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва худшиносии миллат ба ҳисоб меравад.
Дар идома оид ба риояи қонунгузорӣ дар самти забони давлатӣ, меъёрҳои имлои забони тоҷикӣ ва фарҳанги ҳуҷҷатнигорӣ андешаҳо баён шуданд.
Мулоқоти Фарҳод Раҳимӣ бо Ло Юйсян
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ бо директори ҶДММ «Ширкати машваратии идоракунии корхонаҳои Гуанчжоу Чжичжи»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин хонум Ло Юйсян мулоқот кард.
Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти касбӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, аз ҷумла истифодаи зеҳни сунъӣ, инчунин, рушди самти омӯзиши дастгоҳҳои бесарнишин (дронҳо) ва ташкили парки технологиро баррасӣ намуданд.
Байни ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид, ки, тибқи он, ҳамкориҳо дар самти омӯзиши забони чинӣ, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои муосир густариш меёбанд.
Ҷамъоварии беш аз 110 ҳазор тонна ғалладонагӣ
Дар ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладона идома дорад.
Вазорати кишоварзӣ ситоди махсус ташкил кардааст, ки ба кишоварзон барои беталаф ва сари вақт ҷамъоварии дастранҷашон кумак мерасонад. То 5-уми июн кишоварзони мамлакат аз майдони 31 480 гектар 110 ҳазору 99 тонна ғалладона ғундоштанд.
Соли 2026 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии мамлакат дар майдони 293 ҳазору 702 гектар кишти ғалладонаҳо гузаронда шудааст. Аз он 195 ҳазору 106 гектар гандумзор буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 40 сентнерро ташкил медиҳад.
Дар МОИ «Суғд» дучарха ва сечархаҳои барқӣ истеҳсол мешаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» корхонаи истеҳсоли дучарха ва сечархаҳои барқӣ бунёд мешавад.
Ин масъала зимни вохӯрии роҳбарияти МОИ «Суғд» бо намояндагони ширкати чинии LTD «Chuangxinmeng» баррасӣ гардид.
11 медали хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Ал-Хоразмӣ»
Аз 1-ум то 7-уми июн дар шаҳри Тошкент Олимпиадаи 4-уми байналмилалии «Ал-Хоразмӣ» аз фанҳои математика ва информатика баргузор гардид, ки дар он наврасон аз 10 давлати ҷаҳон иштирок доштанд.
Дар ин Олимпиадаи бонуфуз ҷумҳурии моро 28 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ намояндагӣ карда, бо нишон додани донишу маҳорати баланд сазовори 11 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, хонандагони тоҷик 1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
ШУҒНОН
Мулоқот бо афсарону сарбозони отряди сарҳадии КДАМ
Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Муҳаммадтолиб Шокирзода бо афсарону сарбозони отряди сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Шуғнон мулоқот кард.
Таъкид шуд, ки ҷавонон бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Ватан дар рушди ҷомеа ва таҳкими амнияту суботи кишвар саҳми арзанда гузоранд.
Як қатор афсарону сарбозони фаъол барои хизмати намунавӣ, дастовардҳои варзишӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бо сипосномаи Кумита ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.
Ираклий Узнадзе – сармураббии нави тими мунтахаби ҷудои кишвар
Номзадии Ираклий Узнадзе дар вазифаи сармураббии тими мунтахаби ҷудои кишвар зимни як ҷаласа дар Кумитаи миллии олимпӣ муаррифӣ шуд.
Ӯ яке аз мураббиёни шинохтаи ҷудои ҷаҳон буда, роҳбарии тимҳои миллии Гурҷистон ва Туркияро бар уҳда доштааст. Зери роҳбарии ӯ варзишгарон дар Бозиҳои олимпӣ, чемпионатҳои ҷаҳону Аврупо ва мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби медал гардидаанд.
Ираклий ду маротиба аз ҷониби Иттиҳоди ҷудои Аврупо беҳтарин мураббии Аврупо эътироф шудааст.
