ЗИЁРАТИ ОРОМГОҲИ ҚАҲРАМОНҲОИ МИЛЛӢ АЗ ҶОНИБИ РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО

11 июн 2026, Панҷшанбе
3


Ба Ватан овардани мушти хоке аз оромгоҳи фарзандони ҷонфидои миллат Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, воқеан, як рӯйдоди муҳими таърихӣ ва рамзи эҳтиром ба ҷоннисориҳои фарзандони барӯманд ва руҳи поки онҳо мебошад. Ин иқдоми наҷиб аҳамияти бузурги сиёсӣ, маънавӣ ва таърихӣ касб намуда, танҳо як маросими рамзӣ набуд, балки намунаи равшани арҷгузорӣ ба таърих, эҳтиром ба хидматҳои фарзандони миллат ва эҳёи адолати таърихӣ маҳсуб меёбад.
Иқдомеро, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода анҷом доданд, на танҳо дар байни мардуми Тоҷикистон обрӯву манзалати зиёде пайдо карданд, балки таҷрибаашон дар тамоми дунё ҳамчун як мактаби нодир ва сулҳпарвар ҳисобида шуда, эътироф пайдо кард.
Дар ин замина, ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисони шаҳрҳои Ваҳдат – Мирзо Исмоилзода, Турсунзода – Парвиз Акрамзода, ноҳияҳои Рӯдакӣ – Нусратулло Салимзода, Варзоб – Хусрав Дамонзода ва Шаҳринав – Абдуқодир Вализода ба зиёрати оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва маорифпарвар Нисор Муҳаммад дар Лучоб рафта, бо гузоштани дастагулҳо ва дуои хайр хотираи неки онҳоро гиромӣ доштанд.
Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода иброз дошт: “Ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи бозгардонии хоки рамзӣ аз оромгоҳи фарзандони фарзонаи кишвар бори дигар исбот намуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар пояҳои устувори худшиносӣ, эҳтиром ба таърих ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ бунёд гардидааст. Ин иқдоми таърихӣ ҳамчун рамзи адолат, садоқат, инсондӯстӣ ва эҳтиром ба хидматҳои бузургони миллат дар хотираи мардум ҷовидона боқӣ хоҳад монд. Арҷгузорӣ ба таърих, эҳтиром ба шахсиятҳои бузурги миллӣ ва гиромидошти хидматҳои фарзандони содиқи миллат яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад”.


Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 11.06.2026 №: 113