Баргузории Конфронси байналмилалӣ

15 июн 2026, Душанбе
5


Дар пойтахти кишвар таҳти унвони «Осиёи Марказӣ – меҳвари Созмони ҳамкории Шанхай: фазои сулҳ ва рушди муштарак» Конфронси байналмилалӣ баргузор шуд.
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин аҳамияти Осиёи Марказиро ҳамчун фазои муҳими ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай таъкид намуда, зарурати таҳкими пайгиронаи ҳамкориро ба хотири таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор иброз намуд.
Дар доираи нишаст, байни роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои СҲШ табодули афкор сурат гирифт. Аз ҷумла, масъалаҳои таҳкими минбаъдаи эътимоди мутақобила, густариши ҳамкории бисёрҷониба ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун матраҳ гардиданд.


Вазорати мудофиа аз даъвати ҳарбии баҳорӣ натиҷагирӣ кард
Дар Вазорати мудофиа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Дилрабо Мансурӣ оид ба ҷамъбасти даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷаласа баргузор шуд.
Вазири мудофиа Эмомалӣ Собирзода зимни баромад иброз намуд, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва андешидани чораҳои зарурӣ нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Артиши миллӣ пеш аз муҳлат иҷро гардид.
Баъд аз таҳлилу баррасӣ, Дилрабо Мансурӣ ба консепсияи корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ таваҷҷуҳ зоҳир сохта, дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, эҳтироми якдигар, ҷасуру далер, қавиирода, ҳамчун мутахассисони арзандаи соҳа ва ҳимоятгари воқеии Ватану миллат тарбия намудани ҷавононро муҳим арзёбӣ кард.


Умаралӣ САФАРАЛӢ, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 15.06.2026 №: 115