Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

17 июн 2026, Чоршанбе
8

17 июни соли 2026, тахминан соати 10:40 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Ланд Крузер-200», рангаш сафед, рақами қайди давлатиаш 287 TJ, Сино Муборакшоев бо суръати баланд ҳаракат намуда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар киллометри 282-юми шоҳроҳи «Душанбе-Хоруғ», дар байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз ба садама дучор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бинобар суръати баланд воситаи нақлиёт ба иншооти муҳандисӣ-сарҳадӣ бархӯрда, ду сутунпоя ва симхорро зер мекунад ва ба дарёи Панҷ сарозер мешавад.

Муайян карда шуд, ки дар дохили автомашинаи хизматӣ Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, ёрдамчии раиси вилоят Садоншо Ҷанобилшоев, ҳамсар ва фарзанди хурдсоли раиси вилоят низ қарор доштанд.

Аз ҷойи ҳодиса як адад рақами қайди давлатии 287 TJ ва қисмҳои алоҳидаи воситаи нақлиёт пайдо карда шуд.

Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва дигар шахсони масъул дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.

Таҳқиқи қазияи мазкур таҳти назорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.