ИҶЛОСИЯИ ШАШУМИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛӢ ДОИР ГАШТ
16-уми июн дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум, баргузор шуд.
Аъзои Маҷлиси миллӣ дар умум 46 масъаларо баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, қонунҳои конститутсионӣ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳо «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта», инчунин, як қатор қонунҳоро дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, меҳнат, тандурустӣ, андоз ва ғайраро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.
Дар асоси пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллӣ ваколати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо бинобар вафоташ қатъ шуда, Қодирзода Ҷурабек Шариф судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Ҳамчунин, Бобохонзода Асомуддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аминзода Сайдабону Рустам бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан, аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд гардида, Саъдуллозода Саидо Талбак судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.
“ҶУМҲУРИЯТ”
