ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИШТИРОКИ МАҲМАДАЛӢ ВАТАНЗОДА ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ИШТИРОКИ МАҲМАДАЛӢ ВАТАНЗОДА ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

29 май 2023, Душанбе
16
0


Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанзода дар Конфронси байналмилалии илмӣ – амалии «Назария ва амалияи раванди интихобот», ки дар Ҷумҳурии Беларус доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. 
Аз Маҷлиси намояндагон ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ки чорабинии мазкур аз ҷониби Маҷлиси миллии  Ҷумҳурии Беларус ташкил шуда, ҳадаф аз баргузории он табодули таҷриба дар самти омодагӣ ва баргузории маъракаҳои интихоботӣ аст.


СТРАТЕГИЯИ НАВИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН  ВА БИР
Дар Душанбе вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо ҳайати Бонки исломии рушд (БИР) баргузор гардид, ки зимни он стратегияи нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва БИР мавриди муҳокима қарор гирифт. 
Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки стратегияи мазкур бо мақсади тақвияти ҳамкории дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки мамлакат ба 3 соли минбаъда равона шудааст.


МАҲФИЛИ ОМӮЗИШИИ «ПАЙРАВОНИ ПЕШВО»
Дар бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти маҳфили омӯзишии «Пайравони Пешво» баргузор шуд, – хабар доданд аз Кумита.
Дар маросими ҷамъбаст  раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» Абдулло Раҳмонзода иштирок намуда, ба хатмкунандагон шаҳодатномаи хатми маҳфилро  супурд. Мақсад аз баргузории он баланд бардоштани донишҳои сиёсиву илмӣ ва ҳуқуқии ҷавонон ба ҳисоб меравад. 


НАМОЯНДАГОНИ ИКОМОС ВА ИБТОМ  ДАР ТОҶИКИСТОН
Намояндагони Шурои байналмилалӣ оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва ҷойҳои тамошобоб (ИКОМОС) ва Институти байналмилалии тадқиқотии Осиёи Марказӣ (ИБТОМ) бо мақсади идомаи корҳо вобаста ба коркарди номинатсияи "Ҳулбук – Хутали Қадим" ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Аз Вазорати фарҳанг ба мо иттилоъ доданд, ки ҳайати коршиносонро  муовини вазир Манучеҳр Шарифзода ба ҳузур пазируфта, дар вохӯрӣ роҷеъ ба анҷоми корҳо ва иқдомоти минбаъда мубодилаи афкор сурат гирифт.  


САРҲАД. Мулоқоти навбатии гурӯҳи корӣ
Дар гузаргоҳи сарҳадии «Қизилбел» мулоқоти навбатии раисони вилоятҳои Суғд ва Бодканд баргузор гардид.
Тавре хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар медиҳад, зимни мулоқот аз анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ ёдовар гашта, изҳори бовар шуд, ки дар оянда низ, фаъолияти гурӯҳ дар тамоми зинаҳо дар сатҳи баланд идома хоҳад ёфт. Зикр гардид, ки ҳамаи масъалаҳои пешниҳодшуда  сари вақт ҳаллу сокинони ду кишвар дар фазои сулҳу субот ва эҳтироми якдигар ба сар мебаранд.


РИВОҶИ МУОМИЛОТИ ҒАЙРИНАҚДӢ
Филиали «Саноатсодиротбонк» дар шаҳри Бохтар ҷиҳати гузаштан ба муомилоти ғайринақдӣ ва истифода аз замимаи ССБ – мобайл бо гурӯҳи мизоҷон  вохӯрӣ гузаронд, – хабар медиҳад АМИТ «Ховар».  
Дар вохӯрӣ барои аз худ намудани ин хизматрасонии мазкур 20 соҳибкор – мизоҷи Бонк даъват шуд.

Санаи нашр: 29.05.2023 №: 112
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив