СУҒД
Мулоқоти Раҷаб Аҳмадзода бо роҳбари намояндагии JICA дар Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо роҳбари намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёшимаса Такэмура вохӯрд.
Раҷаб Аҳмадзода аз саҳми Ҳукумати Ҷопон дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар вилояти Суғд изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки айни замон лоиҳаҳо дар самтҳои обтаъминкунӣ, маориф ва тандурустӣ амалӣ шуда истодаанд. Ҳамзамон, сохтмон ва навсозии як қатор муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст.
Таваҷҷуҳи соҳибкорон ба вилояти Суғд меафзояд
18-уми июн дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд – 2026», дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ таҳти унвони «Имкониятҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва дурнамои рушди иқтисодӣ» Форуми байналмилалӣ баргузор шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки имсол дар ярмарка ва Форуми байналмилалӣ зиёда аз 500 намоянда аз 20 кишвари хориҷи дуру наздик ширкат дорад, ки аз болоравии нуфузи чорабинӣ ва таваҷҷуҳи доираҳои соҳибкориву сармоягузории хориҷӣ ба имкониятҳои иқтисодии вилоят шаҳодат медиҳад.
ДУШАНБЕ
Оғози Намоиши байналмилалии молу хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ
18-уми июн дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии молу хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ («INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026») оғоз гардид ва то 20-уми июн идома меёбад.
Дар он ширкатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Русия, Покистон ва Эрон таҷҳизот ва асбобҳои тиббиро ба намоиш гузошта, ширкатҳои фарматсевтӣ, марказҳои саломатӣ ва осоишгоҳҳо муаррифӣ мешаванд.
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ доир гашт
Муовини раиси шаҳри Душанбе, муовини раиси Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ Дилбар Одилзода оид ба аҳамияти Шуро дар таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои давлатию бахши хусусӣ ва рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар пойтахт ибрози назар намуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе, аз ҷумла вазъи хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва марказҳои савдо, фаъолияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ва такси, инчунин, масъалаи омодасозӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи хизматрасонӣ ва роҳбаладон муҳокима гардид.
Мадина Саидализода – Хонандаи соли 2026
Хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Мадина Саидализода дар даври ҷумҳуриявии Озмуни «Хонандаи сол» ғолиб шуд.
Даври ҷумҳуриявии Озмун бо мақсади дарёфт ва дастгирии хонандагони фаъолу эҷодкор, ташаббускор ва навовар, инчунин, баланд бардоштани сатҳи дониш, қобилияти фикрронӣ ва рушди малакаҳои зеҳнии онҳо дар Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон баргузор гардид.
ТУРСУНЗОДА
Мумфаршкунии роҳҳои маркази шаҳр идома дорад
Ба пешвози Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Турсунзода бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми соҳибкорон 1,6 километр роҳи кӯчаи Бобоҷон Ғафуров ва қитъаи роҳи байни маҳаллаҳои 1 ва 3 то кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзодаро мумфарш мекунанд.
Мумфаршкунии роҳҳои кӯчаҳои маркази шаҳр на танҳо ба беҳтар гардидани инфрасохтор, балки ба таъмини ҳаракати бехатару бароҳати воситаҳои нақлиёт ва шаҳрвандон низ мусоидат хоҳад кард.
Имрӯзҳо дар шаҳри Турсунзода ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ ва мумфаршкунии роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта бомаром идома доранд.
