“ОРИЁНБОНК”. ҚАДРДОНИИ АҲЛИ ЭҶОД ДАР АРАФАИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

22 июн 2026, Душанбе
61


Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ роҳбарияти ҶСК “Ориёнбонк” бо намояндагони расонаҳои хабарии кишвар ҳамоиши хосса доир намуд.
Ҳасан Асадуллозода, раиси раёсати ҶСК “Ориёнбонк”, аз иштироки доираи васеи рӯзноманигорон истиқбол намуда, таъкид сохт, ки воситаҳои ахбори омма дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони истиқлол, хусусан фаъолияти пурсамари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳми арзанда доранд. Зарур аст, ки дар доираи ҷашнҳои бузурги миллӣ – Рӯзи Ваҳдат ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аҳли эҷоди кишвар дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои солҳои охир ва бо ин роҳ дар муаррифии шоистатари Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ беш аз ҳар вақти дигар талош намоянд.
Бо таъкиди мавсуф, хабарнигорон дар тарбияи маънавии насли наврасу ҷавон низ саҳми шоиста гузошта, роҳнамои онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ ҳастанд.
Дар фарҷом Ҳасан Асадуллозода ба аҳли қаламу эҷод барои ҳамкориҳои густурда изҳори сипос намуда, намояндагони як қатор воситаҳои ахбори оммаро бо мукофот қадр кард. Аз ҷумла, ба сармуҳаррири Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода сипоснома, Нишони фахрии ҶСК “Ориёнбонк” ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.

«ҶУМҲУРИЯТ»


Санаи нашр: 23.06.2026 №: 122-123