ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
![]()
Ифтитоҳи бинои маъмурии фурудгоҳи Ховалинг
Субҳи 20-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, гузоштани санги асос ба сохтмони иншооти оянда, суҳбат бо мардуми касбу кори гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии аҳолӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи ноҳияи Ховалинг, ки ба истиқболи шоиста аз Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба таври идона ороста шудааст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон ва масъулону намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо эҳтиром ва самимияти беандоза пешвоз гирифтанд.
Дар оғози сафар ба ноҳияи Ховалинг Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, бинои маъмурии фурудгоҳи Ховалингро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки тармиму навсозии бинои маъмурии фурудгоҳ дар пайравӣ ба сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳия ба хотири ободии Ватан ва мунтазам беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ амалӣ гашт.
Иншооти хуштарҳу замонавӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи Ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо риояи талаботи муосири меъморӣ ва унсурҳои миллӣ бунёд ёфта, дар он барои кормандону мутахассисон шароити мусоиди корӣ фароҳам аст.
Бинои маъмурии фурудгоҳ аз ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, толорҳои интизорӣ, ҷаласа ва қабулу гусели мусофирон, инчунин, меҳмонхона иборат мебошад.
Зимни боздид аз шароити кории бинои фурудгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкорони ватандӯстро дар амалисозии тадбирҳои ободонӣ ва созандаи кишвар шоистаи таҳсин хонданд.
Таъкид гардид, ки ин лоиҳаро метавон ҳамчун намуна бо такмили иловагӣ дар бунёди фурудгоҳҳои маҳаллии дигар шаҳру ноҳияҳо истифода бурд.
Ба истифода додани коргоҳи «Асри ваҳдат»
20-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Мунк ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии «Асри ваҳдат» оғоз бахшиданд.
Дар ин коргоҳи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз 10 номгӯй маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, панир, йогурт, кефири мевагӣ, дуғ, дуғоб, маска ва дигар навъҳои маҳсулоти ширӣ ба роҳ монда шудааст. Коргоҳи нави истеҳсолӣ дар ноҳияи Ховалинг дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҷумъахон Қосимов бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар бунёд ёфт. Дар коргоҳ барои коркард ва захираи маҳсулот дегҳои аз 1 то 10-тоннагӣ мавҷуданд.
Баъди мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳи нави саноатӣ, 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардид. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як моҳ 30 тонна ва дар як сол то 360 тонна маҳсулоти ширии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва хушсифатро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти коргоҳ таҳти тамғаи молии «Асри ваҳдат» дар зарфҳои ҳаҷмашон гуногун дар бозорҳои кишвар ба фурӯш бароварда мешавад.
Зимни шиносоӣ бо хатти истеҳсолӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми коркард ва бандубасти маҳсулоти ширӣ, инчунин, мутобиқ намудани истеҳсолот ба стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ ба масъулон дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки шир барои фаъолияти коргоҳ аз фермаи чорводории худӣ дастрас гардида, ҳамзамон, дар назар аст, ки барои таъмини фаъолияти мунтазами он бо сокинони маҳаллӣ низ ҳамкорӣ ба роҳ монда мешавад. Маҳсулоти дастрасшуда, қабл аз коркард, дар озмоишгоҳе, ки мутобиқ ба талаботу меъёрҳои байналмилалӣ ҷиҳозонда шудааст, мавриди санҷиш қарор мегирад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз шиносоӣ бо раванди истеҳсолот, дар ҳамин ҷо бо лоиҳаи бунёди коргоҳи истеҳсоли ҳасиб низ шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи истеҳсоли ҳасиб дар кӯчаи Рӯдакии шаҳраки Мунк аз ҷониби ҳамин соҳибкори ватанӣ бунёд гардида, бо шароити зарурии истеҳсолӣ ва корӣ муҷаҳҳаз хоҳад шуд.
Дар ин коргоҳ, ки дорои иқтидори коркарди 1 тонна гӯшт дар як шабонарӯз хоҳад буд, 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мешавад.
Ҳамчунин, соҳибкор дорои фермаи чорводорӣ бо зиёда аз 20 сар гови ширии зоти сиёҳало ва 100 сар гови зоти шведӣ мебошад, ки ин ба дастрас намудани гӯшту шир ба ин ду коргоҳ имкон медиҳад.
Ифтитоҳи осоишгоҳ барои ятимону маъюбон
20-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг ба деҳаи Шехмизон ташриф оварда, осоишгоҳ барои ятимону маъюбонро, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ аз хонаводаҳои Каримовҳо ва Одинаевҳо ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардид, мавриди истифода қарор доданд.
Бинои осоишгоҳ аз 20 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои муҷаҳҳаз барои омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагӣ, дуредгарӣ ва расмкашӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, ҳуҷраи тиббӣ, ҳаммом ва анбор барои нигоҳдории маҳсулот иборат мебошад.
Дар ҳавлии осоишгоҳ ду ҳавзи оббозӣ, майдончаҳои футболу волейбол ва майдончаи бозии кӯдакон бунёд шуд, ки барои ятимону маъюбон дорои шароити мусоиди истироҳат, омӯзиш ва фароғат мебошад. Инчунин, дар масоҳати 40 садяк замин гармхона ташкил шудааст.
Дар осоишгоҳ барои ятимону маъюбон 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардид. Бунёди чунин муассисаи иҷтимоӣ намунаи равшани ғамхориву дастгириҳои ашхоси ниёзманд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муҳайёгардида дар ин муассисаи иҷтимоӣ шинос шуда, ба иқдоми соҳибкорони ҳимматбаланди маҳаллӣ ва сатҳу сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.
Ба масъулони осоишгоҳ ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ, муҳайё сохтани шароити муносиби тарбия, таъмини нигоҳубини ҳамаҷониба ва зоҳир намудани ғамхории доимӣ нисбат ба ятимону маъюбон тавсияҳо дода шуд.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки истифодаи дуруст ва босамари ин иншооти хуштарҳи замонавӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллию ҷумҳуриявии соҳаи маориф ба роҳ монда шавад.
Ифтитоҳи бинои иловагии шуъбаи ВКД
20-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Дар маҳаллаи Сохтмончиёни шаҳраки Мунк пас аз таъмиру навсозӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ба номи Иброҳим Раҳмонзода ба истифода дода шуд. Муассиса дорои 25 синфхона, маҷлисгоҳ, толори варзиш ва дигар шароити зарурии таълиму тарбия буда, барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ мешавад.
Ҳамзамон, дар деҳаи Айлодара бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншоот аз синфхонаҳои бо васоити муҳими таълимӣ муҷаҳҳаз ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат буда, барои 600 хонанда дар ду баст пешбинӣ мегардад. Лоиҳаи ин Муассиса намунавӣ буда, ҳамин гуна мактабҳо, аллакай, дар се деҳа сохта шудааст ва тибқи нақша, дар 6 деҳаи дигар низ бояд бунёд ёбад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин ду муассисаи таълимӣ дар ноҳияи Ховалинг барои қариб 2 ҳазор хонанда дар ду баст имкониятҳои нави таҳсил муҳайё гардид.
Дар идомаи тадбирҳо бинои нави иловагии маъмурии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ховалинг ва майдончаи варзиши назди он ба истифода дода шуд. Иншоот аз 19 утоқи корӣ ва толори маҷлис иборат буда, бо таҷҳизоти муосири хизматрасонӣ таъмин гашт.
Ҳамчунин, дар деҳаи Дараи Мухтор маҷмааи варзиши нав, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдулло Ҳасанов бунёд ёфт, ифтитоҳ гардид. Маҷмаа дорои толорҳои варзиш, майдончаи футбол, ҳавзи шиноварӣ, ҳуҷраҳои истироҳатӣ ва дигар иншооти ёрирасон аст.
Ифтитоҳи иншооти мазкур идомаи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ буда, барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таҳкими инфрасохтори маҳаллӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор замина фароҳам меорад.
Ифтитоҳи Деҳкадаи сайёҳӣ
20-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо Деҳкадаи сайёҳиро, ки мавзеи навбунёди сайёҳӣ ва тамошою фароғат аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сохтмони иншоот моҳи марти соли 2025 оғоз ёфта, дар муҳлати муайяншуда дар масоҳати беш аз 1 гектар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Ҳасанзода бо сифати баланд ба анҷом расид. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 85 нафар бо кори муваққатӣ таъмин гашта, баъди ба истифода додани он 20 сокини маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ шуд.
Деҳкадаи сайёҳӣ дар қисми ҷанубу шарқии ноҳияи Ховалинг аз маркази ноҳия дар масофаи 9,5 км ҷойгир буда, дорои ошхонаи барҳаво бо 50 ҷойи нишаст дар як вақт, мавзеи гулханафрӯзӣ бо меъмории таърихӣ, ҷойҳои бозию дилхушӣ ва роҳраву гулгаштҳои назаррабо мебошад.
Солҳои охир рушди сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими иқтисоди миллӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифта, барои муаррифии таърих, фарҳанг ва табиати нотакрори Тоҷикистон заминаҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд. Дар ҳамин росто, Деҳкадаи сайёҳӣ бо мақсади муаррифии тарзи ҳаёти суннатии мардуми тоҷик бунёд шуда, дар он намунаҳои беҳтарини меъмории миллӣ таҷассум ёфтаанд. Биноҳо ва иншооти Деҳакада дорои услуби анъанавӣ буда, шаклу намуди онҳо ба хонаҳои қадимаи тоҷикон шабоҳат доранд. Истифодаи унсурҳои миллӣ дар тарҳи биноҳо, айвонҳои кандакорӣ, деворҳои ороёфта ва муҳити зебои атроф ба ин мавзеъ ҳусну таровати хос бахшидааст.
Нақши Деҳкадаи сайёҳӣ дар ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ назаррас арзёбӣ мешавад. Мавҷудияти чунин маҷмаа имкон медиҳад, ки меҳмонон на танҳо аз манзараҳои зебои табиати ноҳия баҳра баранд, балки бо фарҳангу тамаддуни бостонии тоҷикон аз наздик шинос шаванд. Ин иқдом метавонад шумораи сайёҳонро бамаротиб афзуда, ба рушди хизматрасонӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва беҳтар гардидани вазъи иқтисоди маҳаллӣ мусоидат намояд.
Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, онро намунаи хуби истифодаи имкониятҳои сайёҳӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин, таъкид карданд, ки бунёди чунин марказҳо барои муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти калон дошта, метавонад дар ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ саҳми назаррас гузорад.
Пас аз ифтитоҳи Деҳкадаи сайёҳӣ, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи дастовардҳои кишоварзони ноҳия муаррифӣ гашт. Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавоти тару тоза, полизиҳо, асал ва дигар маҳсулоти истеҳсоли маҳаллӣ ба маъраз гузошта шуданд. Зимни боздид ба натиҷаҳои меҳнати деҳқонон ва имкониятҳои рушди бахши аграрии ноҳия таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки истифодаи самараноки замин ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Боздид аз боғи интенсивӣ дар мавзеи Сафедшаҳрак
Дар охири боздид аз ноҳияи Ховалинг Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивӣ, ки дар масоҳати 10 гектар замини талу теппаҳои баланд доман паҳн кардааст, дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки боғи себ се сол пеш бунёд ёфта, аллакай, имсол дарахтони он ҳосили фаровон доранд.
Бо истифода аз имконияти иқлим ва табиати зебову нотакрори ин мавзеъ, боғдорон умед доранд, ки аз дарахтони себ ҳосили фаровони хушсифат ба даст оранд.
Дар ин мавзеи хушбоду ҳавои ноҳияи Ховалинг, ки иқлимаш барои дарахтони мевадиҳанда мусоид мебошад, ҳамчунин, дарахтони хуч, олуча, гелос ва ғайра парвариш меёбад.
Зимни суҳбат бо коргарон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорон дар бораи риояи қоидаҳои агротехникӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири боғпарварӣ дастуру тавсияҳо доданд.
