ҚУРУТОБИ ТОҶИКОН РУСИЯРО ТАСХИР МЕНАМОЯД

Тибқи иттилои сомонаи “migrantexam.ru” чанде пеш дар шаҳри Москва мавсими дуюми лоиҳаи маъруфи ошпазӣ «Соҳибхоназанҳо бар зидди шефҳо: набард барои таъм» ба анҷом расид. Ғолиби озмун на ошпази касбӣ, балки блогери худомӯзи тоҷик Зарифҷон Ҳоҷибоев гардид.
Дар даври ниҳоӣ Ҳоҷибоев яке аз қадимтарин таомҳои миллии тоҷикон – қурутобро омода намуд.
Сомонаи мазкур таъкид намудааст, ки “ин таоми анъанавӣ таърихи чандинасра дошта, аз қадим дар байни мардуми тоҷик маҳбуб аст. Дар Душанбе, ҳатто, рӯйхати ғайрирасмии машҳуртарин ошхонаҳо ва чойхонаҳое мавҷуд аст, ки қурутоби беҳтарин пешниҳод мекунанд. Ҳамчунин, соли 2025 омода кардани қурутоб яке аз бахшҳои Озмуни миллии «Беҳтарин соҳибхоназан» дар Тоҷикистон буд”.
Ин пирӯзӣ бори дигар нишон дод, ки таомҳои миллии тоҷикӣ метавонанд берун аз марзҳои кишвар низ маҳбубият пайдо карда, фарҳанг ва анъанаҳои тоҷиконро муаррифӣ намоянд.
Сомонаи “molbulak.ru” бошад, дар бораи қурутоб аз забони Саидмурод ном ошпази қаҳвахонаи тоҷикӣ, ки дар назди истгоҳи метрои «Курская», воқеъ гардидааст, бозавқ маълумот дода навиштааст: “Қурутоб яке аз қадимтарин ва машҳуртарин таомҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи тоҷикон, омода кардани ин таом чандон душвор нест ва дар асл ҳар кас метавонад онро пазад. Мо қарор додем аз ошпази яке аз қаҳвахонаҳои тоҷикӣ дар Москва Саидмурод дастури қурутобро пурсем. Ба гуфтаи ошпаз, қурутоб таоми хеле серғизо ва фоиданок баҳисоб меравад.
«Ниёгони мо субҳи барвақт қурутоб мехӯрданд ва ба саҳро барои кор мерафтанд. Ин таом инсонро то шом сер нигоҳ медорад»,– мегӯяд Саидмурод.
Муаллифи мақола баъди пешниҳоди тарзи тайёр кардани қурутоб андешаҳояшро чунин ҷамъбаст кардааст: “Агар шумо ба Тоҷикистон равед ва ба ягон қаҳвахона ё тарабхона дароед, ин таоми хушлаззатро бо нархи дастрас пешниҳод мекунанд. Тарзи тайёркунӣ ва пешниҳоди он метавонад фарқ кунад, аммо як чиз ҳамеша якхела мемонад: таъми беҳамтои қурутоб. Мо қурутоби Саидмурод тайёркардаро бо завқ хӯрдем ва тамоми рӯз худро серу қаноатманд ҳис кардем.”
Ҳамчунин, сомонаҳои русии “gastronom.ru”, “nyamkin.ru”, “inoeda.com”, “povar.ru”, “russianfood.com”, “rutube.ru” , “volshebnaya-eda.ru” ва ғайра дар бораи тарзи омода кардани қурутоб маълумот дода, онро “таоми хоси тоҷикӣ” муаррифӣ кардаанд.
Корбарони ғайритоҷики саҳифаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Albert Mamak, Раиса Бекметова, Олга Куприянова, Владимир Ким, Айбек Узаков, Alexandr Konovalov, Same Zein ва дигарон, ки қурутобро ҳадди ақал як бор хӯрдаанд, ба он баҳои баланд додаанд.
Ин гуфтаҳо далели онанд, ки қурутоб дар дигар кишварҳо маъруфият пайдо менамояд ва умед аст, дар ояндаи наздик он низ мисли оши палав ҳамчун хӯроки миллии тоҷикон расман ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид мегардад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
“Ҷумҳурият”
