ИСТИҚЛОЛ, ПРЕЗИДЕНТ ВА РУШДИ ШАБАКАҲОИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ
Пас аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар низоми сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии кишвар дигаргуниҳои бузурге ба амал омаданд, ки моҳияташон истиқлоли комили имрӯзаи кишварро инъикос мекунад. Дар расидан ба сулҳу субот ва озодии афкору эҷод саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мондагор аст, ки сокинони Ватани маҳбубамон ба он арҷ мегузоранд.
Ҷанги шаҳрвандӣ, ки муҷиби нобасомониҳо гардид, ба фаъолияти ягона шабакаи ҷумҳуриявӣ – Телевизиони «Тоҷикистон», таъсири манфӣ расонд. Дар чунин шароит тайёр намудани барномаҳои мувофиқ ба шароити нав душвор буд. Марҳалаи сарнавиштсози телевизион дар мамлакат солҳои 1991 (аз рӯзи истиқлоли кишвар 9-уми сентябр) – 1997 (имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон, 27-уми июни соли 1997) ба ҳисоб меравад. Муҳаққиқони соҳа зикр мекунанд, ки “аз 27-уми июни соли 1997 то ба охири соли 2004 марҳалаи дуюми инкишофи телевизион ба шумор меравад”. Дар ин марҳала таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти кадрӣ ва сохтории телевизион зиёдтар ба мушоҳида мерасад, ҳарчанд ки он бештар ниёз ба таҳаввулоти техникӣ дошт. Таъсиси маркази продюсерӣ, гурӯҳи таҳлилӣ, барномаи «Субҳ», дубляжи филмҳои мустанад, тасвирӣ, ҳунарӣ ва ба нуҳ соат расондани ҳаҷми пахши барномаҳо дар як рӯз навгониҳое буданд, ки дар ин давра ба анҷом расиданд.
Марҳалаи нави ташаккули телевизион аз аввали соли 2005 сар шуда, то ба имрӯз идома дорад ва он марҳалаи пешрафти техникӣ маҳсуб мешавад. Дар ин марҳала шабакаҳои телевизионӣ аз лиҳози техникӣ муҷаҳҳаз шуда, шабакаҳои нави телевизионӣ таъсис ёфтанд ва манотиқи фарогирии пахши барномаҳои телевизионӣ густариш ёфт. Ҳамчунин, дар ин давра як қатор телевизионҳои соҳавӣ таъсис ёфтанд, ки боиси боз ҳам мукаммалшавии соҳаи телевизион дар Тоҷикистон гардид.
Таваҷҷуҳи хосса ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки 9 телевизиони соҳавӣ: «Сафина», «Баҳористон», «Ҷаҳоннамо», «Варзиш», «Синамо», «Футбол», «Шаҳнавоз», «Илм ва табиат» ва «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба фаъолият оғоз карданд, ки дастоварди беназир дар соҳаи телевизион мебошад. Имрӯз низ ҷараёни густаришу мукаммалсозии фаъолияти телевизионҳои соҳавӣ вусъат ёфта истодааст.
Имрӯз дар ҳудуди мамлакат минтақае нест, ки он ҷо мавҷи шабакаҳои телевизионӣ фаъол набошад. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 101 шабакаи давлативу хусусии телевизиону радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ, аз ҷумла 15 телевизиону 10 радиои давлатӣ, 18 телевизиони хусусӣ, 16 телевизиони ноқилӣ, 4 телевизиони IP, 24 радиои хусусӣ ва 14 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ, фаъолият доранд.
Кулли пешравиву дастовардҳо дар соҳаи телевизион натиҷаи сулҳу осоиш дар мамлакат ва таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи сатҳҳои ҷомеа мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4-уми сентябри соли 2006 дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон – Баҳористон» ширкат варзида, бо пахши тугмачаи дастгоҳи паҳнкунандаи мавҷи телевизионӣ фаъолияти ТВ «Баҳористон»-ро оғоз бахшиданд.
1-уми марти соли 2016 бо иштироки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» ба фаъолият оғоз намуд. Аз ин ба баъд бинандаи тоҷик имконият пайдо кард, то бо рӯйдодҳои олами варзиши мамлакат ва ҷаҳон шинос шуда, рафти онҳоро мунтазам пайгирӣ намояд. Ҳадафи дигар аз таъсиси шабакаи давлатии телевизионии «Варзиш» муаррифии наврасону ҷавонони болаёқати варзишгар, оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолии кишвар мебошад.
Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» шабакаи телевизионии давлатӣ мебошад, ки барномаҳои он аз 1-уми марти соли 2016 дар тамоми қаламрави Тоҷикистон қобили тамошо буда, дар кишварҳои дигар тавассути телевизиони ноқилӣ ва интернет дастрас аст.
Мақсад ва вазифаҳои асосии телевизиони «Синамо» таъмини аҳолии Тоҷикистон бо филмҳои гуногунжанри миллӣ, паҳнкунӣ ва намоиши филмҳо, нигоҳдорӣ ва инкишофи заминаи моддию техникии кино, гузарондани кинофестивалҳо, ширкат дар кинофестивалҳо ва дигар чорабиниҳои байналмилалии синамогарон, тайёр намудани мутахассисони соҳа мебошад.
ТВ «Шаҳнавоз» 13-уми ноябри соли 2017 ба фаъолият оғоз кард аз 16-уми ноябри соли 2021 ҳамчун Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии «Шаҳнавоз» фаъол аст. Шабакаи мазкур ба таҷҳизоти рақамӣ таъмин буда, ҳаҷми пахши барномаҳояш 24 соатро дар бар мегирад. Телевизион ба воситаи моҳвора ба шабакаи ҷаҳонӣ пайваст буда, дар мамолики дигар ба воситаи ширкатҳои кабелӣ, моҳвора ва интернет дастрас аст.
Бахшида ба Рӯзи илми тоҷик 14-уми апрели соли 2021 Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» ба фаъолият оғоз намуд.
1-уми апрели соли 2022 бошад, бо мақсади инкишоф додани иқтидори воқеии шаҳру деҳот, муаррифии манзараҳои зебои кишвар, мавзеъҳои сайёҳӣ, маконҳои таърихӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷумҳурӣ Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба фаъолият шуруъ кард. Аз 1-уми сентябри соли 2022 бо пайваст шудан ба моҳвораи ЯҲСАТ, мавҷи Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар давлатҳои хориҷӣ низ дастрас гардид.
Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар асоси дастуру супоришҳо ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тарғибу ташвиқи имконияти сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, мусоидат ба рушди бемайлони ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари барои сайёҳӣ мувофиқу дорои фарҳангу ҳунари волои таърихӣ таъсис ёфт.
Шабакаи телевизионии «Футбол» 21-уми феврали соли 2017 ифтитоҳ ёфта, нахустин шабакаи махсусгардондашудаи телевизионӣ дар Тоҷикистон мебошад. Он ба таҳияву тадвини барномаву гузоришҳо доир ба яке аз намудҳои дӯстдоштатарини варзиш – футбол, бахшида мешавад ва барномаҳои худро дар формати муосири телевизионии шаффофияташ баланди HD пахш менамояд. Муассиси он Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад.
Телевизион дар Тоҷикистон на танҳо воситаи фароғат, балки мактаби муҳим дар рушди маърифат, фарҳанг ва худогоҳии миллӣ мебошад. Он ба таъмини иттилооти дақиқу саривақтӣ, таҳкими ваҳдат ва худшиносии миллӣ ва инкишофи маърифати ҷомеа мусоидат менамояд. Шабакаҳои телевизионӣ ҳамарӯза рӯйдодҳои минтақа ва ҷаҳонро инъикос намуда, яке аз манбаъҳои боэътимод барои мардум ба ҳисоб мераванд.
Барномаҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва миллии телевизионҳои Тоҷикистон дар муаррифии мероси ғании тоҷикон нақши муҳим доранд, ки ин ҳама аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Фирдавс НИЁЗӢ,
номзади илмҳои филология
