ХУДШИНОСӢ. МУҲИМТАРИН ОМИЛИ МУҚОВИМАТ БО ЭКСТРЕМИЗМ
Экстремизм ва терроризм падидаи номатлуб, хушунатомезу тахрибкор буда, пеш аз ҳама, ба мафкураи инсон, ҷаҳонбинӣ ва ҳувияти шахс таҳдид дорад. Гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ бо истифода аз усулҳои гуногун кӯшиш доранд, то ҳисси муҳаббат ба Ватан ва миллатро дар шахс коҳиш диҳанд, наврасону ҷавононро аз решаҳои таърихиву фарҳангии ниёгони хеш ҷудо намоянд, ҳувияти миллиро бо ҳувияти ифротӣ иваз намуда, дар умқи қалбу шуури онҳо ҷойгир созанд.
Ҷомеашиносон таъкид доранд, ки экстремизм ва терроризм худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашариро дар замири наврасону ҷавонон коҳиш медиҳад. Хусусан, ҷавонони сустирода, тафаккури миллиашон ташаккулнаёфта, бештар зери таъсири таблиғотии ифротгароён қарор гирифта, ба доми гурӯҳҳои террористӣ кашида мешаванд.
Ҷавонони худшинос ва огоҳ аз решаҳои таърихиву фарҳангии хеш тафаккури ифротиро, ҳатто, дар тасаввури хеш ҷо намедиҳанд. Аз ин ҷост, ки таҳкими худшиносии миллӣ сипар аз ифротгароён аст. Яке аз омилҳои муҳими ба доми гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ кашида шудан – надонистани арзиши воқеии арзишҳои миллӣ мебошад.
Ҷиҳати табдили худшиносии миллӣ ба усули муассири муқовимат бо экстремизм ва терроризм роҳандозии тадбирҳои таъхирнопазир муҳим аст. Зинаи аввали он таҳкими тарбияи ватандӯстӣ дар оила ва мактаб мебошад, зеро оила ва мактаб ниҳоди муҳими ташаккули шахсият мебошанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» заминаи ҳуқуқии ин равандро мустаҳкам намуда, самтҳои асосии онро муайян кардааст. Дар ин Қонун зикр шудааст, ки тарбияи ватандӯстӣ бояд ба ташаккули шахсияти дорои ҳисси баланди ифтихори миллӣ, масъулиятшиносӣ ва омодагӣ ба ҳимояи Ватан нигаронда шавад. Муқаррароти мазкур дар тарбияи наврасону ҷавонон аз ҷониби волидону омӯзгорон бояд афзалият дошта бошад.
Зинаи дуюм, ба назари мо, омӯзиши амиқи таърих ва фарҳанги миллиро ташкил медиҳад, зеро ҳар саҳифаи таърихи мо ибратомӯз ва ифтихорангез аст. Наврасону ҷавонон бояд таърихи пурифтихори хешро донанд, саҳми бузурги ниёгонро дар инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ дарк намоянд, аз баҳри беканору сабақомӯзи адибону мутафаккирон панд гиранд. Ба ин васила, ифтихори миллӣ инкишоф меёбад ва дар қалбҳо маъво мегирад.
Зинаи сеюм поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ аст. Ҳифзи покии забон, бунёди тоҷикии дунёи кӯдакон, ташвиқи истифодаи забони адабӣ худшиносии миллиро таҳким мебахшад.
Зинаи чорум муқовимат бо гурӯҳҳои ифротӣ дар фазои интернетӣ аст, зеро шабакаҳои иҷтимоӣ майдони асосии тарғибгарони гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ аст. Дар ин самт оқибатҳои экстремизм ва терроризм, хатару таҳдидҳои он ба миллат ва давлат бояд нишон дода шавад. Инчунин, миллатдӯстӣ ва ватандӯстӣ бояд пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ ташвиқу тарғиб гардад. Малакаи истифодабарандагони интернет дар самти муайян намудани иттилооти дурӯғу сохта ва аслу воқеӣ ташаккул дода шавад.
Зинаи панҷум пур кардани фазои холии наврасону ҷавонон бо ҷалби онҳо ба омӯзиш, варзиш, санъат ва ҳунармандӣ аст.
Наврасону ҷавонон танҳо дар сурати дарки амиқи ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиву фарҳангӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ иқтидори муқовимат бо гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористиро пайдо мекунанд.
Р. ШОКИРОВА, омӯзгори МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»
