МУЛОҚОТИ СИРОҶИДДИН ИКРОМӢ БО ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ШУРОИ ХИЗМАТРАСОНИИ МОЛИЯВИИ ИСЛОМӢ
Чанде қабл муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо ҳайати намояндагони Шурои хизматрасонии молиявии исломӣ (Islamic Financial Services Board) таҳти роҳбарии муовини Дабири кулли ин ниҳод Абдулло Ҳорун мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди низоми молияи исломӣ, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии он, тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самти танзиму назорати хизматрасониҳои суғуртавӣ, бахусус омӯзиш ва роҳандозии суғуртаи исломӣ (такафул)-ро, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сироҷиддин Икромӣ зимни суҳбат таъкид намуд, ки дар шароити рушди босуръати низоми молияи ҷаҳонӣ ва тавсеаи хизматрасониҳои молия ва бонкдории исломӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ аҳамияти махсус дошта, омӯзиши таҷрибаи пешрафта метавонад ба рушди танзиму назорати молияи исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварад.
Зикр гардид, ки таҷрибаи мазкур аз нигоҳи фарогирии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявии расмӣ таъсири мусбат расонда, ба мукаммал гардидани инфрасохтори низоми молиявии кишвар, коҳиш ёфтани иқтисодиёти пинҳонӣ ва ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
“Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2010 инҷониб ба узвияти Шуро қабул гардида, то ба имрӯз бо он ҳамкории судманд ба роҳ мондааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2014 барои рушди бонкдории исломӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст ва имрӯз яке аз масъалаҳои мубрами ҳалталаби он рушди суғуртаи исломӣ маҳсуб мегардад.
Аз ин рӯ, ташаккул ва танзиму назорати фаъолияти ташкилотҳои суғуртавии исломӣ дар кишвар муҳим арзёбӣ гардида, барои коҳиш додани хавфҳои молиявию тиҷоратии бахшҳои иқтисоди миллӣ ва таъмини устувории бозори молиявӣ мусоидат менамояд”, - иброз дошт Сироҷиддин Икромӣ.
Муовини Дабири кулли Шурои хизматрасонии молиявии исломӣ Абдулло Ҳорун ба рушди низоми суғурта дар кишвар баҳои мусбат дода, аз омодагии ин ниҳод барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рушди низоми молияи исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
ХОВАЛИНГ. ДЕҲАИ ЛОҲУТӢ СЕРОБ ШУД
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, махсусан ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар баробари шаҳру навоҳӣ, деҳот низ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат обод шуда истодаанд.
Тавре Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ, котиби матбуотии раиси вилояти Хатлон ба хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, дар доираи сафари кории Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Лоҳутӣ хатти нави оби нӯшоӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Лоиҳа бо маблағгузории Агентии Швейтсария оид ба рушди байналмилалӣ, Фонди Оғохон ва саҳми соҳибкорону сокинон амалӣ гардид. Ҳаҷми ҳавзи захиравии об 200 метри мукаабро ташкил намуда, дарозии қубурҳо 52 ҳазору 235 метрро дар бар мегирад ва 398 хоҷагӣ бо об таъмин мешавад.
Зимни ифтитоҳи иншоот, раиси вилоят таъкид намуд, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо самараи сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат буда, ҷиҳати баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва рушди инфрасохтори деҳот нақши муҳим доранд.
Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”
