«СУҒД – 2026»: ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ҶАЛБИ САРМОЯ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР
Тоҷикистон таҳти сиёсати созанда ва иқтисодмеҳвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба марҳалаи нави рушди иқтисодиву саноатӣ ворид гардидааст. Дар ин раванд баргузории форуму намоишгоҳҳои байналмилалӣ ҳамчун воситаи муассири муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ аҳамияти махсус касб менамояд.
Дар ҳамин замина, дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд – 2026» дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ таҳти унвони «Имкониятҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва дурнамои рушди иқтисодӣ» Форуми байналмилалӣ баргузор гардид. Дар кори Форум раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, роҳбарони институтҳои молиявӣ, сафирони давлатҳои хориҷӣ, шарикони рушд ва ҳайатҳои расмӣ аз минтақаҳои гуногуни мамлакат, инчунин, намояндагони кишварҳои ҳамсоя ва Федератсияи Россия иштирок намуданд.
Форум бо сухани ифтитоҳии муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ оғоз гардида, мавсуф аз таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоя, рушди соҳибкорӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ меҳмонон ва иштирокдорони Форумро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки вилояти Суғд имрӯз яке аз минтақаҳои пешсафи иқтисодии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дар рушди саноат, содирот ва соҳибкорӣ саҳми назаррас дорад.
Раиси вилоят баргузории Форумро омили муҳими таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки чунин чорабиниҳо барои пайдо кардани шарикони нав, таъсиси корхонаҳои муштарак, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва афзоиши иқтидори содиротии мамлакат мусоидат мекунанд.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, сафирони давлатҳои хориҷӣ, соҳибкорону сармоягузорон ва ҳайатҳои расмӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва дигар давлатҳо иштирок карданд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
