ҶАББОР РАСУЛОВ. АВҶИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НОҲИЯ

30 июн 2026, Сешанбе
1


Неъмати рӯйи дунё бисёр аст, вале беҳтар аз озодиву якдилӣ неъмате нест. Дар таърихи давлатдории мо истиқлоли давлатӣ дастоварди бузург ба ҳисоб меравад. Истиқлоли давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин ва сатҳи некуаҳволии мардум беҳтар гардад.


Дар ҳақиқат, бо дастёбӣ ба ин неъмати волотарин, ки барои мо азизу муътабар аст, ба ин рӯзҳои нек расидем. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Ҷаббор Расулов ба комёбиҳои назаррасе ноил гардид, ки назир надорад. Дар тули ин солҳо симои ноҳия куллан тағйир ёфта, зиндагии мардум беҳтар гардид. Имрӯзҳо мардуми сарбаланди ноҳия дар талоши онанд, ки Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро сазовор пешвоз гиранд.
Бо мақсади татбиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми марти соли 2022, №АП-188 “Дар бораи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳия нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шудааст, ки аз 600 банд иборат аст. Боиси хушнудист, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорони ватандӯст нақша пурра иҷро шуда, нақшаи иловагӣ иборат аз 100 банд тасдиқ гардид. Айни ҳол аз 100 банди иловагӣ 60-тоаш пурра иҷро шуда, боқимонда дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо аҳолӣ корҳои ободонию созандагӣ дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳия бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ оғоз гардиданд, ки ин иқдоми саривақтӣ мебошад. Ҳамзамон, сохтмони бинои иловагии Кӯдакистони №9-и деҳоти Сомониён, Кӯдакистони замонавӣ дар деҳоти Гулхона, биноҳои истиқоматии баландошёна ва 3 тӯйхона дар маркази шаҳраки Меҳробод, бинои нави маъмурии ноҳия, бинои филиали КВД “Тоҷиксуғурта”, 4 синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №26, воқеъ дар деҳоти Сомониён, 12 синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №15-и деҳоти Деҳмой, кӯдакистони хусусӣ дар деҳаи Қурғончаи деҳоти Ҳаёти Нав, корхонаи ҶДММ “Файзи Расул” барои истеҳсоли хӯроки чорво, корхонаи хиштбароии ҶДММ “Хишти Ганҷ” идома дошта, то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода хоҳанд шуд.
Тозаю озода кардани кӯчаю маҳаллаҳо, деҳоту шаҳракҳо, соҳили дарё, шафати шоҳроҳҳо, гулшинонию ниҳолшинонӣ, рангубор намудани намои биноҳои ҷамъиятиву хусусӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Мардуми шарифи ноҳия бо заҳмати софдилона муҳаббат ва садоқати худро нисбат ба Ватани азизамон изҳор менамоянд. Бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ ва шароити мусоид пайваста мекӯшанд, ки барои пешрафту тараққиёти Тоҷикистони маҳбубамон бо неруи хирад ва заковати хеш саҳмгузор бошанд.
Бигзор истиқлоли кишвар пояндаву халқи тоҷик сарбаланд бошад.


Фарҳод ҚУРБОНОВ,
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов

Санаи нашр: 30.06.2026 №: 126