ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ САНЪАТИ МЕЪМОРӢ

30 июн 2026, Сешанбе
2


Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷаҳон масъалаҳои ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърих ва фарҳанги миллӣ аҳамияти бештар касб менамоянд. Имрӯз ҳар як давлат барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини рушди устувори ҷомеа, пеш аз ҳама, ба неруи маънавии шаҳрвандони худ такя мекунад. Ин неруи маънавӣ бошад, аз эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, донишмандӣ ва ахлоқи ҳамида сарчашма мегирад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки ояндаи давлат аз сатҳи маърифат, худшиносӣ ва ватандӯстии шаҳрвандон вобастагии мустақим дорад. Дар ҳақиқат, таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки давлатҳое ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидаанд, ки шаҳрвандони онҳо дорои ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худогоҳӣ ва муҳаббат ба Ватан будаанд.
Ватандӯстӣ танҳо муҳаббат ба сарзамин нест. Ватандӯстӣ ин масъулият дар назди миллат, ҳифзи манфиатҳои давлат, эҳтиром ба қонун, арҷгузорӣ ба таърих ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа мебошад. Агар ҳар як шаҳрванд фаъолияти касбии худро бо масъулияти баланд иҷро намояд, ин худ намунаи олии ватандӯстӣ маҳсуб мегардад. Омӯзгор тавассути таълиму тарбия, муҳандис тавассути навоварӣ, духтур тавассути ҳифзи саломатии мардум ва меъмор тавассути офаридани муҳити созгор барои зиндагии инсонҳо дар рушди Ватан саҳм мегузоранд.
Дар ин замина, нақши меъморӣ ва шаҳрсозӣ низ хеле бузург аст. Меъморӣ танҳо сохтмони биноҳо нест. Он оинаи фарҳанг, таърих ва ҷаҳонбинии миллат мебошад. Ҳар як ёдгории меъморӣ саҳифае аз таърихи миллатро таҷассум намуда, ба шаҳрвандон ҳисси ифтихор аз гузаштаи пуршарафи халқро мебахшад.
Бинобар ин, махсусан меъморони ҷавон, вазифадоранд, ки ҳангоми тарҳрезии иншоот арзишҳои миллиро бо дастовардҳои меъмории муосир ҳамоҳанг намоянд, зеро ҳифзи симои миллӣ дар меъморӣ яке аз роҳҳои муҳими нигоҳдории ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ мебошад.


Роҳатҷон НИЗОМАДИНОВА,
омӯзгори ДПДТТХ ба номи академик М.С. Осимӣ

Санаи нашр: 30.06.2026 №: 126