КОНФРОНСИ 3-ЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ

30 июн 2026, Сешанбе
0

Бо мақсади иштирок ва мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар Конфронси 3-юми байналмилалии технологияҳои иттилоотӣ таҳти унвони «Ташаббуси Иссиқкӯл оид ба масъалаҳои гумрукӣ», ки дар шаҳри Чолпон-Атаи вилояти Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, ҳайати намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.


Зимни Конфронс масъалаҳои мубрами рақамикунонии расмиёти гумрукӣ, такмили механизмҳои ҳамкории электронии байниидоравӣ, татбиқи принсипи «Равзанаи ягона», истифодаи низомҳои идоракунии хавфҳо, технологияҳои зеҳни сунъӣ ва таҳлили маълумоти бузург дар фаъолияти мақомоти гумрук, инчунин, табодули байналмилалии маълумоти пешакӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокдорон ба рушди экосистемаи рақамии гумрукӣ ҳамчун муҳити ягонаи ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, ширкаткунандагони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, интиқолдиҳандагон, операторони анборҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдор тавассути технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Дар рафти ҳамоиш намояндагони давлатҳои иштирокчӣ вобаста ба ҷорӣ кардани декларатсиякунонии электронӣ, автоматизатсияи равандҳои назорати гумрукӣ, такмили механизмҳои идоракунии хавфҳо, таъмини амнияти иттилоотӣ ва рушди хизматрасониҳои рақамӣ табодули таҷриба намуданд.
Ҳамзамон, таҷрибаи як қатор кишварҳо дар самти ҳамгироии низомҳои иттилоотии мақомоти гумрук бо мақомоти андоз ва бонкҳои марказӣ, инчунин, татбиқи механизмҳои пешрафтаи баҳодиҳии иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ҷолиби диққат арзёбӣ гардид.
Боиси зикр аст, ки чунин ҳамгироӣ на танҳо барои санҷиши пардохтҳо, балки барои ташаккули профили хавфи иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ низ истифода мешавад. Дар доираи ин раванд маълумот оид ба таърихи фаъолияти ширкатҳо, интизоми андозсупорӣ, фаъолияти иқтисодӣ ва дигар нишондиҳандаҳои хавф ба таври автоматӣ таҳлил гардида, дар асоси он сатҳи эътимоднокии субъект муайян карда мешавад.
Ба андешаи мутахассисон, омӯзиши имконияти татбиқи чунин механизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба ошкорсозии саривақтии ширкатҳои якрӯза, баланд бардоштани самаранокии низоми идоракунии хавфҳо ва таҳкими шаффофияти фаъолияти иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мусоидат намояд.
Зикр гардид, ки барои субъектҳои навтаъсис ё ширкатҳое, ки таърихи фаъолияти маҳдуд доранд, сатҳи назорат баландтар муайян шуда, барои ширкатҳои боэътимод ва риоякунандаи талаботи қонунгузорӣ дараҷаи хавф тадриҷан коҳиш меёбад. Ин равиш имкон медиҳад, ки хавфҳои эҳтимолӣ ҳанӯз дар марҳалаи пешниҳоди маълумоти пешакӣ ё пур намудани декларатсияи транзитӣ муайян гардида, самаранокии назорати гумрукӣ баланд бардошта шавад.
Таъкид шуд, ки таҷриба ва маводҳои дар доираи Конфронс бадастомада метавонанд дар раванди такмили минбаъдаи низомҳои иттилоотӣ ва хизматрасониҳои рақамии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, татбиқи чорабиниҳои марбут ба рақамикунонии соҳаи гумрук мавриди истифода қарор гиранд.


ҚОЧОҚ. БОЗДОШТИ 2000 ҚУТТИИ ТАМОКУ
Кормандони шуъбаи раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми июни соли 2026 зимни баргузории амалиёти гумрукӣ дар маҳаллаи Чорбоғи шаҳри Душанбе миқдори зиёди маҳсулоти тамокуии ғайриқонуниро ошкор намуданд.
Ҳангоми боздошт ва санҷиши автомошинаи тамғаи «Toyota Sienna» рақами қайди давлатиаш 2183DP01 4 қуттӣ маҳсулоти тамокуӣ дарёфт гардид. Дар ҳар қуттӣ 50 баста (блок) ва дар маҷмуъ, 2000 қуттича тамокуи тамғаи «MILANO LONDON», истеҳсоли Амороти Муттаҳидаи Араб мавҷуд буд.
Муайян гардид, ки маҳсулоти мазкур бе ҳуҷҷатҳои воридотии гумрукӣ ва бе тамғаҳои аксизӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст.
Зимни санҷиш маълум шуд, ки тамокуҳои ошкоршуда ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозимов Муҳаммадолим Тоирович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд тааллуқ доранд.
Номбурда дар баёноти худ зикр намудааст, ки ин маҳсулоти тамокуиро аз як шахс ба ивази қарз ба маблағи 1500 доллари ИМА қабул карда, бо мақсади фурӯш ба шаҳри Душанбе интиқол додааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур корҳои санҷишӣ ва муайян намудани ҳамаи ҳолатҳои қазия идома доранд.


ГУМРУК. РАҚАМИ ҚАЛБАКИИ ДАВЛАТИИ ВОСИТАИ НАҚЛИЁТ ОШКОР ШУД
Аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо кормандони гумруки ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ҳолати ворид намудани ғайриқонунии рақами қайди давлатии воситаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор гардид.
12-уми июни соли 2026 зимни гузарондани чорабиниҳои санҷишӣ ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои воридоту содироти ғайриқонунии молу маҳсулот тавассути ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», дар хатсайри №202 самти «Москва – Душанбе» як адад бағоҷи мусофир Екатерина Шарифова, соли таваллудаш 1976, мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Ҳангоми азназаргузаронии бағоҷ аз он як ҷуфт рақами қайди давлатии воситаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами «TJ 0888 DM 01» дарёфт гардид.
Бино ба хулосаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рақами мазкур аслӣ набуда, аз рӯйи сифати металл, ҷойгиршавии рақамҳо ва ҳарфҳо, чопи голографӣ, мавҷуд набудани штрих-код дар қисми қафо ва дигар аломатҳои муҳофизатӣ аз рақамҳои расмии аз ҷониби мақомоти БДА додашаванда фарқ мекунад.
Бо ба назаргирифтани ҳолатҳои ошкоршуда ва дар асоси маводи ҷамъоваришуда, 25-уми июни соли 2026 аз ҷониби прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон бо аломатҳои моддаи 2121 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Парвандаи мазкур барои гузарондани тафтиши пешакӣ ба шуъбаи корҳои дохилӣ дар хатти фурудгоҳи шаҳри Душанбе ирсол гардидааст.


Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 30.06.2026 №: 126