ФАРЗОНАФАРЗАНД
![]()
Воқеан, мантиқӣ ва хеле одилона аст, ки аҳли зиёи кишвар, хоса солҳои охир, дар роҳи бозтоби хизматҳои мондагори Пешвои муаззам, меъмори давлатдории навини миллии тоҷикон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гомҳои устувортаре гузошта, дар бораи мактаби ҷасорату мардонагӣ, сиёсатмадорӣ, бунёдкорӣ, қонунофарӣ, самимияту саховатмандӣ ва дурандешиву фарҳехтагии ин абармард таълифоти бештар ба ганҷхонаи таърих эҳдо мекунанд.
Аммо дар баробари ин, паҳлуи дигар ва ниҳоят муҳиме аз фаъолияти ин шахсияти таърихсоз низ ҳаст, ки ба андешаи ин ҷониб ҳанӯз камтар мавриди таҳлилу ташвиқ қарор гирифтааст. Ин соҳибмактабии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи фарзанд аст, ки метавонад ҳамчун намунаи ибрат ташвиқу тарғиб гардида бошад. Танҳо ёдовар шудан аз фаъолияти пурмаҳсул ва самаровари Рустами Эмомалӣ ҳамчун Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва раиси шаҳри Душанбе моро ба воқеияти ин гуфта муътақид мекунад.
Гузашти вақт собит сохт, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ, бо вуҷуди ҷавонии худ, дар ҷодаи сиёсат комёбу муваффақанд. Мавсуф дар ҳамаи зинаҳои фаъолият масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ ва ташаббускориро меҳвар қарор дода, дар ин ҷода борҳо шогирди содиқ ва сарсупурда ва номбардори мактаби сиёсии Пешвои муаззами миллат буданашонро собит сохтаанд. Бо итминон метавон гуфт, ки қаҳрамони матлаб ба сифати дастпарвари мактаби Пешвои миллат аз имтиҳони ҷиддӣ гузашта, ба дастовардҳои беназир ноил мешаванд.
Ин дастовардҳо сабаб шуданд, ки дар идораҳое чун Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Хадамоти гумрук ва дар қалби Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд оянд.
Бамаврид аст, ки аз фаъолияти муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Хадамоти гумруки мамлакат ёдовар шавам. Таъсиси комиссия оид ба гузарондани озмун барои хизмат дар мақомоти гумрук, пурзӯр намудани интизоми хизматӣ, дур намудани ашхоси тасодуфӣ аз мақомот, вусъат бахшидани санҷишҳои хизматӣ, барзиёд иҷро шудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, густариши раванди ошкоршавии қонунвайронкуниҳои гумрукӣ ва ғайра аз ҷумлаи пешравиҳое буданд, ки бо таъин гардидани муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба вазифаи сардори Хадамоти гумрук рӯйи кор омаданд.
Тайи ин муддат қаҳрамони матлаб таҷрибаи хуби корӣ ва муҳимтар аз ҳама, эътимоду бовари халқро ба даст оварданд. Тамоми қишрҳои ҷомеа ӯро ҳамчун роҳбари одилу қонунмеҳвар, шахсияти ба арзишҳои инсонӣ, милливу давлатӣ бениҳоят содиқу арҷгузор эътироф менамоянд.
Бамаврид аст аз саҳми мавсуф дар рушди парламентаризми муосири тоҷик ёдовар шавем. Маҳз ба шарофати муҳтарам Рустами Эмомалӣ Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ на танҳо дар дохил, балки дар хориҷи кишвар низ нуфузу эътибори хосаро соҳиб гардид. Дар ин замина, робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ бесобиқа рушду тавсеа ёфта, ибтикори амалишуда ифодагари намояндагӣ, шаҳодати таври шоиста муаррифӣ гардидани кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва ҷасурона ҳимоя намудани манфиатҳои миллӣ маҳсуб мешавад. Барои тақвияти андеша месазад аз Консепсияи рушди муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ давоми солҳои 2020 – 2024 ёдовар шавем, ки дар заминааш гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо парламентҳои 18 кишвари дуру наздик таъсис ёфтанд.
Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳия гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» низ дастоварди арзанда маҳсуб мешавад. Лозим ба ёдоварист, ки аз тарафи Ҳукумати мамлакат як қатор қонунҳо, консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шуда буд, ки дар онҳо тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон меҳвариянд.
Пойтахти ин Ватани маҳбуб – шаҳри Душанбе, дар заминаи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масъулиятшиносиву поквиҷдонии раиси ҷавонаш муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба шаҳри орзуҳо мубаддал гардида, ободониву гулпӯшии он бомаром идома дорад.
Дастовардҳои муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сифати раиси шаҳри Душанбе зиёданд. Бо ибтикори роҳбари ҷавони шаҳр нақшаи дурнамои ба ҷойи биноҳои камошёнаи дар ҳолати садамавӣ қарордошта бунёд намудани биноҳои замонавӣ тартиб дода шуда, он давра ба давра амалӣ гашта истодааст. Илова бар ин, сохтмони инфрасохтори шаҳр, маҷмааҳои шаҳрофар, иншооти варзишӣ, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва майдонҳо мутобиқи Нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе босуръат идома доранд.
Тайи нуҳ соли охир дар доираи иқдомҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти Ватани азизамон ҷиҳати бо набзи замон мутобиқ намудани тамоми инфрасохтор як қатор корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Касе инкор карда наметавонад, ки тайи ин муддат дар заминаи эъмори роҳҳои бисёрқабата, бунёди истгоҳҳои замонавӣ, мавриди истифода қарор додани нақлиёти замонавии ҷамъиятӣ, таҷдиду барқарорсозӣ ва иваз намудани хатҳои интиқоли неруи барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, бунёди теъдоди зиёди корхонаҳои саноатӣ, сохтмони иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, муассисаҳои таълимию тиббӣ, маҷмаа ва майдончаҳои варзиш, боғу гулгаштҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайра шаҳри Душанбе таври тасаввурнопазир тағйир ёфт.
Давоми нуҳ соли охир бо ҳафт шаҳри ҷаҳон: Чиндао, Ашхобод, Остона, Боку, Исломобод, Хайнан ва Давҳа бародаршаҳр шудани Душанбе дастоварди дигари арзандаи ситоиш аст. Баргузории 26 чорабинии варзишӣ, аз ҷумла мусобиқаҳои расмии байналмилалӣ, аз ибтикоре мебошанд, ки ҷиҳати муаррифии кишвар бо ташаббуси муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ гардид.
Баргузории Фестивали байналмилалии «Наврӯзи Душанбе», Фестивали «Оби Душанбе», Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ», Форуми байналмилалии «Душанбе – шаҳри имконоти рушди кӯдакон», Фестивали байналмилалии фарҳангии кӯдакону наврасон «Шукуфаҳои пойтахт» ва дигар чорабиниҳову мусобиқаҳои варзишии сатҳи баланд ибтикоре мебошанд, ки бо ташаббуси муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ҷалби бештари сайёҳон амалӣ гардиданд.
Боиси ифтихор аст, ки шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) пазируфта шуда, соли 2018, тибқи натиҷаҳои назарпурсии Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия, пойтахти Тоҷикистон ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил шуд. Зимнан, шаҳри Душанбе дар қатори даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарин аз рӯйи таъмини амнияти шабона эътироф гардид, ки барои рушду инкишофи соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат мусоидат менамояд. Ҳамчунин, дар яке аз ҷаласаҳои Шурои сарварони давлатҳои аъзои ИДМ дар бораи соли 2021 ба пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе додани мақоми шаҳри фарҳангии ИДМ қарор қабул гардид.
Дар матлабе навишта будам, ки Душанбе шаҳри ободон ва дурдонаи мамлакат буда, масъулиятшиносии раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ онро муҷалло намудааст. Гузашти вақти на он қадар зиёд дурустии ин гуфтаро тақвият бахшид. Мутмаинам, ки ба шарофати ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, қонунмеҳварӣ ва завқи волои муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастовардҳо боз ҳам афзун ва шаҳри Душанбе зеботар мешавад.
Далер АБДУЛЛО,
муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум”,
номзади илмҳои сиёсӣ
