Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ нақши занон дар ҷомеа таҳким ёфтааст
30-юми июн дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оила таҳти унвони «Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ барои татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ҳамоиш баргузор шуд.
Зикр гардид, ки дар натиҷаи татбиқи пайгиронаи Стратегия ва дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар, нақши занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таҳким ёфтааст. Аз ҷумла, шумораи занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда афзуда, имкониятҳои таҳсил барои духтарон тавассути Квотаи президентӣ васеъ гардид. Ҳамзамон, занон бо дастгирии грантҳои президентӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб шуда, сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо тавассути барномаҳои омӯзишӣ баланд бардошта мешавад.
Занони Бадахшон ҷонибдори ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат
Дар робита ба қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ оид ба эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони "Занони Бадахшон – ҷонибдори ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат" ҳамоиш доир гашт.
Гуфта шуд, ки бо сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо имрӯз ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускори масъалаҳои муҳими байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳон эътироф гардидааст. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат Тоҷикистон тавонист обрӯву нуфузи байналмилалии худро таҳким бахшида, дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла об, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор ва таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ, нақши арзанда гузорад.
Бонки ҷаҳонӣ марҳалаи дуюми маблағгузории НБО «Роғун»-ро тасдиқ намуд
Шурои гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ қарори навбатиро оид ба марҳалаи дуюми маблағгузории сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба маблағи 300 миллион доллари ИМА дар шакли грант тасдиқ намуд.
Таъкид гардид, ки лоиҳаи НБО «Роғун» дар меҳвари сиёсати рушди дарозмуддати Тоҷикистон қарор дошта, барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими суботи молиявӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор аҳамияти калидӣ дорад. Ҳамчунин, лоиҳа дар таҳкими устувории Тоҷикистон ба таъсири тағйирёбии иқлим нақши муҳим хоҳад гузошт.
ТОҶИКИСТОН – ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ
Ҳамкориҳо дар самти мубориза бо допинг тақвият меёбанд
Маркази миллии зидди допинги Тоҷикистон ва Агентии зидди допинги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расонданд, ки ба ҳамкориҳо дар самти мубориза бо допинг ва рушди варзиши пок нигаронда шудааст.
Санад ба такмили низоми назорати допинг, баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ равона гардидааст.
Озмоишгоҳи назорати допинги Институти илм ва технологияҳои Корея таҳлили намунаҳои допингро анҷом медиҳад, ки ба баланд бардоштани сифат ва самаранокии фаъолияти зидди допинг дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
ДАНҒАРА
Ҳамоиш ҷиҳати гиромидошти Ибни Сино
30-юми июн бо мақсади арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои илмию фарҳангии Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, тарбияи ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷавонон, дар ноҳияи Данғара таҳти унвони «Ман аслан тоҷики олитаборам» ҳамоиш баргузор шуд.
Иштирокдорон зимни баромадҳо оид ба саҳми бузурги Абуалӣ ибни Сино дар рушди илмҳои тиб, фалсафа, мантиқ, табиатшиносӣ андешаҳои хешро иброз доштанд. Зикр гардид, ки осори безаволи ин мутафаккири бузург то имрӯз ҳамчун сарчашмаи муҳими дониш мавриди омӯзиш қарор дошта, дар рушди илму маърифати башар нақши арзишманд доранд.
