ГӮШТӢ

02 июл 2026, Панҷшанбе
4


7 медали паҳлавонони навраси кишвар дар Чемпионати Осиё
27-уми июн дар шаҳри Патайаи Тайланд Чемпионати Осиё оид ба гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ миёни наврасони то 15-сола ва ҷавонони то 20-сола оғоз гардид, ки то 5-уми июл идома меёбад.
Се рӯзи аввал паҳлавонони наврас зӯрозмоӣ карданд ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба гирифтани 7 медал даст ёфт. Дар гӯштии тарзи озод Абубакр Қаҳоров дар вазни -48 кг ва Абубакр Ҳакимов дар вазни -68 кг ба гирифтани медали тилло мушарраф шуданд.
Дар гӯштии юнонӣ-римӣ бошад, Шамсиддин Инатуллоев (57 кг), Аловаддин Аловаддинзода (75 кг) сазовори медали тилло, Амриддин Қурбонов (62 кг) сазовори медали нуқра, Мирзоабубакр Урунов (44 кг) ва Юсуф Азимов (85 кг) сазовори медали биринҷӣ гаштанд.
Давоми панҷ рӯзи минбаъда ҷавонони то 20-сола барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.


ФУТБОЛ
Дар Душанбе Чемпионати CAFA оид ба футзал миёни бонувон доир гашт
Дар мусобиқа мунтахабҳои бонувони се кишвар – Тоҷикистон, Эрон ва Қирғизистон иштирок намуда, дар як давр бозӣ карданд.
Ғолиби Чемпионат мунтахаби бонувони Эрон гардид. Ин даста бар муқобили Қирғизистон бо ҳисоби 5:0 ва бар Тоҷикистон бо ҳисоби 8:1 пирӯз шуд. Мунтахабҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон якхолӣ ба даст оварданд, аммо бинобар беҳтар будани таносуби тӯбҳо мунтахаби Қирғизистон медалҳои нуқраро сазовор гашт. Тими бонувони Тоҷикистон бошад, медалҳои биринҷӣ гирифт.
Дар ҷамъбаст ба мунтахаби Тоҷикистон ҷоизаи махсус тақдим шуд. Мунтахаби Эрон бо ҷоизаи «Fair Play» қадр гардид. Унвони боарзиштарин бозигари мусобиқа насиби Марал Торкамон аз ҳайати мунтахаби Эрон, ҳамдастааш Фаришта Каримӣ нишонзани беҳтарини Чемпионат шуданд.


ФУТЗАЛ
«Соро компания» бори панҷум барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд
Дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2026 “Соро-компания” бар барандаи Ҷоми Тоҷикистон – дастаи «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд. Вохӯрии дастаҳо дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Голҳои «Соро компания»-ро Ҳуго Кардозо, Эрилсон Руан, Самандар Ризомов ва Идрис Ёров ба самар расонданд. Аз ҳайати «Сипар» бошад, Иқбол Воситзода, Муҳаммад Шарипов ва Марко Антонио муаллифи гол шуданд.


Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 01.07.2026 №: 127