ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАНҶ.  АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

ПАНҶ.  АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

06 феврал 2023, Душанбе
56
0
Ноҳияи Панҷ дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз байни дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳама зиёд хисорот дид. Деҳае, кӯчае набуд, ки зарар надида бошад, гирду атроф ҳама сӯхтаву валангор буданд. Баъди он ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба диёри азияткашидаамон сулҳ оварданд, мардум баҳри зиндагии осоиштаву серу пур камари ҳиммат баста, ба бартараф сохтани нишонаҳои ҳузновари кашмакашиҳои бемаънии дохилӣ пардохтанд. Дар як муҳлати кӯтоҳ хонаҳои замонавӣ, корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қомат афрохтанд, кӯчаҳо ороста гаштанду хиёбонҳои гулбасар оғӯши худ ба пешвози истироҳатгарон кушоданд. Бемуболиға дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои ҳикматбори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Панҷ хеле пеш рафта, ба як маъвои барои зисти мардум бароҳату созгор мубаддал гаштааст, - зикр кард зимни суҳбат бо хабарнигорони рӯзномаи “Ҷумҳурият” Зарифхӯҷа Шоҳиён, раиси ноҳияи Панҷ.  
ИҶРОИ БАРЗИЁДИ БУҶЕТ
- Дар натиҷаи татбиқсозии барномаҳои рушди деҳот, васеъ намудани заминҳои кишт, боғу токдорӣ, ба роҳ мондани таҷрибаи пешқадам дар соҳаҳои чорводорию парандапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ нақшаи қисми даромади буҷет иҷро шуд, - гуфт дар идомаи суҳбат раиси ноҳия. - Дар соли 2022 бояд ба буҷети маҳаллӣ 33 миллиону 742 ҳазор сомонӣ ворид мегардид. Хушбахтона, ин нақша барзиёд, яъне ба маблағи 33 миллиону 755,2 ҳазор сомонӣ (100,1%) таъмин шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 206,8 ҳазор сомонӣ бештар мебошад. Дар маҷмуъ, нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,3 дарсад иҷро гардид. Яъне, ба буҷет 43 миллиону 94 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 406,3 ҳазор сомонӣ зиёд аст. 
 
САРМОЯГУЗОРИҲОИ МУФИД
Имрӯзҳо дар ҳудуди ноҳия панҷ лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 5,7 миллион доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст, ки ҷамъи маблағи азхудшудаи онҳо 382,8 ҳазор доллари амрикоӣ ё 6,7 дарсади маблағи умумии лоиҳаҳоро ташкил медиҳад. 
 
ДАСТГИРИИ БОНКӢ, ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒ
Тибқи таҳлилҳо дар давоми соли 2022 аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ташкилотҳои хурди карздиҳӣ барои фаъолияти ҳама бахшу соҳаҳои ноҳия ва соҳибкорон 69,8 миллион сомонӣ ихтисос дода шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2021-ум 900 ҳазор сомонӣ зиёд аст.       
Тавассути бонкҳо аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ ва соҳибкорони алоҳида 26,7 миллион доллари ИМА интиқол дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 миллион  доллар  зиёд  мебошад.
 
АВҶУ БАРОРИ БУНЁДКОРИҲО 
Ба фаъолияти бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Панҷ баҳо дода, Зарифхӯҷа Шоҳиён иброз дошт, ки сари вақт иҷро кардани “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ барои солҳои 2021-2025” имкон фароҳам овард, ки  шаҳрсозӣ мутобиқи лоиҳаҳои муосир роҳандозӣ гардад. Дар ноҳия бештар ба бунёди иншооти бисёрошёна таваҷҷуҳ зоҳир мегардад ва имрӯз симои деҳаҳо бо роҳҳои калону мумфарш аз шаҳракҳо фарқ намекунанд. Барномаи мазкур бо маблағи 293,9 миллион сомонӣ 127 лоиҳаро дар бар мегирад, то 1-уми январи соли 2023-юм 48 лоиҳа бо маблағи 79,1 миллион сомонӣ ё 38 дарсад иҷро шудааст.
Ба шарофати Ҷашни умумимиллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таъмиру бунёди 232 иншоот дар нақша аст, то кунун 41 иншоот мавриди истифода қарор гирифт.
 
ХИДМАТРАСОНӢ ВА САВДО
Тибқи маълумоти омор, хизматрасонии пулакӣ дар соли 2022 ба 72 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба соли пеш 3,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Гардиши савдои чакана дар ҳамаи бахшҳо ба 239,3 миллион сомонӣ баробар шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 54,3 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 20,8 дарсадро ташкил медиҳад.  
 
ФАЪОЛИЯТИ МУТАВОЗИНИ  СОҲАИ САНОАТ 
- Пешвои муаззами миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳо ва суханрониҳои худ ҳангоми вохӯрӣ бо заҳматкашони мамлакат пайваста таъкид менамоянд, ки ба рушди соҳаи саноат афзалият диҳем ва корхонаю коргоҳҳои саноатӣ бунёд карда, аз ашёи хоми дар кишвар истеҳсолшуда маҳсулоти тайёр омода созем, тазаккур дод раис. – Бо ин мақсад маҷмуи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 141 миллиону 227,7 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 25 миллиону 34,7 ҳазор сомонӣ фузунтар аст. Истеҳсоли гӯшт 101,5 дарсад, нон ва маҳсулоти нонӣ 100,1,  маҳсулоти ширӣ 122,3, сангу шағал 164 дарсад таъмин гардид. Хишти сементӣ  371 ҳазор дона ва сафолакҳои ороишӣ 19 ҳазору 700 дона истеҳсол шуд, ки аз солҳои рафта хеле зиёданд. 
Ба ҳолати 1-уми январи соли 2023 дар ноҳия 12 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда, дар ин давра як корхонаи истеҳсоли регу шағал бо шаш ҷойи корӣ, як коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ ва ду коргоҳи дӯзандагӣ бо таъсиси 21 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.   
КИШОВАРЗӢ, ЧОРВОДОРӢ, ОБЁРӢ
- Соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 1 миллиарду 171,6 миллион сомониро ташкил дод, ки аз ҳамин давраи соли 2021-ум 80,8 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш ба 7,4 дарсад расид. 
Дар майдони 19 ҳазору 494 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузарондем, 58 ҳазору 183 тонна ғалладона, 63 ҳазору 141 тонна сабзавот, 27 ҳазору 290 тонна полизӣ, 14 ҳазору 270 тонна картошка, 10 ҳазору 967 тонна мева, 7 ҳазору 819 тонна гӯшт (бо вазни зинда), 30 ҳазору 363 тонна шир ва 9 миллиону 655,4 ҳазор дона тухми мурғ истеҳсол гардида ба фурӯш рафт. Барои зимистону фасли баҳор маводи зиёд захира шуд. 
Барои беҳтар гардидани ҳолати мелиоративии заминҳои корам корҳои муайянро ба сомон расонда, таъмиру барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ, тоза кардани шабакаҳои обдиҳӣ, заҳбуру заҳкашҳо, барқарорсозии иншооти обтақсимкунӣ дар муҳлатҳои муайян иҷро шуданд. Аз ҷумла, 46,4 километр шабакаҳои обтақсимкунӣ, 28,3 километр заҳбуру заҳкашҳо ба маблағи 305,4 ҳазор сомонӣ аз партовҳо тоза гардиданд, ки дар натиҷа ҳолати мелиоративии 231 гектар замин беҳтар гашт.    
Сокинони ноҳия аз дастовардҳои солҳои охир, бахусус аз рушди иқтисодиёт розӣ буда, дуогӯйи пойдории сулҳу субот дар Тоҷикистон ва ривоҷу равнақи ҳамешагии фаъолияти роҳбарони Ҳукумати мамлакат ҳастанд, инак, ҳарфи дили чанд нафари онҳоро бишнавед, - иброз дошт дар хотимаи суҳбат раиси ноҳия Зарифхӯҷа Шоҳиён.  
 
Мирзоқурбон Олимов, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Панҷ:
- Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои давлатӣ ва дастуру ҳидоятҳои муфиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои меъмории ноҳияи мо дар давоми чанд сол хеле зебо шуд, рушди аксар соҳаҳои муҳим ба таври дилхоҳ таъмин гардид. Якчанд иншооти арзиши лоиҳавиашон аз 10 то 15 миллион сомонӣ бунёд ёфтанд. Бояд рӯирост гӯям, ки сохтани чунин иншооти бузургро мо афсона мепиндоштем, афсона дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳақиқат шуд. 
 
Мирзонабот Гадоев, собиқадори матбуот:
- Мардуми ноҳияи Панҷ аз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр миннатдор ҳастанд, ки миллати парешони тоҷикро дубора сарҷамъ карда, ба ин гуна рӯзҳои хубу хуш, серию пурӣ, ободию ифтихор аз ҳар як гӯшаи зебои Ватан расонданд. Имрӯзҳо ободкорӣ авҷи тоза касб кардааст, ки аз ин мо шоду масрур ҳастем. Сад шукр, ба он сатҳи зиндагие, ки орзуи ҳар як фард аст, расидем.  
 
Каримҷон Файзизода, сокини Ҷамоати шаҳраки Панҷ:
– Дар замони соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бисёр иншооти муҳими соҳаҳои маорифу варзиш бунёд ёфтанд, аз ҷумла, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 барои 800 ҷойи нишаст бо тамоми шароити таълиму тадрис, варзишгоҳи замонавӣ барои 5 ҳазору 200 ҷойи нишаст, маҷмааи Нишон ва Парчами давлатӣ.  1-уми ноябри соли 2022 бо иштироки Пешвои муаззами миллат аввалин бинои панҷошёнаи истиқоматӣ дар маркази ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз ин рӯ, ман мегӯям, ки кош, барвақттар ба Истиқлоли давлатӣ мерасидем.
 
Диловар Холов, омӯзгор:
- Дар давоми солҳои охир бо роҳбарии Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактабу маориф ба таври беқиёс рушд кард, соҳа аз дастгирии бисёр бархӯрдор аст. Натиҷаи ҳамин дастгириҳост, ки давоми соли гузашта дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ 712 хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат варзида, дар ҷамъбасти олимпиадаҳои даври вилоятӣ 23 хонанда соҳиби роҳхат ба олимпиадаҳои даври ҷумҳуриявӣ шуда, 7 хонанда соҳиби медал, аз ҷумла 1  тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ гардид.                       
                     
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 06.02.2023 №: 29
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив