ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ИНСОНМЕҲВАРОНА
![]()
(Дар ҳошияи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»)
Дар шароити ташаккул ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин, густариши арзишҳои волои ҳуқуқӣ, аз қабили инсондӯстӣ яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати давлатӣ мавқеи калидӣ касб намудааст. Тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ ба таъмин ва ҳифзи онҳо равона шудааст.
Бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди Ҷашни Ваҳдати миллӣ ва ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» татбиқи амалии яке аз муҳимтарин талаботи Конститутсия маҳсуб меёбад.
Мавриди зикри хос аст, ки даврони соҳибистиқлолии кишвар то қабули ин Қонун 17 маротиба санадҳои марбут ба авф қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд. Инак, Қонуни мазкур 18-умин санаде ба ҳисоб меравад, ки аз ҷониби Роҳбари давлат ҷиҳати татбиқ намудани принсипи инсондӯстӣ ба имзо расид.
Ҳанӯз аз солҳои аввали интихоб гардидан ба ҳайси Сарвари давлат ташаббусҳои созандаву инсонмеҳваронаи Пешвои миллат эҳсос мегардад. Аз ҷумла, расидан ба Ваҳдати миллӣ, баргардондани муҳоҷирон ба Ватан, барқарор намудани сулҳу ризояти миллӣ, авф ва бахшиши шахсони ҷиноятсодиркарда далели гуфтаҳои болост. Ваҳдату осоиштагӣ ва сулҳи сартосарии Тоҷикистони азиз, ки бо тай намудани душвориҳои зиёд ва ба харҷ додани талошҳои бешумор ба даст омадааст, ба корномаи шахсияти намоёни сиёсати ҷаҳонӣ, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ доранд.
Дар арсаи байналмилалӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои башардӯстона дар самтҳои гуногун маҳбубияти хоса пайдо намуда, пешниҳоди навбатии Сарвари давлат дар хусуси қабули Қатъномаи махсуси СММ таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» ҳамчун иқдомоти шоиста ва беназир маҳсуб мегардад.
Шахсияти Роҳбари давлат дар дохили кишвар дар сатҳи миллӣ бо иқдомоти наҷибу созандаи бешумор мондагор арзёбӣ гардида, ин навбат бо пешниҳоди Пешвои миллат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул гардид, ки татбиқи он нисбат ба 18038 шахси содирнамудаи ҷиноят равона гардидааст.
Моҳиятан, дар асоси муқаррароти меъёрҳои Қонуни мазкур гурӯҳи шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои минбаъдаи ҷазо озод мегарданд ва ё барои бархе аз онҳо муҳлати ҷазо кам мешавад.
Вижагиҳои дигари ин Қонун дар он ифода меёбад, ки, мутобиқи он, шахсони аз беэҳтиётӣ ҷиноят содирнамуда, ба истиснои шахсоне, ки ҷинояти дар қисмҳои 4 ва 5 моддаи 212 Кодекси ҷиноятӣ пешбинишударо содир намудаанд, қатъи назар аз намуди ҷазои таъиншуда, ҳамчунин, шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои на чандон вазнин ва дараҷаи миёна ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум гардидаанд, ба истиснои шахсоне, ки ҷиноятҳои дар моддаҳои 7 ва 8 Қонуни мазкур пешбинишударо содир намудаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва аз адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд.
Ҳамин тавр, бо татбиқи моддаҳои 6 ва 9 Қонуни мазкур муҳлати ҷазои адонагардидаи 6733 нафар маҳкумшудагон кам мешавад. Дар баробари ин, Қонун маҳдудиятҳои татбиқи авфро низ пешбинӣ намудааст, ки онҳо, асосан, нисбат ба шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва ё махсусан вазнин маҳкум шудаанд, дахл дорад.
Шахсони тибқи Қонуни мазкур авфшуда аз ҷазои иловагӣ ва барқарор намудани товони зарари моддии бо кирдори ҷиноятӣ расондашуда озод намешаванд. Қонуни мазкур доғи судии шахсонеро, ки то қабули ҳамин қонун ҷиноятҳои на чандон вазнин ва дараҷаи миёнаро содир намудаанд, мебардорад.
Моҳияти чунин санадҳо дар он ифода меёбад, ки давлат дар баробари татбиқи принсипи ногузирии ҷавобгарӣ, ҳамзамон, арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро низ эътироф намуда, барои шахсони ба ислоҳшавӣ қодир бори дигар имконияти ба ҳаёти осоиштаи ҷамъиятӣ бозгаштанро фароҳам месозад. Аз ин лиҳоз, авф на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки таҷассуми иродаи сиёсӣ, инсондӯстӣ ва башардӯстонаи давлат буда, аз таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.
Дар пайванд ба ин нуктаҳо, ҳамзамон, маврид ба зикр аст, ки авфи маҳкумшудагон ва шахсони дигар (гумонбаршаванда, айбдоршаванда ва маҳкумшавандагон) ба тақвияти давлати ҳуқуқӣ ёрӣ мерасонад, зеро он нишон медиҳад, ки низоми адолат ва меҳвари инсондӯстӣ дар давлат побарҷой буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши олӣ доранд. Ҳамчунин, ин иқдом бовари шаҳрвандонро ба Ҳукумати кишвар ва Сарвари давлат тақвият мебахшад.
Дар ин маврид, инсонмеҳварии сиёсати давлатӣ дар он ифода меёбад, ки давлат ҳангоми татбиқи ҳокимияти худ на танҳо ба ҷазо ва маҳдудият, балки ба ҳифзи ҳуқуқ, шаъну шараф ва манфиатҳои қонунии инсон низ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.
Дар баробари ин, авфу бахшиш барои рушди ҷомеа таъсир расонда, ба пешравӣ ва таҳкими волоияти қонун заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар ин замина, авф на танҳо чун воситаи адолат, балки василаи эҷоди ҷомеаи инсондӯстона ва башардӯстона низ пазироӣ мегардад.
Таҷрибаи конститутсионии Тоҷикистон аз он далолат медиҳад, ки ташаббуси қабули қонунҳои авф, одатан, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегарданд. Аз ин рӯ, чунин санадҳо ҳамчун инъикоси иродаи сиёсии роҳбарияти давлат дар самти таҳкими адолати иҷтимоӣ, ҳамгироии шаҳрвандон ва густариши арзишҳои башардӯстона арзёбӣ мешаванд. Авф нишон медиҳад, ки давлат, дар баробари таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, ба тақдири инсон, оила ва ҷомеа низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Аз адои ҷазо озод гардидани маҳкумшудагон ва ба оғӯши гарми оилаву пайвандон баргаштани онҳо, бешубҳа, яке аз рӯйдодҳои фараҳбахшу хотирмон дар зиндагии онҳо маҳсуб меёбад. Ин иқдоми башардӯстона ба ҳазорҳо шаҳрвандон имкон медиҳад, ки саҳифаи нави зиндагии худро дар фазои ваҳдат, сулҳу субот ва оромии кишвар оғоз намоянд. Дар баробари ин, авф на танҳо ҳуқуқ, балки масъулияти маънавиро низ ба зиммаи шахсони озодшуда мегузорад. Масалан, онҳоро мебояд аз ин эътимоди шоистаи давлат ва ҷомеа самаранок истифода намуда, роҳи зиндагии осоиштаро интихоб намоянд, ба арзишҳои волои инсонӣ, назму субот ва тартиботи ҳуқуқӣ арҷ гузоранд, барои бунёди оилаи солим ва таълиму тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, интихоби касб ва амсоли инҳо саъю талош варзанд, бо меҳнати ҳалол дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат саҳми арзанда гузоранд ва аз ҳар гуна кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ худдорӣ намоянд. Маҳз муносибати ба масъулият асосёфта метавонад ба чунин имконияти муҳайёгардида, инчунин, таҳкими мавқеи иҷтимоии онҳо, афзоиши фарҳанги ҳуқуқӣ ва густариши эҳсоси ватандӯстиву худшиносӣ мусоидат намояд.
Ҳамзамон, шахсоне, ки мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» муҳлати адои ҷазояшон кам карда шудааст, бояд ин иқдоми муҳими давлатро ҳамчун нишонаи эътимод, инсондӯстӣ ва ғамхории давлат нисбат ба тақдири хеш арзёбӣ намоянд. Барои онҳо дар чунин шароит кам гардидани муҳлати ҷазо на танҳо сабукӣ дар вазъи ҳуқуқӣ, балки имконияти иловагӣ барои баҳогузории рафтор, таҳкими иродаи ислоҳшавӣ ва омодагӣ ба зиндагии минбаъда мебошад.
Аз ин лиҳоз, чунин шахсон метавонанд орзу дошта бошанд, ки ҳарчи зудтар ба назди наздикону пайвандони худ баргашта, ҳамчун шаҳрвандони бовиҷдон дар пешрафту ободии Ватани маҳбуб саҳм гузоранд, фарзандони худро дар руҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, созандагиву бунёдкорӣ тарбия намоянд ва бо пайкори созанда зиндагии шоистаро бунёд созанд. Чунки ҳар як рӯзи аз муҳлати ҷазо камгардида барои чунин шахсон бояд ҳамчун неъмати гаронбаҳо ва имконияти нав барои созандагӣ, худтакмилдиҳӣ ва омода шудан ба ҳаёти озоду мустақил арзёбӣ гардад. Маҳз ҳамин гуна муносибат метавонад, моҳияти аслии авфро, ки ба эътимод ба инсон ва қобилияти ислоҳшавии ӯ асос ёфтааст, пурра таҷассум намояд.
Бо шукргузорӣ аз фазои амни кишвар, имрӯзҳо аз пайки накуи қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аҳли оила ва пайвандони шахсони маҳкумбуда, инчунин, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон хушҳоливу хурсандӣ менамоянд. Дар паҳлуи ин бори дигар ин иқдоми нек дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди Ҷашни Ваҳдати миллӣ ва ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бешак, аз шахсияти бахшанда, инсондӯст ва меҳрубону шафиқи халқ будани Пешвои маҳбуби кишвар дарак медиҳад.
Дар шароити Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки имрӯз дар фазои сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ ба сӯйи рушди устувор қадам мегузорад, ҳар як шаҳрванди бонангу номус вазифадор аст, ки дар ободонӣ ва пешрафти Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорад. Маҳз бо чунин ниятҳои нек, шахсони аз ҷавобгарӣ ва адои ҷазо озодшуда низ бояд ин фурсати нодирро ҳамчун оғози марҳалаи нави зиндагӣ қабул намуда, бо афкори оқилона, рафтори намунавӣ, эҳтиром ба арзишҳои ҳуқуқӣ ва қонуният, инчунин, меҳнати софдилонаву созанда ба ҷомеа собит созад, ки онҳо ба бовари давлат сазовор мебошанд.
Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ҳадафи татбиқи авф– ин сиёсати инсонмеҳваронаи давлат бошад ҳам, ҷанбаи дигари он дар эътимоди давлат ба қобилияти ислоҳшавии инсон ифода мегардад.
Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
