ИСФАРА. БОҒДОРӢ РУШД МЕЁБАД

02 июл 2026, Панҷшанбе
2


Дар шаҳри Исфара соҳаи боғдорӣ сол ба сол густариш меёбад. Азхудкунии заминҳои бекорхобида, ҳифзи навъҳои маҳаллии зардолу ва афзоиши ҳаҷми содирот аз самтҳои муҳими рушди ин соҳа ба шумор мераванд. Яке аз намунаҳои барҷастаи чунин ташаббус фаъолияти боғдори соҳибтаҷриба Манучеҳр Бобохонов мебошад.
Бо мақсади обод кардани заминҳои бекорхобидаи доманакӯҳ, Манучеҳр Бобохонов аз масофаи се километр об оварда, ду чоҳи амудӣ бунёд кард. Маҳз ба шарофати чунин заҳматҳо имрӯз заминҳое, ки солҳо бе кор хобида буданд, ба боғи сарсабзу ҳосилдеҳ табдил ёфтаанд.
Масоҳати умумии боғ 87 гектарро ташкил медиҳад. 44 гектари он пурра аз худ карда шуда, дарахтон нашъунамои хуб доранд. Ба гуфтаи Манучеҳр Бобохонов, солҳои наздик қисми боқимондаи замин низ ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешавад.
Ҳоло дар боғ чор навъи зардолу парвариш меёбад. Дар баробари ин, нақша доранд, ки дар се гектар замин зиёда аз 60 навъи зардолуи маҳаллӣ парвариш карда шавад. Манучеҳр Бобохонов мегӯяд, ин иқдом барои ҳифз ва нигоҳдории навъҳои нодири зардолуи Исфара роҳандозӣ мешавад, то ин мероси гаронбаҳо барои наслҳои оянда низ ҳифз гардад.
Ҳосили боғ пас аз ҷамъоварӣ коркард шуда, қисми зиёди он дар шакли зардолуи хушк ба бозорҳои хориҷӣ содирот мегардад. Имрӯз маҳсулоти ин боғро дар Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон дидан мумкин аст.
Фаъолияти боғ ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинон низ мусоидат мекунад. Дар мавсими ҷамъоварӣ ва коркарди ҳосил то 45 нафар зан бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин мешавад. Яке аз онҳо Нодирахон Обидова аст. Ӯ мегӯяд, ки чанд сол боз дар корҳои боғдорӣ ва коркарди зардолу фаъолият дошта, ҳаррӯза музди меҳнати худро сари вақт дарёфт мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ин кор барои беҳтар намудани шароити рӯзгори оилааш мусоидат кардааст.
Нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ низ аз рушди устувори соҳаи боғдорӣ дар Исфара дарак медиҳад. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар шаҳр 52 ҳазору 545 тонна мева истеҳсол шудааст, ки 44 ҳазору 563 тоннаашро зардолу ташкил медиҳад.


МОДАРУ КӮДАК. ҲИФЗИ САЛОМАТӢ МУҲИМТАРИН ОМИЛИ БАҚОИ МИЛЛАТ АСТ
Ҳифзи саломатии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар шаҳри Истиқлол низ барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ тадбирҳои назаррас амалӣ мешаванд. Дар солҳои охир муассисаҳои тандурустии шаҳр бо таҷҳизоти нав таъмин гардида, шароити кору табобат барои кормандони тиб ва сокинон беҳтар шудааст.
Яке аз дастовардҳои муҳим дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҷдиду навсозии шуъбаи таваллуд ва бемориҳои занонаи беморхонаи марказии шаҳр мебошад. Баъди анҷоми корҳои таъмири асосӣ бинои шуъба намуди замонавӣ гирифта, барои қабули беморон ва расондани хизматрасонии босифати тиббӣ шароити мусоид фароҳам гардид.
Дар баробари ин, бо дастгирии шарикони рушд ба маблағи беш аз як миллион сомонӣ ба муассиса таҷҳизоти муосири тиббӣ ворид шуд. Ин иқдом имконият фароҳам овардааст, ки сатҳу сифати ташхис ва муолиҷаи беморон, бахусус модарон ва кӯдакон, боз ҳам беҳтар гардад.
Тавре сартабиби беморхонаи шаҳри Истиқлол Валиназар Ғоибов иттилоъ дод, шуъбаи амрози занона ва таваллуд дорои 40 кати бистарӣ буда, барои қабули беморон омода аст. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар муассиса тамоми имкониятҳои зарурӣ барои нигоҳубини модарону навзодон муҳайё мебошанд.
Айни замон дар муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр 23 табиб ва 93 ҳамшираи тиб фаъолият мекунад. Бо вуҷуди ин, норасоии духтурони оилавӣ ҳанӯз аз масъалаҳои ҳалталаби соҳа маҳсуб меёбад. Барои ҳалли ин мушкилот тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Ба иттилои масъулон, 17 ҷавони шаҳр, ки тибқи Квотаи президентӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии мамлакат таҳсил доранд, баъди хатм ба шаҳри Истиқлол баргашта, дар муассисаҳои тандурустӣ фаъолият хоҳанд кард. Ин иқдом метавонад дар ояндаи наздик барои рафъ намудани норасоии кадрҳои соҳавӣ мусоидат намояд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 02.07.2026 №: 128