РАШТ. АВЛАВИЯТ БА РУШД ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ
Дар ноҳияи Рашт ба соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Саидбег Идибегзода, муовини раиси ноҳияи Рашт, зимни суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” андешаҳояшро перомуни ҳамин мавзуъ баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия нақшаи кишти зироатҳо барзиёд иҷро гардида, барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.
Тибқи иттилои мавсуф, ба нақша гирифта шуда буд, ки имсол дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 3003 гектар, аз ҷумла 662 гектар ғалладона, 417 гектар зироатҳои техникӣ, 1650 гектар картошка, 250 гектар сабзавот кишт ва 11 гектар боғи нав бунёд гардида, дар майдони 0,60 гектар зироатҳои барвақтӣ парвариш карда шаванд. Ҳанӯз аз фасли тирамоҳи соли 2025 кишоварзон дар майдони 1067 гектар ғалладона кишт намуда, фасли баҳори имсол 3460 гектар, аз ҷумла дар бахши кишоварзӣ 1654,9 гектар картошка, дар майдони 251 гектар сабзавот, 662 гектар ғалладона, 418 гектар зироатҳои техникӣ ва 24 гектар алафҳои бисёрсола кишт ва дар майдони 25 гектар боғи нав бунёд карда, 20 гектар боғи куҳнаро барқарор намуданд.
Бо мақсади сари вақт бо оби полизӣ таъмин кардани киштзорҳо дар мавзеи Туратоли деҳоти Ҳоит сохтмони наҳри шашкилометра идома дошта, дар сурати ба истифода додани он зиёда аз 100 гектар замин шодоб мешавад.
Пойгоҳҳои обкашии “40-солагӣ 1”, “40-солагӣ 2”, “Фурудгоҳ” ва “Гамбариён” мавриди баҳрабардории кишоварзон қарор гирифтаанд.
Кирмакпарварони ноҳия тасмим гирифтаанд, ки имсол истеҳсоли пилларо ба 18 тонна расонанд. Ҳоло рафти ҷамъоварии пилла дар ноҳия идома дорад.
– Соҳаи чорводорӣ рӯ ба рушд ниҳо-дааст, – гуфт С. Идибегзода ва афзуд, ки ҳоло дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 119 ҳазору 3 сар чорвои калон, 419 ҳазору 525 сар моли майда, 138 ҳазору 114 сар паранда ва 24 ҳазору 825 оилаи занбӯри асал мавҷуд аст. Вақти он расидааст, ки бо дарназардошти зиёд шудани аҳолӣ ва афзудани талабот бо гӯшту шир, дар назди хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои деҳот фермаҳои хурди чорводорӣ ташкил ва корхонаҳои коркарди маҳсулоти ширию гӯштӣ таъсис ёбанд. Бо таъсиси фермаҳои хурди чорводорию корхонаҳои маҳсулоти ширию гӯштӣ мушкилоти соҳаро бартараф намуда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда хоҳем гузошт.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 02.07.2026 №: 128