ҲИСОР. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ
Дар шаҳраки Шарора ва деҳоти Ҳисору Дурбат фазои идона ҳукмфармо буд. Сокинони ин маҳаллаҳо бо шодиву сурур ва сипосгузорӣ навсозии пурраи роҳи мошингарди Чимтеппа – Шарора – Ҳисорро ҷашн гирифтанд, зеро ин роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ, ки солҳо боз боиси мушкилии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон гардида буд, акнун ба як масири муосиру ҳамвор табдил ёфт.
Роҳи мазкур дар партави сиёсати созандаву ободкоронаи Пешвои миллат дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо ҳидояти раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бунёд ёфта, дарозии он 8,5 километрро ташкил медиҳад.
Намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва сокинони калонсол зимни суҳбат иброз доштанд, ки ин ташаббус на танҳо мушкили равуоро осон кард, балки ба симои деҳот ҳусни нав бахшид.
Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода зимни ифтитоҳи чорабинӣ бо фаъолон ва сокинони деҳаву маҳаллаҳои шафати роҳ суҳбат ороста, иброз дошт, ки лоиҳаи мазкур бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва роҳбарони корхонаҳои саноатии шафати роҳ, инчунин, корхонаи роҳсозии ҶДММ “Русбахт” амалӣ шуд. Ин ҳамкории судманди давлат ва бахши хусусӣ имкон дод, ки корҳои роҳсозӣ бо истифода аз техникаҳои пуриқтидор дар муҳлати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба анҷом расад.
Тадбири мазкур имкон фароҳам овард, ки роҳи байни пойтахт ба самти Қалъаи Ҳисор боз ҳам наздиктару дастрас гардад ва ҷараёни ташрифи сайёҳони хориҷиро ба ин ёдгории бостонии ватанӣ ба таври назаррас афзун намояд. Ҳамзамон, корхонаҳои саноатии шафати роҳ низ, барои интиқоли борҳои худ имконияти хубтар пайдо карданд.
Ин лоиҳа бартариятҳои зиёд дошта, қадами муҳиме дар роҳи беҳтар кардани инфрасохтори нақлиётии атрофи пойтахт ва шаҳри Ҳисор гардид. Зеро бунёду навсозии чунин масирҳои алтернативӣ дар оянда низ ба коҳиш ёфтани танбашавии нақлиёт дар кӯчаҳои марказии пойтахт ва суръатбахшии боркашонию мусофиркашонӣ дар водии Ҳисор мусоидат хоҳад кард.
Сокинон аз иқдоми созанда истиқбол намуда, барои ин туҳфаи арзишманд ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимӣ ба роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат миннатдории худро изҳор карданд. Иброз доштанд, ки бунёди ин роҳи ҳамвору муосир орзуи чандинсолаи онҳоро ҷомаи амал пӯшонд ва шоми имрӯзро ба як ҷашни ҳақиқии ободонӣ дар макони зисташон табдил дод.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
