ИШТИРОКИ ФИРДАВС ТОЛИБЗОДА ДАР ҶАЛАСАҲОИ ГУРӮҲИ ЭЛЕКТОРАТИ ХАЗИНАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АСЪОР ВА БОНКИ ҶАҲОНӢ

03 июл 2026, Ҷумъа
3

Чанде пеш раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар ҷаласа ва як қатор мулоқотҳои сатҳи баланди Гурӯҳи кишварҳои электорати Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, иштирок кард.
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи кишварҳои узв нишондиҳандаҳои мусбати рушди иқтисоди кишварро муаррифӣ карда, оид ба рушди устувори маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, суботи макроиқтисодӣ, натиҷаҳои сиёсати пулию қарзӣ ва рушди низоми молиявӣ маълумот пешниҳод намуд.
Зимни муҳокимаҳо ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо бо кишварҳои электорат дар самтҳои рақамикунонии иқтисодиёт, рушди “иқтисоди сабз”, беҳсозии муҳити сармоягузорӣ, густариши истифодаи воситаҳои молиявии устувор ва идомаи ислоҳоти бахши бонкӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Инчунин, таъкид шуд, ки густариши ҳамкорӣ бо институтҳои байналмилалии молиявӣ ҷиҳати таҳкими устувории макроиқтисодӣ ва рушди низоми молиявии ба кишвар манфиатовару судманд идома дода шавад.
Ҳамзамон, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси Бонки миллии Швейтсария Мартин Шлегел мулоқот анҷом дод. Дар он масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар самтҳои сиёсати пулию қарзӣ, идоракуниҳои захираҳои байналмилалӣ, хавфҳо, суботи молиявӣ, технологияҳои рақамии молиявӣ, амнияти киберӣ ва рушди иқтидори касбии мутахассисон, инчунин, масъалаи тавсеаи ҳамкории байни муассисаҳои молиявии Тоҷикистону Швейтсария ва ҷалби институтҳои молиявии швейтсарӣ ба бозори молиявии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Сипас, мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антонелла Бассани доир гашт.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар самти рушди бахши молиявӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ, баланд бардоштани фарогирии молиявӣ, рушди «маблағгузории сабз», татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ ва таҳкими иқтидори институтсионалиро баррасӣ намуданд. Дар ин замина, аҳамияти дастгирии минбаъдаи Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохторӣ ва рушди устувори иқтисоди кишвар таъкид гардид.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 03.07.2026 №: 129