ШОМИ ШАНБЕ
![]()
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
КАЛИДКАЛИМА
Дар ин муаммои пешниҳодгашта шумо бояд аз ин калимаҳо як вожаи нав созед. Масалан:
НОБ + АҲД + АСР = САРҲАДБОН
Таҳиягар Ш.АБДУЛЛО
Масъули рубрика
Ш. ШОКИРБо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 935 35 51 50
ҶАВОБ БА ЧАЙНДВОРДИ “ВАҲДАТ”:
1. “Ман ба Шумо сулҳ меоварам” 2. Модар 3. Ребус 4. Созишнома 5. Амиршоева 6. Авесто
7. Омор 8. Рудоба 9. Асад 10. Данғара 11. Айнӣ 12. Ишкошим 13. Миршакар 14. Ромит
15. Турсунзода 16. Аваз 17. Зарринтоҷ 18. Ҷумҳурият 19. Тоҷик 20. Конибодом
21. Математика 22. Анбор 23. Рустамова 24. Айваҷ 25. Ҷаҳон 26. Нигина 27. Аср 28. Рим
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
МОРАТОРИЯ БА МАРГ Ё ЧАРО ДАР ШАҲРИ ЛОНГЙИР ФАВТИДАН МАНЪ АСТ?
Шаҳри Лонгйири Норвегия, ки шимолтарин маҳали зисти инсон маҳсуб меёбад, на танҳо бо ҳарорати пасту шабҳои сард, балки бо яке аз қонунҳои шигифтангезаш дар ҷаҳон машҳур аст. Гап дар он ки дар қаламрави Лонгйир, ки ҳамагӣ ҳазор маскун дорад, фавтидан манъ мебошад.
Моратория ба маргро бинобар яхбандии абадӣ ҷорӣ кардаанд, ки ҷасадро имкони пӯсидан намедиҳад. Ин дар навбати худ метавонад на танҳо боиси паҳншавии вирусҳои марговар, инчунин, ҷалби дарандаҳо гардад. Аз ин рӯ, рафту бо касе ҳодисаи нохуш рӯй диҳад ё нафаре бемории вазнин шавад, фавран бо ҳавопаймо ба «замини калон» мебаранд. Мабодо касе фавтид, ҷасадашро ҳатман ба дигар қисмати Норвегия мефиристанд.
Бовар нокарданист, вале Лонгйир дар дунё ягона ҷое нест, ки фавтидан қонунан манъ бошад. Чунин қоида дар шаҳри испании Ланхарон ва се деҳаи фаронсавӣ - Коню, Ле-Лаванду ва Сартурансе низ амал мекунад.
Таҳияи Кароматулло АТО
ИСТЕЪДОД
Ё ТАСВИРИ ЧЕҲРАИ 1313 ҶИНОЯТКОР АЗ РӮЙИ НАҚЛИ ШОҲИДОН
Номи Лоис Гибсон дар олами ҷиноятии ИМА ҷинояткорони ашаддиро ба ларза меовард. Зани рассоме, ки тасвирҳояш дар муайян намудани беш аз 1300 ҷинояткор ва боздошти зиёда аз 750 нафар кумак кардаанд. Вай бе истифодаи зеҳни сунъӣ ва барномаҳои коркарди аксҳо фаъолият мекард. Танҳо бо истифода аз қаламу коғаз қобилияти муайян кардани лаҳзаҳо аз хотираи инсонро дошт. Ӯ пеш аз тасвири ҷинояткорон бо шоҳидон гуфтугӯ мекард, ба эҳсосот, лағжиши забон ва таваққуф (оговорки, паузы) аҳамият дода, чеҳраи ҷинояткорро аз пораҳои хотира ҷамъ менамуд.
Дар замоне ки камераҳо ва ташхиси ДНК шахсияти ҷинояткоронро фош месозанд, Лоис нишон дод, ки қалами одӣ ва коғаз дар робита ба тафаккури инсон то ҳол кореро иҷро карда метавонад, ки технологияи нав ба он қодир нест.
Соли 2017 Гибсон ба "Китоби рекордҳои Гиннесс" ворид гардида, то феврали соли 2024 тасвирҳояш барои муайян намудани 1 313 ҷинояткор кумак кардаанд.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
ШАҲЗОД. ИНСОН БО ҲАРФИ КАЛОН
Рафтори ибратбахши як ронандаи таксии шаҳри Душанбе, аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили тавсиф ва қадрдонӣ шуд.
Гуфта мешавад, ки шаҳрванди Чин Чен Ҳайфенг ҳангоми сафари сайёҳӣ ва корӣ ба Тоҷикистон телефони мобилии худро, ки дорои аксҳои арзишманд ва маводи муҳими корӣ буд, дар дохили таксӣ фаромӯш кардааст. Телефонро ронандаи таксӣ Шаҳзод Раҳмонализода пайдо карда, ба соҳибаш баргардонд.
Дар робита ба ин амали намунавӣ, 26-уми июн дар Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Шаҳзод Раҳмонализода мулоқоти вижа сурат гирифта, аз ҷониби Сафорат ба ронандаи тоҷик сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Зимни суҳбат Ван Гуочун, мушовири сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин рафторро намунаи олии фарҳангу маданият ва муносибати хуби тоҷикона арзёбӣ кард.
Таҳияи Мавлуда ОДИНАЕВА
АҶОИБОТИ ДУНЁ
БАНАНИ РАДИОАКТИВӢ
Бананҳо дорои калий мебошанд ва қисми ками ин калий табиатан радиоактив аст. Агар шумо як банан хӯред, миқдори хеле ками радиатсияро қабул мекунед, ки, албатта ин комилан безарар аст. Барои он ки аз радиатсияи банан зарар бинед, бояд дар як вақт 10 миллион банан хӯред.
Таҳияи Ҷӯрабег НЕГМАТОВ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
«ТАБЛЕТКА» ҲАЙФ НАШАВАД
– Духтурҷон ёрӣ диҳед, шавҳарам нофаҳмида, Нурофен хӯрдааст, чӣ кор кунам?
– Дар бораи камбудиҳои хона баҳсро сар кунед.
– Чаро?
– Бигзор сари шавҳаратон ба дард ояд, он вақт «таблетка» ҳайф намешавад.
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
ПИСАРИ ЖУРНАЛИСТ
– Семёнов медонам, ки агар баҳои чор монам, падари қаламтезат даъво меояд. Барои ҳамин, як саволи иловагӣ: дар кадом давра хизматрасонии тиббӣ ва таҳсил барои мардум ройгон буд?
– Таҳсилашро намедонам устод, вале тиб ҳеҷ вақт. Падарам мегӯяд, ки тибби бепул аз бахили пулакӣ оғоз мешаваду тибби пулакӣ аз бахили бепул.
Аз русӣ тарҷимаи Ф. РАҲМОНЗОДА
ОБ
Ҳикмати як қисса
Рӯзи гарм буд. Дар деҳаи дурдасте кӯдаке бо лабони хушк ва чашмони пур аз умед сатили холиро ба даст гирифта, аз паси модараш мерафт. Онҳо чанд километр роҳро тай карданд, то ба чашмае расанд, ки аз он об қатра-қатра мерехт. Модар аввал ба фарзандаш об нӯшонд ва худаш бо лабони ташна танҳо табассум мекард.
Солҳо сипарӣ шуданд. Он кӯдак бузург шуд ва муҳандиси соҳаи об гардид. Аввалин лоиҳае, ки амалӣ кард, кашидани хатти об ба ҳамон деҳа буд. Вақте рӯзи аввал аз лӯлаҳо об ҷорӣ шуд, пирзан – ҳамон модар бо дастони ларзон аз он об нӯшид. Ашк аз чашмонаш ҷорӣ шуд. Оромона гуфт: «Имрӯз ман на танҳо об менӯшам, балки самари умри худро мебинам».
Ҳикмат: Об сарчашмаи ҳаёт аст. Ҳар қатраеро, ки беҳуда мерезем, шояд касе барои зинда мондан ба он ниёз дорад.
Таҳияи Хуршед ТОЛИБОВ
«ШУКУФАИ ВАҲДАТ»
Гулдастае, ки бо 11 ҳазору 700 дона гули зинда рекордӣ шуд
Дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон бузургтарин гулдастаи ҷаҳон сохта шуд, ки онро мутахассисони "Китоби рекордҳои Гиннесс" расман ҳамчун рекорди ҷаҳонӣ эътироф намуданд.
Ин гулдаста аз ҷониби Иттиҳодияи мунисипиалии Аҳмадобод омода гардида, дар Намоишгоҳи байналмилалии гулҳо рекордӣ шуд. Ҳадафи Намоишгоҳ муаррифии фарҳанг, таърих, афсонаҳо ва дастовардҳои Ҳиндустон тавассути санъати гулороӣ арзёбӣ мегардад, ки аз соли 2013 ба ин сӯ баргузор мешавад.
Гулдастаи рекордӣ «Шукуфаи ваҳдат» ном дошта, аз 11 ҳазору 700 дона гули довудии табиӣ иборат аст.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ГАНҶИ ҲАҚИҚӢ
Падаре пеш аз вафот ба фарзандаш гуфт:
– Дар хонаам ганҷи бузурге ҳаст.
Писар тамоми хонаро кофт, вале чизе наёфт. Ниҳоят, дар рафи китобҳо номае пайдо кард. Дар он навишта шуда буд: «Ганҷи ҳақиқӣ ҳамин китобҳоянд. Агар онҳоро бихонӣ, сарвате меёбӣ, ки ҳеҷ кас аз ту гирифта наметавонад».
Писар ба мутолаа оғоз кард ва баъди чанд сол донишманди номдор гардид.
ПАНД: дониш беҳтарин сарват аст ва китоб калиди он мебошад.
Таҳияи
Сайфиддин СУННАТӢ
ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ
ИНҚИЛОБИ LINOTYPE ДАР СОҲАИ ПОЛИГРАФИЯ
Дар ҳамин рӯз, яъне 3-юми июли соли 1886 дар таърихи ҷаҳон ҳамчун рӯзи оғози истифодаи амалии мошини чопи хаттӣ Linotype сабт шудааст. Ин мошинро муҳандиси олмонӣ Оттмар Мергенталер ихтироъ намуда, дар рушди соҳаи полиграфия ва матбуот инқилоби воқеӣ ба вуҷуд овард.
Пеш аз ихтирои Linotype ҳарфҳои чопӣ бо даст як-як ҷамъ карда мешуданд, ки вақти зиёд ва меҳнати сангинро талаб мекард.
Мошини нав имкон дод, ки якбора тамоми матн аз металл рехта шуда, барои чоп омода гардад. Ин навоварӣ суръати омода кардани рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва китобҳоро чандин маротиба афзуд.
Ихтирои мошини Linotype ба густариши матбуот, баланд гардидани сатҳи маърифат ва дастрасии мардум ба иттилоот мусоидат кард. Дар тули қариб як аср ин мошин дар матбааҳои ҷаҳон истифода шуда, то пайдоиши технологияҳои рақамӣ яке аз муҳимтарин воситаҳои чоп ба ҳисоб мерафт.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ОЛИМПИАДАИ ЗАРАРОВАР БАРОИ КИШВАРИ МИЗБОН
Тибқи иттилои сомонаи factroom.ru, Канада барои баргузории Бозиҳои тобистонаи олимпии 1976, ки аз 17-уми июл то 1-уми август дар шаҳри Монреал доир гардид, беҳад маблағи зиёд харҷ намуда, бар асари он тайи сӣ сол, яъне то соли 2006, қарзҳои худро пардохт мекард.
Ба болои сӯхта намакоб, дар ҷамъбасти ин мусобиқаи пурнуфузи ҷаҳонӣ варзишгарони кишвари мизбон ягон медал ба даст наоварданд.
Аз русӣ тарҷимаи Нушофарин АБДУЛЛО
НАВИСАНДА ВА ҲУРУФЧИН
Ҷавондухтаре, ки ҳуруфчини бемисл буд, аз мунаққиди машҳури фаронсавӣ Анатол Франс хоҳиш мекунад: "Агар маро ба кор бигиред, яқинан, пушаймон намешавед, зеро ман дар 1 дақиқа метавонам то 150 калима чинам".
– Ман ба шумо не, хонуми зебо, ба худам шубҳа дорам, ки дар як дақиқа 150 калимаро аз куҷо меёбам, – мегӯяд нависанда.
Таҳияи З. ҚУДБИДДИН
ОЁ МЕДОНЕД?
Абуалӣ ибни Сино барои ҳифзи тандурустӣ ва саломатӣ ба се масъала аҳамияти махсус медод: варзиш, тадбири ғизо ва тадбири хоб.
Ибни Сино дар китоби «Ал - Қонун» ин се омилро аз аркони асосии саломатии инсонӣ донистааст.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
КЛОВИС ФЕРНАНДЕС РАМЗИ ФУТБОЛИ БРАЗИЛ
Кловис Акоста Фернандес ба рамзи ҳақиқии футболи Бразил табдил ёфтааст, гарчанде ки ӯ ҳеҷ гоҳ бозигари касбӣ набуд. Дар муддати 25 сол ӯ дастаи мунтахаби Бразилро ҳамроҳӣ карда, ҳафт Ҷоми ҷаҳон, беш аз 60 кишвар ва беш аз 150 бозии тими миллиро тамошо кардааст.
Мухлисон ӯро аз нусхаи Ҷоми ҷаҳон, ки ҳамеша бо худ мебурд, мешинохтанд. Пас аз шикасти Бразил аз Олмон бо ҳисоби 1:7 дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2014 дар худи Бразил, маҳз акси гиря кардани Кловис дар саросари ҷаҳон паҳн шуд. Вақте ки ӯ намунаи ҷоми худро ба як мухлиси олмонӣ бо суханони зерин ҳадия кард, бештар ба ёд монд: "Онро ба финал бубар, шумо сазовори ин ҳастед".
Пас аз марги ӯ соли 2015, писаронаш анъанаи падарро идома доданд ва то имрӯз бо ҳамон ҷом дар мусобиқаҳо иштирок мекунанд.
Таҳияи Шаҳноза САБУРОВА
10 ФУТБОЛБОЗЕ, КИ ПАС АЗ КАРЙЕРА АЗ ФУТБОЛ ДУР ШУДАНД
7. Винни Ҷонс
Винни Ҷонс футболбозиро дар синни хеле хурдӣ - 9-солагӣ, оғоз карда, дар клуби “Челси” ва тими мунтахаби Уэлс ҳамчун нимҳимоятгар бозӣ кардааст. Ӯ бо образи ҷиддии худ машҳур буд, ки аксар вақт барои амалҳояш мавриди интиқод қарор мегирифт. Дар тули фаъолияти бозигариаш 12 маротиба аз майдон хориҷ карда шуда, як маротиба, танҳо се сония пас аз ворид шудан ба майдон, корти зард гирифтааст.
Винни Ҷонс айни замон ҳунарманди касбӣ аст. Роҳи ӯ ба кино бо нақш дар филми Гай Ричи "Lock, Stock, Two Smoke Barrels" соли 1999 оғоз ёфт. Ин футболбози ҷиддӣ, ҳамчунин, дар филмҳои "X-Men", "Gone in 60 seconds", "Snatch", "The Irishman", "Beginning of Time", "Man Machine” нақш офаридааст.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
ТАВБА
Мардҳои ҳиҷобпӯш
Туарегҳо ягона халқе дар Африқо ҳастанд, ки дар он модаршоҳӣ ҳукмрон аст.
Туарегҳо дорои расму оини аҷибанд. Мардҳояшон вазифадоранд, ки рӯяшонро пинҳон намоянд. Ҷавонписарони ин қавм ҳангоми ба балоғат расидан, аз падар шамшери тез ва болопӯш барои печондани рӯйро ба мерос мегиранд. Мардҳои қабила танҳо дар назди ҳамсар ё маъшуқаашон иҷозати кушодани рӯйи худро доранд. Агар касе чеҳраи туарегро бинад, бояд ӯро ва ё худро ба қатл расонад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ҶОМИ ҶАҲОН-2026
Аз рекордҳои нав то антирекорди Қатар
Лионел Месси, футболбози дастаи Аргентина, аввалин бозигар дар таърих шуд, ки дар ҳафт бозии пайдарпайи Ҷоми ҷаҳон гол зад.
* * *
Килиан Мбаппе, ҳамлагари тими миллии Фаронса, бо задани 10 гол дар марҳалаҳои плей-оффи Ҷоми ҷаҳон рекорди нав гузошт.
* * *
Тими миллии ИМА аввалин дастае дар таърихи Ҷоми ҷаҳон шуд, ки рақибонаш дар ду бозии пай дар пай ба дарвозаи худ гол заданд.
* * *
Фаронса ба аввалин даста дар таърихи Ҷоми ҷаҳон табдил ёфт, ки дар панҷ бозии пай дар пай се ё бештар аз он гол задааст.
* * *
Ба гузориши MisterChip, тими миллии Қатар бо задани гол ба дарвозаи худ дар ду бозии пайдарпайи мусобиқа, антирекорди Ҷоми ҷаҳонро такрор кард.
Аз русӣ тарҷимаи С. АШУРОВ
ИҚТИБОСҲОИ ҶОЛИБ БАРОИ АНДЕША
Китобҳо душманони якхелае мисли одамон доранд: оташ, намӣ, ҳайвонот, обу ҳаво ва мундариҷаи худи онҳо.
(Пол Валери)
Тамоми рӯз ба ҳамаи атрофиёнатон меҳрубонӣ кунед ва шумо, аллакай, дар биҳишт ҳастед.
(Ҷек Кируак)
Танҳо бо онҳое, ки дӯст медоред, сафар кунед.
(Эрнест Ҳемингуэй)
Таҳияи УМАРАЛӢ С.
