РӮШОН. АЗ ОҒОЗИ ДАВРАИ ТИЛЛОӢ ТО БОЗГАШТ БА РЕШАҲОИ ФАРҲАНГӢ
Истиқлоли давлатӣ барои сокинони ноҳияи Рӯшон оғози давраи тиллоии эҳёи миллӣ, бозгашт ба решаҳои фарҳангӣ ва соҳибихтиёрии комил гардид ва имрӯз дар ҳар як гӯшаи ин диёри куҳанбунёд насими тозаи созандагӣ мевазад. Дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ноҳия таҳти сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як гӯшаи дурдасти кӯҳистон ба минтақаи рӯ ба рушд табдил ёфтааст.
Илҳом Аҳмадзода, раиси ноҳия, дар суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” таъкид намуд, ки маҳз ба шарофати истиқлолият ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи чорабиниҳои созандагиву бунёдкорӣ бо суръати бесобиқа амалӣ мегарданд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати амалӣ намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳо бо истифода аз захираю имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои судманд андешида, ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Дар доираи омодагӣ ба Ҷашни муқаддас бунёду навсозии 165 иншоот ба нақша гирифта шуда бошад ҳам, заҳмати аҳлонаи аҳли деҳоти ноҳия ва дастгирии пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ба он мусоидат намуданд, ки ба ҳолати имрӯза 189 иншоот мавриди истифода қарор гирифт, ки ин ба 114,5 фоизи иҷрои нақшаи пешбинишуда баробар мебошад.
Айни ҳол дар ноҳия Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2026 – 2030 мавриди амал қарор дорад. Дар доираи ин Барнома бо маблағгузории беш аз 282 миллион сомонӣ, ки барои амалигардонии 97 лоиҳа пешбинӣ шудааст, ноҳия дар панҷ соли оянда ба яке аз марказҳои калидии саноативу сайёҳии вилоят табдил хоҳад ёфт.
Раиси ноҳия муҳаррики асосии рушди ноҳияро дар соҳаи саноат ном бурда, зикр кард, ки ҳадафи мо то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пурра гузаштани ноҳия аз модели сирф кишоварзӣ ба модели агросаноатӣ мебошад. Дар се моҳи аввали соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, аллакай, 26 фоиз афзоиш ёфта, ба беш аз 1,7 миллион сомонӣ расид, ки ин нишондиҳанда танҳо оғози кор аст. Раиси ноҳия бо ифтихор аз таъсиси корхонаҳои нав, аз ҷумла коргоҳи коркарди меваи тут дар деҳаи Барзуд ва корхонаи коркарди чӯб дар деҳаи Дерӯшон, ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ҳар як ҷойи кори нави таъсисшуда ин саҳми воқеӣ дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва боло бурдани руҳияи мардум мебошад. Бахусус, бунёди Парки технологӣ дар маркази ноҳия, ки дар доираи таҷлили ин Ҷашн ба истифода дода мешавад, имкон медиҳад, ки даҳҳо нафар ҷавонони маҳаллӣ бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин гарданд.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар меҳвари нақшаҳои ҷашнии ноҳия қарор дорад, ин таъмини амнияти энергетикӣ мебошад, ки ба сифати зиндагии сокинон таъсири мусбат мерасонад. Бинобар ин, дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони силсиланеругоҳҳои хурди обии «Равмед», «Басид», «Даржомч» ва «Разуч» суръати тоза гирифтанд. Ин лоиҳаҳо барои ноҳия аҳамияти стратегӣ доранд, зеро устувории энергетикӣ заминаи асосии рушди соҳибкории хурду миёна мебошад. Бо амалисозии лоиҳаҳои сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Бадурд» бо иқтидори 600 кВт ва «Санобод» бо тавоноии 500 МВт дар панҷ соли оянда иқтидори энергетикии ноҳия иловатан ба 560 МВт расонда хоҳад шуд. Бо татбиқи пурраи ин лоиҳаҳо Рӯшон на танҳо худро бо барқ таъмин мекунад, балки ба як маркази бузурги содироти "энергияи сабз" табдил хоҳад ёфт, ки ин ифтихори ҳар як сокини ноҳия мебошад.
Ҷолибияти сайёҳии ноҳия низ ба як самти афзалиятнок табдил ёфтааст ва афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ дар оғози соли ҷорӣ исботи равшани ин гуфтаҳост. Танҳо дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ бештар аз 700 сайёҳ аз мавзеъҳои нотакрори ноҳия дидан карданд.
Хуллас, ноҳияи Рӯшон бо пешравӣ ва нақшаҳои азим ба сӯйи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қадамҳои устувор мегузорад. Ҳар як рақами оморӣ, ҳар як иншооти нав ва ҳар як чеҳраи хандони сокини ноҳия гувоҳи он аст, ки роҳи интихобкарда дуруст ва ҳадафҳо мушаххасанд.
Раиси ноҳия изҳор дошт, ки то рӯзи Ҷашн сокинони ноҳия на танҳо уҳдадориҳои барномавиро иҷро мекунанд, балки ноҳияро ба як намунаи олии ватандӯстӣ ва созандагӣ табдил хоҳанд дод. Ин Ҷашни муқаддас барои ҳар як сокин рамзи пирӯзии ақлу заковат ва иттиҳоду бародарӣ аст, ки таҳти сояи хуршеди истиқлол ҷовидон боқӣ хоҳад монд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар таърихи ноҳияи Рӯшон ҳамчун давраи шукуфоии бесобиқа сабт хоҳад шуд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
