АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. АЗ ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТО ЭҲЁИ ШУҲРАТИ ҶАҲОНИИ ТИББИ ТОҶИК

06 июл 2026, Душанбе
3


Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тибро, ки бо ибтикори навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, метавон як падидаи камсобиқа дар ҷаҳони муосир унвон кард. Ин иқдоми беназир дар самти муаррифии илми тибби тоҷик ва бузургдошти хотираи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик буда, бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки Абуалӣ ибни Сино ҳамчун бузургтарин файласуф, олим, табиб ва шоири тоҷик дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузоштааст ва номи ӯ барои аҳли ҷаҳон азизу ҷовидонӣ гардидааст. Инак, андешаи чанд нафарро ин ҷо пешкаши хонандагон менамоем, ки гувоҳи гуфтаҳои болоанд.


Ато СОБИРЗОДА,
муовини сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе:
– Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб идомаи мантиқии сиёсати давлат дар самти эҳёи арзишҳои миллӣ, таҳкими нуфузи илмии тоҷикон ва муаррифии саҳми миллати тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ мебошад. Ба номи фарзанди арҷманди миллати тоҷик Абуалӣ ибни Сино, ки тибби ҷаҳонӣ бо номи ӯ парчами ифтихор барафроштааст, мансуб гардидани ин Ҷоиза аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари ифтихори мардуми мо, омили таъсиргузор ба татбиқи ҳадафҳои наҷиби давлати мо дар Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (соли 2026) ба шумор меравад. Ибни Сино аз бузургтарин чеҳраҳои илмии таърихи инсоният буда, табиби машҳур, файласуф, мутафаккир, донишманд, адиб ва намояндаи барҷастаи тамаддуни тоҷикону форсизабонон мебошад. Маҳз тавассути фаъолияти илмии ӯ тибби тоҷик ва ҷаҳонӣ шакли нав гирифта, ба илми дақиқ ва асоснок табдил ёфт. Аҳамияти таълимоти Ибни Сино дар замони муосир боз ҳам бештар эҳсос мегардад.
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино далели он аст, ки давлат ва ҷомеа ба шахсияти ин абарманди тоҷик ҳамчун мероси зиндаи миллӣ ва сарвати бузурги маънавӣ муносибат мекунанд. Ҷоизаи мазкур ба рушди илми тиб дар дохили кишвар низ таъсири мусбат расонда, ҳавасмандгардонии олимон, ташкили таҳқиқоти нав, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва рушди муассисаҳои тадқиқотӣ аз ҷумлаи натиҷаҳои муҳими ин ташаббус хоҳанд буд. Дар маҷмуъ, таъсиси ин Ҷоиза ҳамчун ташаббуси навбатии Пешвои миллат дар таҳкими ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон, эҳёи шуҳрати ҷаҳонии тибби тоҷик, рушди ҳамкориҳои илмӣ ва муаррифии саҳми миллати тоҷик дар тамаддуни башарӣ нақши муҳим хоҳад гузошт.


Нигина ДАВЛАТЗОДА,
директори МД “Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2”-и шаҳри Душанбе:
– Пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои поси хотир ва арҷгузорӣ ба гузаштаи бою ҷовидонаи миллати тоҷик ташаббусҳои бузурге амалӣ шуданд, ки ба муаррифии комили миллат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат менамоянд. Аз ҷумла, ҷашну солгарди мутафаккирони барҷастаи тамаддуни тоҷику форс, олимону донишмандони тоҷик, ки бо осори гаронарзишашон дар рушди илми башарӣ нақши созгор гузоштаанд. Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб дар самти муаррифии илми тибби тоҷик ва бузургдошти хотираи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик арзёбӣ гардида, бори дигар собит месозад, ки миллати мо соҳиби таърихи бузурги илмӣ буда, имрӯз низ метавонад дар ҳалли масъалаҳои глобалии инсоният саҳми арзанда гузорад. Дар бораи ин шахсияти бузурги миллати тоҷик Сарвари давлат чунин иброз доштаанд: “Ибни Сино парчамбардори бедории афкори миллӣ ва бунёдгузори пойдевори илми ҳазорсолаи мост”.
Мо – табибон, аз ин ташаббус камоли ифтихор дорем, ки вуҷуди Ҷоизаи Абуалӣ ибни Сино дар саросари олам санади ифтихорофарин барои ҳар яки мо низ ҳаст. Иқдоми зикршуда ба ҳавасманд гардондани олимони соҳаи тиб на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ равона шуда, бори дигар аз таърихи деринаи илми тибби тоҷик шаҳодат медиҳад ва дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи тандурустӣ ва беҳдошти байналмилалӣ саҳми бориз мегузорад.
Ибни Сино донишманди бебаҳо, табиб, хуллас, олими ҳамаҷониба ва дар ҳама самтҳо дар сатҳи баланд буд. Бемории сирояткунанда будани сил низ кашфи Синои бузург аст. Бори аввал маълумоти пурраи бемориҳои менингит, диабет, захми меъда ва зардпарвинро ҷамъ овард. Дар мавриди кашфиёти илмии Сино, шахсияти нотакрори ӯ, саҳми бузургу мондагораш дар бунёд, рушду такомули илмҳо метавон соатҳо суҳбат кард ва боз ҳам ногуфтае хоҳад монд.


Қобилҷон БУХОРИЗОДА,
директори МД “Маркази шаҳрии бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ”:
– Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб барои кишвари мо аҳамияти бузурги сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ дошта, Тоҷикистон бо ин иқдом мавқеи худро ҳамчун сарзамини таърихии тамаддуни тиббӣ ва Ватани яке аз бузургтарин донишмандони башарият боз ҳам устувортар мегардонад. Ба шарофати осори абадзиндаи худ Ибни Сино имрӯз низ ҳамқадами ҷомеаи башарӣ мебошад. Фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар тули умри кӯтоҳ, сарфи назар аз саргардониҳои зиёд, тавонистааст ба инсоният осори гаронбаҳое ба ёдгор гузорад.
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба нобиғаи бузурги башарият шайхурраис Абуалӣ ибни Сино мебошад, ки бо осори ҷовидонаи худ ба таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ таъсири амиқ гузоштааст. Ҷоизаи мазкур рамзи эҳтироми давлат ва миллат ба илм, маърифат ва инсонгароӣ буда, паёми фарҳангии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳон аст. Ин иқдом бори дигар собит месозад, ки миллати тоҷик соҳиби таърихи бузурги илмӣ буда, имрӯз низ метавонад дар ҳалли масъалаҳои глобалии инсоният саҳми арзанда гузорад.


Таҳияи Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 06.07 №: 130