ИСТАРАВШАН. ИҚДОМИ СОҲИБКОРОН БАРОИ ИБРАТ

06 июл 2026, Душанбе
4


Дастгирии ятимон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва ниёзмандон яке аз авлавиятҳои асосии сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар сартосари кишвар гурӯҳҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар ташаббуси хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд мегарданд.
Дар ин росто, сокинон ва соҳибкорону ашхоси саховатпешаи маҳаллаи Дилшоди Барнои шаҳри Истаравшан ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии ниёзмандон, ятимон, маъюбону барҷомондагон мунтазам ба онҳо ёрӣ мерасонанд ва намегузоранд, ки чунин шахсон бекасиву танҳоии худро эҳсос намоянд.
Дар ин замина, чанде пеш соҳибкорону тоҷирон ва фаъолон бо роҳбарии Тоҳир Қосимов, раиси маҳаллаи Дилшоди Барно, барои бунёди хонаи истиқоматӣ, ки иборат аз таҳхона ва ҳуҷраҳои алоҳида мебошад, барои се оилаи эҳтиёҷманд – Йӯлчӣ Зокиров, Тоҳир Зокиров ва Моҳигул Азизова санги асос гузоштанд.
Бино ба иттилои Тоҳир Қосимов, айни ҳол сохтмони иншооти мазкур идома дошта, саховатмандон ният доранд, ки корҳои боқимондаро то рӯзи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба охир расонда, калиди хонаҳоро ба ашхоси эҳтиёҷманд супоранд.
Ҳамчунин, зикр шуд, ки бо иқдоми соҳибкорони маҳалла дар арафаи Иди саиди Қурбон ба маъюбони эҳтиёҷманд аробачаҳои маъюбӣ тақдим гардида буд.
Бояд гуфт, ки шахсони яккаву танҳо, ятимону ниёзмандон ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхории пайвастаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Шахсони ниёзманди зикршуда, дар навбати худ, ба Ҳукумати кишвар, бахусус ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои дастгирии пайвастаашон миннатдории худро баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани Тоҷикистон баён намуданд.


Саъдулло МАҲКАМОВ,
рӯзноманигор

Санаи нашр: 06.07.2026 №: 130