ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ОБ

10 июл 2026, Ҷумъа
3


Эътирофи ҷаҳонии ташаббуси Пешвои миллат эътирофи Тоҷикистон аст
Боиси ифтихор аст, ки аз ибтидои солҳои 2000-ум инҷониб иқдомҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор ва дигар масоили глобалии экологӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд. Албатта, ҳар иқдоме, ки аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод мегардад, дар асоси биниши жарф, таҳлили ҳамаҷониба ва арзёбии амиқу илмии мушкилоти мавҷуда рӯйи кор меояд. Аз ин ҷост, ки онҳо бо иттифоқи оро қабул мегарданд.
Ҳамзамон, зикр намудан ба маврид аст, ки дар доираи иқдомҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон давоми солҳои 2003 – 2026 дар шаҳри Душанбе 12 форум, симпозиум ва конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд баргузор шуданд, ки бархе аз онҳо аввалин маротиба доир гардида, дар миқёси ҷаҳонӣ назир надоранд.
Тавъам ба ин дастоварду комёбиҳои беназири Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, дар масири ҳалли мушкилоти глобалии обу иқлим, бо мақсади дастгирии рушди устувор ва идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, тақвияти ҳамкорию шарикии ноилшавии ҳадафҳову вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи марбут ба захираҳои об, ки ҳадафҳои меҳварии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» мебошанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, дар ҳамкорӣ бо СММ платформаи Раванди оби Душанберо роҳандозӣ намояд. Яъне, платформаи мазкур ташаббуси навбатии Пешвои миллат баҳри идомаи талошҳои байналмилалӣ бо мақсади фароҳам овардани муколамаи сиёсӣ, шарикӣ ва амалҳо дар бахши захираҳои об ва рушди устувор мебошад, ки дар доираи он ҳар ду сол конфронсҳои сатҳи баланди марбут ба захираҳои об баргузор мешаванд. Аз ҷумла, Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» дар масири омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2026, саммити Ҳадафҳои рушди устувор дар соли 2027 ва Форуми ёздаҳуми ҷаҳонии об дар соли 2027 нақши бунёдӣ гузошт. Зеро зимни Конфронси чоруми оби Душанбе пешбурди уҳдадориҳо, тақвияти ҳамкориҳо, дастгирии Рӯзномаи ҷаҳонии об, натиҷаҳои конфронсҳои қаблии Раванди оби Душанбе ва ҳадафҳои даҳсолаи болозикр баррасӣ гардида, дар доираи он нишастҳои пленарии сатҳи баланд ва нуҳ ҷаласаи тахассусӣ, ки бо мавзуъҳои муколамаҳои интерактивии Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 ҳамоҳанг шудаанд, баргузор гардиданд.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси мазкур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, зимни суханронӣ мушкилоти коҳишёбии захираҳои об, афзоиши талаботи истифодаи об, гузариш ба технологияҳои сарфакоронаи об, мудирияти муассири захираҳои об, ҳамоҳангсозии беҳтари сиёсати об, энергетика ва озуқаворӣ ва дигар масоили марбут ба захираҳои обро ҳамаҷониба таҳлил карданд ва талошҳои ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати дар меҳвари Рӯзномаи ҷаҳонии рушд қарор додани масоили марбут ба об иброз намуданд. Ҳамзамон, Сарвари давлат гуфтанд, ки бо вуҷуди пешравиҳо дар мавзуи об, ҷаҳон ҳанӯз ҳам бо мушкилиҳое рӯ ба рӯ мебошад, ки раванди ноилшавӣ ба Ҳадафи шашуми рушди устуворро душвор кардааст. Дар ин маврид, далелҳои мушоҳидаҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки комилан ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, зеро мувофиқи арзёбиҳо, бо афзоиши мушкилоти экологӣ, махсусан тағйирёбии иқлим ва буҳронҳои иқтисодию иҷтимоӣ, раванди ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором коҳиш ёфтааст. Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, ҷомеаи илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ иқдоми беназиреро рӯйи даст гирифтанд. Ҳамзамон, ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда, пешниҳод намуданд, ки дар оянда мавзуъҳое, чун маблағгузории устувор, ҳамгироии сиёсати об бо иқлиму энергетика, озуқаворӣ ва низомҳои муҳитзистӣ ва тақвияти ҳамкории минтақавию байналмилалӣ ба мавзуъҳои меҳварии Рӯзномаи нави об ворид карда шаванд. Маҳз бо дарназардошти мушкилоти афзояндаи марбут ба захираҳои об ва пайдо кардани роҳҳалҳои саривақтӣ ба мушкилоти мавҷуда, ба ҷойи платформати Раванди оби Душанбе, ки дар ҳалли мушкилоти глобалии об на кам аз институтҳое, чун Шурои ҷаҳонии об (World Water Council) ва «СММ – Об» («UN – Water») ҷойгоҳ дорад, механизми комилан ҷадидеро бо номи «Чаҳорчӯби Душанбе барои об» таъсис доданд. Ҳамзамон, бо мақсади пешбурду тақвияти дипломатияи об ва муттаҳид намудани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ояндаи устувор ва бехатар аз ҷониби Пешвои муаззами миллат Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд. Сарвари давлат зикр намуданд, ки ин Ҷоиза барои эътироф намудани саҳми барҷаста дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувори об ва пешбурди роҳҳои ҳалли муассири мушкилоти ҷаҳонии об нигаронда шудааст. Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об фарогири ҳадафҳои меҳварии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим буда, омилҳои асосии сиёсати экологии кишварро дар арсаи байналмилалӣ муттаҳид менамояд. Ҳамзамон, аҳамияти Ҷоизаи мазкур дар таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии обу иқлим инъикос меёбад.
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об метавонад, барои рушди таҳқиқоти бунёдии илмӣ, татбиқи технологияҳои муосир дар соҳаи об ва пешбурди ҳамкориҳо дар самти захираҳои об заминаи мусоид фароҳам оварад. Чун ҳавасмандгардонии олимону мутахассисон барои анҷоми таҳқиқот оид ба истифодаи самараноки об, пешгирии талафоти захираҳои об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист аз ҳадафҳои асосии ин ташаббус ба ҳисоб меравад. Муҳимияти дигари ин Ҷоиза дар он аст, ки ин дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» таъсис ёфт ва, албатта, ин аҳамияти байналмилалии ташаббуси мазкурро боз ҳам тақвият бахшида, нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти марбут ба обро чун масъулияти умумибашарӣ арзёбӣ менамояд.


Номвар ҚУРБОН,
мудири лабораторияи моделкунонии захираҳои об ва равандҳои иқлими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ,
номзади илмҳои техникӣ, дотсент

Санаи нашр: 07.07.2026 №: 131