АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

10 июл 2026, Ҷумъа
5


МУАРРИФИИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР 13 ДАВЛАТИ ДУНЁ
Дастоварди Вазорати фарҳанг дар ним сол
Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт: “Соли 2026 бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳаи фарҳанг Барномаи давлатии рушди китобхонаҳои деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027–2031 ва Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона барои солҳои 2027–2031 қабул гардиданд”.
Ҳамчунин, иттилоъ гирифтем, ки соли равон дар кишвар Муассисаи давлатии «Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Балҷувон» ва Маркази фарҳанги мусиқии тоҷик фаъолияти худро оғоз намуданд. Ҳадафи ташкил ва фаъолияти ин муассисаҳои фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ ҳифз, омӯзиш ва рушди мероси мусиқии миллӣ мебошад.
Ҳамзамон, зикр гашт, ки дар нимсолаи якуми соли 2026 аҳли фарҳангу ҳунар ба 13 давлати ҷаҳон 31 сафари эҷодӣ анҷом дода, дар фестивалу ҳамоишҳои байналмилалӣ фарҳанги тоҷикиро муаррифӣ намуданд. Аз ҷумла, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар, Ӯзбекистон, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд.


Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА


МАОРИФ
Ҳамкориҳои байналмилалӣ тавсеа меёбанд
Зимни нишасти матбуотӣ Даврон Сафарзода, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки ҳоло Академия аз рӯйи 31 ихтисос мутахассис омода карда, бо 17 ташкилоти байналмилалӣ ва 33 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ҳамкориро ба роҳ монда, 5 эъломияи муштарак ба имзо расондааст.
Академия аз соли таҳсили 2021–2022 барномаи муштараки магистрии «1+1»-ро бо Донишгоҳи Авруосиёии ба номи Л.Н. Гумилёв аз рӯйи ихтисоси «Ҳуқуқи байналмилалӣ» ба роҳ мондааст, ки тибқи он магистрантон соли аввали таҳсилро дар ин Донишгоҳ ва соли дуюмро дар Академия идома дода, пас аз хатми таҳсил соҳиби ду диплом мегарданд.
«Дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2025–2026 барои идомаи таҳсил аз рӯи барномаи табодули академӣ 12 нафар донишҷӯ ва як нафар корманди Академия ба ҳайси омӯзгор ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ сафарбар шуданд», – афзуд ректор.


З. РАҶАБЗОДА

Санаи нашр: 07.07.2026 №: 131