Таҳкими фарҳанги сулҳ яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонист
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба қабули Қатъномаи СММ таҳти унвони "Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036" суҳбати гирди миз доир гардид.
Таъкид шуд, ки қабули Қатънома бо ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза бозгӯйи нақши сулҳофариву ваҳдатпарварии миллати тоҷик буда, дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии фарҳанги сулҳ саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Бидуни сулҳу субот ва амният ҳеҷ кишвар наметавонад ба рушду тараққии устувор ноил гардад. Аз ин рӯ, таҳкими фарҳанги сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.
2970 нафар дар асоси Қонун «Дар бораи авф» озод шуд
6-уми июл дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» гурӯҳи аввали зиндониён иборат аз 2979 нафар ба озодӣ баромаданд. Дар ин хусус Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия хабар дод.
Иттилоъ дода шуд, ки озодшудагон аз зиндонҳои шаҳрҳои Норак, Ваҳдат ва ноҳияҳои Ёвону Дӯстӣ мебошанд. Аз шумораи озодшудагон 297 нафарро занон ташкил медиҳанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қабул гардид, нисбат ба 18 ҳазору 38 нафар маҳкумшуда татбиқ мегардад.
Роҳи мошингарди Ёвон – Ваҳдат – Норак навсозӣ мешавад
Дар ҳудуди ноҳияи Ёвон корҳои бунёд ва навсозии роҳи мошингарди Ёвон – Ваҳдат – Норак оғоз шуд.
Тавре МИМҲД ноҳияи Ёвон хабар додааст, маросими оғози корҳои сохтмонӣ, ки бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Акбар Асадулло анҷом дода мешавад, бо иштироки раиси ноҳия Икромиддин Вализода доир гашт.
Таъкид шуд, ки татбиқи ин лоиҳа дар партави сиёсати созандаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди инфрасохтори нақлиётӣ, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва таҳкими ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ амалӣ мегардад.
Шабакаи телевизионӣ барои забономӯзӣ
Дар ҷумҳурӣ шабакаи нави телевизионӣ таъсис дода мешавад, ки фаъолияти он пурра ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ равона хоҳад шуд. Дар ин бора Кумитаи телевизион ва радио иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки ташкили ин шабака дар асоси дастури Президенти кишвар сурат гирифта, ҳадафи асосии он фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ аст.
Интизор меравад, ки телевизиони нав бо пешниҳоди дарсҳо, барномаҳои таълимӣ ва лоиҳаҳои махсуси забономӯзӣ ба баланд бардоштани сатҳи забондонии аҳолӣ мусоидат намояд.
