ШАМСИДДИН ШОҲИН. МАОРИФ АЗ СОҲАҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ НОҲИЯ АСТ

10 июл 2026, Ҷумъа
2


Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Баҳодур Давлатзода дар суҳбат ба хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, ки айни замон дар ноҳия 51 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд. Маврид ба зикр аст, теъдоди умумии муҳассилони муассисаҳои таълимии ноҳия ба 11 ҳазору 496 нафар расидааст, ки 5663 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд.
Баҳодур Давлатзода гуфт, ки, ҳамзамон, дар назди 5 муассисаи таълимӣ – №№4, 33, 49, 52, 57 – сохтмони синфхонаҳои иловагӣ бомаром идома дошта, корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таълимии №22 ва №36 ба охир расида, дар марҳалаи истифодадиҳӣ қорор дорад. Инчунин, ба наздикӣ дар деҳаи Навобод муассисаи томактабӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Айни замон дар муассисаҳои таълимии ноҳия 41 синфхонаи технологияи иттилоотӣ, 1134 компютер, 240 принтер, 65 тахтаи электронӣ, 106 проектор ва 303 камераҳои назоратӣ мавҷуданд. Шумораи омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ 68 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 53 нафарашон дорои маълумоти олӣ, 12 нафар миёнаи педагогӣ ва 3 нафари дигар маълумоти миёна (курсҳои 3-4 фосилавӣ) мебошанд.
Тавре мудири шуъбаи маориф дар охир иброз дошт, 25 хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои фаннӣ иштирок намуда, 13 ҷойҳои ифтихорӣ (2 ҷойи дуюм ва 11 ҷойи сеюм)-ро касб намуданд. Зимнан, хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии №1-и ноҳия Мадина Сайдализода ҳам дар даври вилоятӣ ва ҳам ҷумҳурявии Озмуни “Хонандаи сол” мақоми аввалро касб кард, ки чунин хонандаҳо барои аҳли маорифи ноҳия боиси ифтихору сарфарозианд.


Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 07.07.2026 №: 131