ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
![]()
Идомаи сафари корӣ
Боздид аз ҷараёни сохтмони корхонаи металлургии
ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик»
9-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз ҷараёни сохтмони корхонаи металлургии ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» дар кони Шоҳқадам-Чашма дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд.
Тибқи нақша корҳои сохтмонии корхонаи мазкур дар ду марҳала ҷараён мегиранд. Марҳалаи аввал 1-уми апрели соли 2025 оғоз гардида буд. Дар ин марҳала истеҳсоли консентрати оҳан ва окатиш ба роҳ монда мешавад ва сохтмон моҳи сентябри соли 2027 ба анҷом хоҳад расид.
Марҳалаи дуюм бошад, соли 2029 ба итмом мерасад ва дар ҷараёни он истеҳсоли брикетҳои оҳанини Fe-90%, блюмс ва арматура ба роҳ монда мешавад. Корхонаи мазкур дар дохили кони маъдани оҳани Шоҳқадам бунёд меёбад.
Дар мавриди гузарондани корҳои омӯзишӣ-геологии иловагӣ аз ҷониби ширкати “ВУД”-и Австралия дар се қитъаи кони маъдани оҳани Шоҳқадам, яъне Марказӣ, Шарқӣ ва Ғарбӣ тадқиқот гузаронда шуда, захираҳои кон то ба имрӯз 59 миллион тонна тасдиқ гардидааст.
Тибқи нақшаи коркард ва истихроҷи маъдан дар соли аввал ҳаҷми корҳои қабаткушоӣ то 12 миллион тоннаро дар бар гирифта, аз он 2,5 миллион тонна истихроҷи маъданро ташкил медиҳад. Аз ин ҳаҷм 1,1 миллион тонна консентрати оҳан бо таркиби 63-68% ба даст оварда мешавад. Баъдан 1,1 миллион тонна консентрати оҳан дубора коркард шуда, аз он окатиш истеҳсол мегардад.
Дар марҳалаи дуюм коркарди окатиш ба роҳ монда шуда, аз он ба миқдори 850 ҳазор тонна брикетҳои оҳанин – Fe-90% истеҳсол менамоянд. Дар марҳалаи ниҳоӣ брикетҳои оҳанин (ГБЖ) – Fe-90% ҷараёни гудозишро гузашта, аз он блюмс, инчунин арматура дар ҳаҷми то 300 ҳазор тонна дар як сол истеҳсол мешавад.
Сармоягузор ва бунёдкори корхона Комбинати металлургии тоҷик буда, ба ҳайси паймонкори асосӣ ширкати «НЕТС»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷалб шудааст. Ширкати мазкур барои истеҳсоли консентрат, окатиш, блюмс ва арматура масъул аст.
Дигар ширкати паймонкор, ки дар татбиқи лоиҳа иштирок дорад, ин «Электротерм», яке аз ширкатҳои бузурги Ҳиндустон ба ҳисоб рафта, технологияи ба роҳ мондани истеҳсоли брикетҳои оҳанин - Fe-90%-ро бар дӯш гирифтааст. Ширкати мазкур дар 32 давлати ҷаҳон фаъолият ва ҳамкорӣ дорад.
Ширкати «Лисен»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар якҷоягӣ бо Комбинати металлургии тоҷик паймонкорони асосии сохтмони корхонаи зикршуда маҳсуб меёбанд.
Ширкати «СПС Австрия» ҳамчун ширкати машваратӣ ҷалб гардида, масъули бо сифат иҷро шудани корҳои сохтмонӣ, сифати таҷҳизот ва назораткунандаи корҳои сохтмонӣ мебошад. Ғайр аз ин, дар ҳамкорӣ бо ширкати «НЕТС» дар ҳудуди кон сохтмон ва ба истифода додани маркази барқдиҳӣ бо иқтидори 90 МВт ба нақша гирифта шудааст. Корхона пурра мутобиқ ба талаботу меъёрҳои экологӣ сохта ба истифода дода шуда, технологияи муосири дар он истифодашаванда ба муҳити зист зарар намерасонад.
Маврид ба зикр аст, ки дастгоҳ, таҷҳизот, техника ва лавозимоти дигари сохтмонии дар татбиқи лоиҳа истифодашаванда пурра ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, дар ҷараёни истеҳсолот технологияи муосири навтарин истифода бурда мешавад. Барои таъмини фаъолияти мунтазами корхона муҳайёсозии инфрасохтори зарурӣ оғоз шудааст. Аз ҷумла, то ба имрӯз хатти баландшиддати барқии 220 кВ, ба масофаи 14,3 км бо зеристгоҳи барқӣ, хатти об ба масофаи 17,5 км бо чор истгоҳи обкашӣ кашида шудааст. Ҳамзамон, сохтмон ва васеъ намудани роҳи асосии мошингарди кони маъдани оҳани Шоҳқадам аз шаҳраки Сайҳун ба масофаи 20 километр оғоз гардида, ҳоло ҷиҳати васеъ намудани роҳ корҳои кӯҳканӣ идома доранд.
То ба имрӯз бинои маъмурии корхонаро сохтаанд, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди зист ва фароғати кормандону бинокорон хобгоҳ, ошхона ва дигар шароити зарурии корӣ омода шудаанд. Дар корхона корҳои сохтмонӣ шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, дар он зиёда аз 1200 мутахассиси маҳаллӣ ва хориҷӣ даст ба кор аст. Пас аз ба кор даромадани марҳалаи аввали корхона 900 ва баъди пурра омода шуданаш дар он беш аз 1500 ҷойи кори доимӣ бо маоши хуб муҳайё мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки соли 2025 ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ба маблағи 600 миллион доллар арматура ворид карда шуд. Изҳор гардид, ки акнун мо имкон дорем истеҳсоли арматура ва дигар маҳсулоти оҳаниро дар дохили кишвар ба роҳ монем.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки марҳалаи якуми корхона то сентябри соли 2027 ба кор дароварда шавад.
Марҳалаи дуюми корхона тибқи нақша бояд то соли 2029 ба кор дароварда шавад. Сарвари давлат дастур доданд, ки ба сохтмони марҳалаи дуюм ҳам суръат бахшида шавад, то ки он пеш аз муҳлат ба кор шуруъ намояд.
Гузоштани санги асос ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент дар шаҳри Истаравшан ва истеҳсоли оҳак дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
9-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан ба бунёди корхонаи истеҳсоли семент ва дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи оҳак ба таври фосилавӣ оғоз бахшиданд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» тасмим гирифтааст, ки дар ҳудуди шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли сементро то соли 2029 сохта, ба истифода диҳад.
Дар рафти ба амал баровардани корҳои сохтмонӣ беш аз 1200 сокини маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ҷалб шуд, пас аз ба истифода додани корхона зиёда аз 850 ҷойи нави кор барои сокинони маҳаллӣ фароҳам оварда мешавад. Корҳои лоиҳакашӣ, таъмин, насб, ба истифода додан ва истеҳсоли тамоми таҷҳизот тибқи шартномаи байни ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» ва ширкати «SINOMA»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин роҳандозӣ хоҳад гашт.
Бояд зикр намуд, ки ширкати «SINOMA» бузургтарин корпоратсияи давлатӣ ва муҳандисии байналмилалӣ мебошад, ки ба ҳайати ширкати бузурги «China National Building Materials Group» дохил мешавад. Инчунин, ширкати мазкур яке аз ташкилотҳои пешбари хидматрасонии ҷаҳонӣ дар соҳаи технологияи семент, таҷҳизот ва ҳамгироии системаҳои муҳандисӣ, корхонаи баландтехнологӣ ва инноватсионии Чин буда, барандаи ҷоиза дар соҳаи саноат мебошад.
Бо дарназардошти технологияи муосири истеҳсолӣ ва ашёи хоми истифодашаванда, сементи истеҳсолнамудаи корхона пурра ба талаботи меъёру стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ буда, дар раванди истеҳсолот қоидаҳои экологӣ ва бехатарии муҳити зист таъмин карда мешаванд.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи сементбарорӣ дар як сол 1,2 миллион тоннаро ташкил дода, ҷараёни истеҳсолот аз майдакунӣ то ба бандубасти натиҷаи ниҳоии истеҳсоли маҳсулоти тайёр иборат хоҳад буд.
Ҳадаф аз бунёди ин корхона зиёд намудани истеҳсоли семент, таъмини фаровонию арзонии ин маҳсулот дар бозори дохилӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад. Бунёди корхона дар шароити имрӯза аҳамияти баланд дорад, зеро дар вилояти Суғд чун дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бо вусъати зиёд ёфтани корҳои созандагию ободонӣ ва рушди иқтисодӣ талабот ба семент хеле афзудааст.
Дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат дар самти рушди босуръати саноат ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар вилояти Суғд боз як тарҳи муҳими истеҳсолӣ амалӣ мегардад.
Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати металлургии тоҷик» тасмим гирифтааст, ки то соли 2029 дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар наздикии кони оҳаки Сафедсанг, ҳамчунин, корхонаи муосири истеҳсоли оҳакро бунёд ва мавриди истифода қарор диҳад.
Тибқи лоиҳа, иншооти нав дар майдони 10 гектар сохта шуда, маблағгузорӣ ва роҳандозии он аз ҷониби ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» анҷом мепазирад. Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ, корҳои лоиҳакашӣ, таъмини таҷҳизот, насбу васл ва ба истифода додани хатҳои истеҳсолӣ тибқи шартнома бо ширкати бонуфузи «SINOMA»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ хоҳанд шуд.
Иқтидори солонаи корхонаи нави истеҳсоли оҳак 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Бо истифода аз технологияҳои муосир ва ашёи хоми баландсифат, маҳсулоти истеҳсолшаванда ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ буда, имкони истифодаи васеъ дар соҳаҳои гуногуни саноатро фароҳам месозад.
Ҳамзамон, тамоми таҷҳизоти истеҳсолӣ мутобиқи меъёрҳои ҷаҳонӣ, ҳифзи муҳити зист ва талаботи бехатарии истеҳсолот интихоб гардида, дар ҷараёни фаъолияти корхона масъалаҳои коҳиши таъсири экологӣ ва истифодаи самараноки захираҳо дар маркази таваҷҷуҳ қарор хоҳанд гирифт.
Татбиқи ин тарҳ на танҳо ба рушди иқтидори истеҳсолии кишвар мусоидат мекунад, балки барои беҳтар гардидани сатҳи шуғли аҳолӣ низ заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар марҳалаи сохтмон зиёда аз 500 сокини маҳаллӣ ба корҳои мавсимӣ ҷалб мешавад. Баъди ба фаъолият пардохтани корхона беш аз 150 ҷойи кори доимӣ таъсис дода хоҳад шуд.
Маҳсулоти корхона, пеш аз ҳама, барои таъмини эҳтиёҷоти дохилии «Комбинати металлургии тоҷик», аз ҷумла дар раванди истеҳсоли оҳан, истифода мегардад. Ҳамзамон, қисми зиёдатии оҳак метавонад талаботи дигар корхонаҳои саноатии кишварро қонеъ сохта, дар оянда ба бозорҳои хориҷӣ низ содир карда шавад.
Масъулин чунин мешуморанд, ки татбиқи ин лоиҳаи муҳими саноатӣ метавонад дар самти таҳкими иқтидори истеҳсолии мамлакат, рушди саноати металлургия, афзоиши ҷойҳои нави кор ва густариши имкониятҳои содиротии Тоҷикистон саҳми назаррас гузорад.
Мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд
ва кормандони соҳаи саноати кишвар
9-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар мулоқот намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба сохтмони яке аз муҳимтарин иншооти саноатии кишвар – корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Комбинати металлургии тоҷик” иброз доштанд, ки бунёди ин иншоот сохтмони танҳо як корхона нест, балки оғози марҳалаи нави рушди саноати маъдан ва гузоштани заминаи металлургияи миллии Тоҷикистон мебошад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони ширкат ва ҳамаи шариконе, ки дар амалисозии ин лоиҳаи муҳим саҳм мегузоранд, барои фаъолияти содиқонаашон изҳори сипос намуданд.
Сарвари давлат металлургияи сиёҳро дар рушду пешрафти соҳаҳои саноат, сохтмон, нақлиёт, энергетика, инчунин, рушди инфрасохтори логистика ва боркашонӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин соҳа вобастагии кишварро аз оҳан ва дигар масолеҳи сохтмони воридотӣ коҳиш дода, заминаро барои рушди содирот низ муҳайё месозад.
Гуфта шуд, ки Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ рушди саноатро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ муайян карда, барои истифодаи самараноки захираҳои миллӣ ва ташаккули иқтидорҳои истеҳсолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ менамояд.
“Имрӯз Тоҷикистон тадриҷан аз иқтисодиёти асосан ба содироти ашёи хом такякунанда ба иқтисодиёти истеҳсоли саноатӣ қадам мегузорад”, – изҳор доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
“Ҳадаф аз ташкили чунин корхонаҳои азими металлургӣ яке аз пояҳои асосии иқтисоди саноатии Тоҷикистон аст” – таъкид доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Зарур шумурда шуд, ки ҳар як тонна маъдани истихроҷшаванда бояд, пеш аз ҳама, дар дохили кишвар коркард гардида, ба маҳсулоти ниҳоӣ табдил дода шавад. Бино ба таъкиди Пешвои миллат, “ин бояд самти асосии сиёсати давлатии саноат бошад”.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки рушди металлургияи сиёҳ ба ҳалли масъалаи шуғли аҳолӣ мусоидат мекунад, аз ҷумла бо таъсиси ҷойҳои кории нав дар конҳо, корхонаҳои коркард ва истеҳсолӣ ва бунёди корхонаҳои хурду миёна.
Ҳамчунин, изҳор гардид, ки бунёди корхонаҳои хурду калон дар самти бунёду таъсиси муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ, муассисаҳои фарҳанг, марказҳои тиббӣ, маишӣ, марказҳои варзиш ва монанди инҳо ба таҷдиди роҳҳо ва инфрасохтори дигар ҳам мусоидат хоҳад кард.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки имрӯз Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушди саноат ворид гардидааст.
“Ҳадафи мо тадриҷан аз кишвари истихроҷкунандаи маъдан ба кишвари истеҳсолкунандаи маҳсулоти металлӣ табдил ёфтан мебошад”, – таъкид доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки сохторҳои марбута талаботи рӯзафзуни бозори дохилиро ҳарчи бештар аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ таъмин намуда, сарватҳои зеризаминии кишварро ба манбаи рушди саноат, таъсиси ҷойҳои кории нав ва афзоиши иқтидори содиротии Тоҷикистон табдил диҳанд.
Гуфта шуд, ки ҳар як лоиҳаи нави саноатӣ бояд ба ташкили истеҳсолоти мукаммал, коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ниҳоӣ ва густариши содироти онҳо равона карда шавад.
Зикр гардид, ки танҳо бо чунин муносибат мо метавонем Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба давлати пешрафтаи саноатӣ табдил диҳем.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити саноатикунонии босуръат масъалаи омода намудани кадрҳои муҳандисиву техникиро масъалаи дорои аҳамияти стратегӣ арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки имрӯз рушди босуръати соҳаҳои саноат, аз ҷумла металлургия, мошинсозӣ, химия, энергетика, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ ва дигар бахшҳои истеҳсолӣ ба муҳандисон, технологҳо, конструкторон, мутахассисони автоматикунонӣ ва дигар кадрҳои баландихтисоси миллӣ эҳтиёҷи рӯзафзун дорад. Аз ин рӯ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки рушди низоми омодасозии кадрҳои муҳандисиву техникӣ бояд яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои маориф ва саноат бошад. Ҳамчунин, таъкид шуд, ки вазифаи мо имрӯз на танҳо бунёди корхонаҳои нав, балки ташаккули мактаби миллии муҳандисиву технологии ҷавобгӯ ба талаботи рушди саноати ҷаҳонӣ аст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмин намудани рушди минбаъдаи металлургияи миллӣ, ташаккули занҷири пурраи истеҳсолот, истифодаи самараноки сарватҳои зеризаминӣ ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда, ба вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки Барномаи рушди металлургияи сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027 – 2035-ро таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.
Дастур дода шуд, ки истифодаи васеи механизмҳои ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ таъмин гардад, омода намудани кадрҳо барои ҳамаи соҳаҳои афзалиятноки саноати кишвар, бо дарназардошти талаботи истеҳсолоти муосир, таҷдиди назар карда шавад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар вазифадор гардиданд, ки барои рушди инфрасохтори саноатӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоягузорӣ, ҷудо намудани қитъаҳои замин барои лоиҳаҳои нави истеҳсолӣ, дастгирии ташаббусҳои бахши хусусӣ ва ташкили истеҳсолоти ба содирот нигарондашуда чораҳои муассир андешанд.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки ҳар як вазорату идора, мақомоти маҳаллӣ ва ҳар як роҳбари масъул бояд дарк намояд, ки рушди соҳаи металлургияи кишвар танҳо вазифаи як соҳа нест, балки яке аз омилҳои муҳими таҳкими иқтидори иқтисодии давлат, истифодаи самараноки сарватҳои миллӣ ва таъмини рушди устувори Тоҷикистон мебошад.
Дар фароварди сухан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи соҳибкорон ва сармоягузорон даъват намуданд, ки аз имкониятҳои фароҳамгардида самаранок истифода бурда, дар таъсиси иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ниҳоӣ ва густариши содироти онҳо фаъолона саҳм гузоранд.
Дар охири ҷамъомад раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода доир ба дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят гузориш дода, аз ҷумла иттилоъ дод, ки то 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шумораи иншооти дар доираи омодагӣ ба ин Ҷашни муқаддаси миллӣ бунёдшаванда ба зиёда аз 15 ҳазор корхонаю муассиса расонда мешавад.
Мулоқот бо намояндагони се ширкати металлургии Чин
9-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо намояндагони се ширкати калонтарини металлургии Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти рушди саноати металлургияи сиёҳ, истеҳсоли семент, оҳак, шиша ва татбиқи технологияҳои муосир баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ бо чунин ширкатҳои пешсафи ҷаҳон, аз ҷумла корхонаи «ММС Капитал Энҷиниринг» ва «Ресорс Ин Корпорейшн», имкон фароҳам меорад, ки дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти металлургияи сиёҳ, семент ва оҳаку шиша бо технологияҳои муосир рушд намояд, содироти маҳсулоти саноат афзоиш ёбад, ҷойҳои корӣ муҳайё гарданд ва рақобатпазирии саноати миллӣ баланд бардошта шавад.
Дар вохӯрӣ, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.
