ДУШАНБЕ. ДУ ЛОИҲАИ НАВИ ФОНДИ ИҚЛИМИ САБЗ БАРОИ ТОҶИКИСТОН ТАСДИҚ ГАРДИД

10 июл 2026, Ҷумъа
4


Дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и шаҳри Душанбе дар доираи ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз, ки бори нахуст дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид, нишасти матбуотӣ доир шуд. Дар он роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Фонди иқлими сабз ва шарикони байналмилалии рушд масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави иқлимиро баррасӣ намуданд.


Зимни нишаст раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода иброз дошт, ки баргузории ҷаласаи Шурои Фонди иқлими сабз дар Душанбе нишондиҳандаи эътимоди ҷомеаи байналмилалӣ ба Тоҷикистон ва саҳми фаъоли кишварҳо дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласа барои Тоҷикистон ду лоиҳаи нави муҳим бо арзиши умумии 190 миллион доллари ИМА тасдиқ гардид, ки аз ин маблағ 62 миллион доллар гранти Фонди иқлими сабз мебошад. Лоиҳаҳо ба таҳкими амнияти об, баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, беҳтар намудани инфрасохтори обтаъминкунӣ ва дастгирии ҷомеаҳои осебпазир равона шудаанд.
Зикр шуд, ки Фонди иқлими сабз яке аз муҳимтарин механизмҳои байналмилалии маблағгузорӣ барои кишварҳои рӯ ба рушд буда, барои Тоҷикистон, ки аз обшавии пиряхҳо, хушксолӣ, офатҳои табиӣ ва дигар пайомадҳои тағйирёбии иқлим осеб мебинад, ҳамкорӣ бо ин Фонд аҳамияти стратегӣ дорад.
Директори минтақавии Фонди иқлими сабз Томас Эриксон зикр кард, ки лоиҳаҳои тасдиқшуда на танҳо ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, балки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ, тақвияти иқтидори ҷомеаҳо, рушди кишоварзии устувор ва такмили низоми идоракунии захираҳои об мусоидат хоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ, ин лоиҳаҳо дар ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва дигар шарикони байналмилалӣ татбиқ мешаванд.
Гуфта шуд, ки то имрӯз Фонди иқлими сабз дар Тоҷикистон 9 лоиҳаро бо маблағи 173,5 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ намудааст. Бо тасдиқи ду лоиҳаи нав ҳаҷми маблағгузории Фонд барои Тоҷикистон боз ҳам афзоиш ёфта, имкониятҳои нави ҷалби маблағҳои байналмилалӣ барои рушди «иқтисоди сабз» ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим фароҳам мегардад.
Дар анҷоми нишаст коршиносон ба суолҳои рӯзноманигорон посух дода, таъкид карданд, ки дастрасӣ ба маблағгузории Фонди иқлими сабз натиҷаи ислоҳоти пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқати кишвар ба талаботи байналмилалӣ мебошад. Ба гуфтаи онҳо, таъсиси Маркази татбиқи лоиҳаҳо дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зист низ имкониятҳои Тоҷикистонро барои ҷалби сармояи иқлимӣ ва татбиқи босамари лоиҳаҳо боз ҳам васеъ намудааст.


Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 10.07.2026 №: 134