АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
БЕХАТАРӢ
124306,5 кило меваю сабзавот ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ 803037 ташхиси маҳсулоти озуқаворӣ гузаронда шуд.
Дар натиҷа 44243,3 кило маҳсулоти гӯштӣ, 5809,3 литр маҳсулоти ширӣ, 1324,3 литр равғани рустанӣ, 22933 дона тухми паранда, 603,1 кило моҳӣ, 247 кило асал, 3933 кило маҳсулоти намакин, 4933 кило маҳсулоти хушк, 124306,5 кило меваю сабзавот ва 9471 кило маҳсулоти полизӣ ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок аз фурӯш боздошт ва нобуд карда шуд.
Зикр гардид, ки дар ин давра дар ҷумҳурӣ 1 ҳолати барангезандаи бемории пастереллёзи чорвои майда, 2 ҳолати барангезандаи бемории қарасон ва дар 14 ҳолати дигар барангезандаи бемории ҳорӣ ба қайд гирифта шуд. Нуқтаҳои номусоиди бемориҳои сироятӣ зери назорати доимӣ қарор дошта, дар манбаъҳои номусоид, таҳдидкунанда ва дорои пайдоиши хавф сари вақт чорабиниҳои солимгардонӣ, эмгузаронии ҳайвонот ва корҳои безараргардонӣ гузаронда шуданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
Беш аз 10 ҳазор қонунвайронкунии экологӣ ошкор шуд
Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ фаъолияти худро дар самти назорати давлатӣ, татбиқи барномаҳои экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ тақвият бахшида, дар самти назорати давлатӣ 10 ҳазору 489 ҳолати вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зистро ошкор намуд. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ Исфандиёр Шукурзода, муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, Кумита дар самти рақамикунонии соҳа, мониторинги муҳити зист, ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо ифлосшавии табиат, бехатарии партовҳо корҳои назаррасро анҷом дод, аз ҷумла дар ҳудуди мамлакат беш аз 3 миллион бех ниҳол шинонданд. Ҳамчунин, барои беҳтар кардани вазъи экологӣ дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ ду лоиҳаи нави муҳим ба маблағи 190 миллион доллари ИМА таҳия ва қабул шуд, ки ба рушди босамари «иқтисоди сабз» мусоидат менамояд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ
Бунёди иншооти ҷашнӣ бештар аз 57 ҳазор ҷойи нави кор фароҳам овард
Давоми шашмоҳаи соли равон дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми майи соли 2022, №АП – 188 оид ба омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ озмуни беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳал ва хонаи истиқоматӣ баргузор ва ғолибон бо мукофоту дипломҳо қадр шуданд. Дар маҷмуъ, то имрӯз ба муносибати истиқболи сазовор аз Ҷашни фархундаи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ қариб 31400 иншоот бо таъсиси бештар аз 57 ҳазор ҷойи нави кор бунёд гардида, мавриди истифода қарор гирифт. Ин нишондиҳанда, аллакай, 106,3 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Дар ин бора раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод иттилоъ дод.
Ӯ дар посух ба суоли хабарнигори рӯзнома доир ба саҳми соҳибкорон гуфт, ки онҳо дар сохтмони иншооти ҷашнӣ аз нисф бештари корҳоро анҷом медиҳанд. Баробари сохтмони коргоҳҳо, дар бунёди роҳҳои маҳаллӣ ва хатҳои оби ошомиданию полизӣ саҳим мебошанд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ
Фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон
Соли ҷорӣ ба зиёда аз 1,5 миллион мусофир хидмат расонданд
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ба 1 миллиону 562 ҳазор мусофир хидмат расондаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 113 ҳазору 298 мусофир ё 8 фоиз зиёд мебошад.
Ин матлабро Ҳабибулло Назарзода, директори Агентии авиатсияи гражданӣ, зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки дар ин давра аз фурудгоҳҳои кишвар 5 ҳазору 760 хатсайр анҷом дода шуд. Аз ҷумла, аз фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакатҳои хориҷӣ як ширкати ҳавопаймоии ватанӣ – «Сомон Эйр» ва 17 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ, ба монанди «Уральские авиалинии», «Северный ветер», «ЮТэйр» ва «Сибирь»-и Федератсияи Россия, «Air Astana»-и Қазоқистон, «Uzbekistan airways» ва «Centrum Air»-и Ӯзбекистон, «Flydubai»-и Амороти Муттаҳидаи Араб, «AZAL»-и Озарбойҷон, «Turkish Airlines»-и Туркия, «Varesh Airlines», «Raymon Airways», «Kish Air» -и Ҷумҳурии Исломии Эрон, «Jazeera Airways»-и Кувайт, «China Southern Airlines», «Chengdu Airlines» ва «Loong Airlines»-и Чин парвозҳои мунтазамро иҷро намуданд.
Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти авиатсияи гражданӣ бо 31 кишвари хориҷӣ созишнома оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расидааст, аз ҷумла бо 10 кишвари ИДМ, 8 кишвари Иттиҳоди Аврупо ва 13 кишвари Осиё.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
