АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
ГЕОЛОГИЯ
Захираҳои нави канданиҳои фоиданок кашф шуданд
Дар нимсолаи якуми соли 2026 ҳаҷми корҳои омӯзишӣ геологии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 24,2 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 172 фоиз зиёд мебошад.
Тавре сардори Саридора Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иттилоъ дод, дар ин давра дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ ва иктишофӣ анамалияҳои нави тилло, мис, сурб, руҳ ва дигар канданиҳои фоиданок муайян гардида, дар як қатор объектҳо захираҳои умедбахши маъданҳои тилло, волфрам, ванадий ва металлҳои нодир ошкор шуданд.
Ҳамзамон, корҳои гидрогеологӣ дар минтақаҳои хавфноки кишвар идома ёфта, барои кӯчондани 142 хоҷагӣ аз мавзеъҳои пурхатар тавсия дода шуд. Дар самти таъмини муассисаҳои иҷтимоӣ се чоҳи нав парма кардаанд.
Зикр гашт, ки Саридораи геология ҳамкориҳои байналмилалиро бо як қатор кишварҳо, аз ҷумла Покистон ва Муғулистон густариш дод.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ ТАҲКИМ МЕЁБАНД
- Имрӯзҳо дар ёдгориҳои меъмории Қалъаи Муъминобод, Қалъаи Кӯлоб ва Қасри ҳокими Ҳисор корҳои тармиму барқарорсозӣ тибқи нақша идома доранд”, - гуфт директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ Шералӣ Хоҷазода, 6-уми июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ.
Ба иттилои ӯ, дар баробари корҳои тармиму барқарорсозӣ, омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии мамлакат низ густариш меёбанд. Аз ҷумла, аз 9 то 30-юми июни соли ҷорӣ экспедитсияи муштараки бостоншиносии Тоҷикистону Фаронса дар ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод ва Лахш баргузор гардида, муҳаққиқон корҳои саҳроӣ ва таҳқиқотиро анҷом доданд. Зикр шуд, ки чунин ҳамкориҳои илмӣ барои рушди илми бостоншиносӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии мероси фарҳангии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон аҳамияти хос доранд. Аз ҷумла, бозёфтҳои ёдгории Кӯлдараи Ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг, ки таърихи беш аз як миллион сол доранд, аз қадимтарин нишонаҳои ҳаёти инсон дар минтақа маҳсуб ёфта, барои омӯзиши таърихи ибтидоии инсоният аҳамияти бузурги илмӣ доранд. Имрӯз Кӯлдара на танҳо маркази таҳқиқоти бостоншиносӣ, балки яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии илмӣ низ ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, аз ҷониби кормандони Агентӣ Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар таҳрири нав анҷом ёфта, зиёда аз 3500 ёдгории таърихию фарҳангӣ ва монументалӣ ба қайд гирифта шуд. Ин рақам дар қиёс ба соли 2018 беш аз 120 ёдгорӣ зиёд аст.
Сайфиддин СУННАТӢ
ФЕҲРИСТИ ЯГОНАИ ЭЛЕКТРОНИИ СУБЪЕКТҲО ТАҲИЯ ШУД
Бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Феҳристи ягонаи электронии субъектҳо тарҳрезӣ шуд.
Чи тавре ки Ардашер Мирзозода, муовини якуми сардори Хадамот, зимни нишасти хабарӣ иброз дошт, татбиқи ин низом имкон медиҳад, ки маълумот оид ба иҷозатномаҳо, натиҷаҳои санҷишҳо ва ҳолати техникии субъектҳо дар шакли электронӣ нигоҳдорӣ ва ба таври онлайн назорат шаванд. Барои гузариш аз низоми анъанавии ҳуҷҷатгузорӣ ба муҳити ҳифзшудаи электронии идоракунӣ (Secure Digital Environment) корҳои назаррасро анҷом доданд. Ҳамчунин, бо мақсади амалишавии сиёсати давлатии рақамикунонӣ ва рушди ҳукумати электронӣ дар сохтори Хадамот шуъбаи нав таъсис ёфт.
Зикр шуд, ки низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ (ЭДО) дар дастгоҳи марказӣ ва тамоми зерсохторҳои Хадамот пурра амалӣ гардид. Барои таҳкими амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи маълумот дар тамоми воҳидҳои сохторӣ ва нозироти давлатӣ почтаҳои электронии корпоративӣ дар домени давлатии nazorat.tj таъсис ва ба истифода дода шуд.
Кароматулло АТО
