ТАШАББУСИ НАВИ ТОҶИКИСТОН. ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ ОЯНДАИ БАШАР
Қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи муосири кишвар ба шумор меравад. Ин ташаббус, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ шудааст, бозгӯйи нақши фаъол ва созандаи Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ мебошад.
Дар шароите, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои нав, аз ҷумла низоъҳои мусаллаҳона, терроризм, ифротгароӣ, буҳронҳои сиёсиву башардӯстона ва дигар хатарҳои амниятӣ рӯ ба рӯ аст, ҳар иқдоме, ки ба таҳкими сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва муколамаи байналмилалӣ равона шудааст, аҳамияти махсус пайдо мекунад. Маҳз бо назардошти ҳамин воқеият, кишвари мо ташаббуси нави худро пешниҳод намуд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо пуштибонии васеъ пазируфта шуд. Моҳияти асосии Қатънома дар он ифода меёбад, ки сулҳ бояд ҳамчун фарҳанги зиндагӣ ва арзиши умумибашарӣ ташаккул ёбад. Сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, адолат, таҳаммулпазирӣ, ҳамзистии осоишта ва ҳамкории созандаро низ дар бар мегирад.
Солҳои охир кишвари мо бо ибтикорҳои байналмилалӣ дар масъалаҳои об, ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувор ҳамчун кишвари ташаббускор эътироф шудааст. Қатъномаи нави марбут ба таҳкими сулҳ идомаи мантиқии ҳамин сиёсати созанда буда, нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ ва рушди устувор нақши муассир дорад.
Коршиносони байналмилалӣ бар он назаранд, ки ин ташаббус ба мушкилоти муҳими ҷаҳони имрӯз ҷавобгӯ мебошад. Махсусан, афзоиши низоъҳои мусаллаҳона, танишҳои сиёсӣ ва буҳронҳои башардӯстона зарурати қабули чунин Қатъномаро бештар намудааст. Ҳадафи асосии ин Даҳсола тақвияти фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо ва густариши муколамаи байналмилалӣ мебошад.
Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид низ таъкид мекунанд, ки Қатъномаи мазкур бар пояи биниши СММ оид ба ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда таҳия гардида, муқаррароти «Паймони оянда»-ро, ки соли 2024 қабул шудааст, амалӣ месозад. Ин нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тадриҷан аз сиёсати вокуниш ба буҳронҳо ба сиёсати пешгирии онҳо мегузарад.
Сиёсатшиносони Осиёи Марказӣ низ ин ташаббусро нишонаи болоравии нуфузи байналмилалии Тоҷикистон медонанд. Ба таъкиди онҳо, агар қаблан Тоҷикистон бо ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо шинохта шуда бошад, имрӯз бо пешниҳоди рӯзномаи нави байналмилалӣ дар самти сулҳсозӣ низ нақши пешсафро касб мекунад.
Дар маҷмуъ, қабули Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» далели равшани эътирофи сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Ин санади муҳим метавонад ба таҳкими фарҳанги сулҳ, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва таъмини ояндаи амну осоишта барои наслҳои оянда мусоидат намояд. Барои Тоҷикистон ин дастовард боз як саҳифаи пурифтихор дар таърихи дипломатияи миллӣ ва саҳми арзанда дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
«Ҷумҳурият»
