САФАРИ КОРИИ САРВАЗИР БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо мақсади ифтитоҳи иншооти навбунёд, шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар сохтмонҳои муҳим ва суҳбату вохӯрӣ бо сокинон ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.
Сарвазир, нахуст, аз ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунии дарёи Вахш, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён дидан кард. Иттилоъ дода шуд, ки деҳаҳои Сари Ҳавз ва Сари Пули ноҳия аз ҷумлаи маҳалҳои осебпазир ба шумор рафта, бар асари тағйирёбии маҷрои дарё ва фарсоиши соҳил ҳудуди муайяни заминҳои кишоварзӣ, ҳавзҳои моҳипарварӣ ва манзилҳои истиқоматӣ зери хатари шуста шудан қарор доранд. Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо ҷалби васеи сохторҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон ва сокинон роҳандозӣ шуда, садҳо тахтасанги оҳанубетонӣ дар канори соҳилҳо гузошта шуда, садҳои муҳофизатӣ бунёд, хандақҳо канда, ҳазорҳо метри мукааб қуму шағал ва дигар масолеҳи сохтмонӣ ба минтақа интиқол дода шудааст. Барои иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ зиёда аз 120 техникаи гуногун ҷудо гардидааст. Дар натиҷа, самти ҷараёни оби дарёи Вахш то андозае тағйир ёфта, фишори он ба соҳили чап коҳиш ёфтааст.
Сарвазири мамлакат ба масъулон дастур дод, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо истифода аз тамоми имкониятҳо идома дода шавад.
Баъдан, Қоҳир Расулзода дар шаҳри Бохтар ба сохтмони зеристгоҳи барқи 110/35/10-киловолтаи «Ваҳдат» ва хатҳои интиқоли барқи 110-киловолта ҳусни оғоз бахшид. Иншооти мазкур дар маҳаллаи Истиқлол дар масоҳати 1,95 гектар бунёд мешавад.
Дар идомаи сафар Сарвазир бо рафти корҳои асфалтпӯшкунии роҳҳои маҳаллаи Ҳоҷӣ Шарифи шаҳри Бохтар ошно шуд. Гуфта шуд, ки иқдоми мазкур дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Асомиддин Ҳайдаров амалӣ мегардад. Дар доираи ин тадбир 3,8 километр роҳи маҳалла бо паҳноии 6 метр барои асфалтпӯшкунӣ пурра омода карда шудааст.
Дар идомаи сафари корӣ Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ҷайҳун бо рафти нашъунамои боғи писта ва бодом дар заминҳои ҶДММ «Маркази яклухти Хатлон» шинос шуд. Ҷамъият аз соли 2020 дар масоҳати 50 гектар боғ бунёд кардааст, ки 38 гектарро боғи пистаи навъи дарозрӯяи «Узунатет» ва 12 гектарро боғи бодоми навъи «Шоҳона» ташкил медиҳад. Сарвазири мамлакат ба масъулон ҷиҳати густариши ин гуна лоиҳаҳои истеҳсолӣ тавсияҳои муфид дод.
Дар идома Қоҳир Расулзода дар хоҷагии деҳқонии «Ғаюр»-и ноҳияи Панҷ ба нашъунамои пахта таваҷҷуҳ кард. Гуфта шуд, ки ин хоҷагӣ соли 2008 таъсис ёфта, дар ихтиёр 5,65 гектар замин дорад. Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ пахтакорӣ буда, усулҳои муосири парвариши зироат, аз ҷумла истифодаи пӯшиши плёнкавӣ дар кишти пахта, ба кор бурда мешавад, ки ба беҳтар шудани нашъунамои зироат мусоидат менамояд.
Бо иштироки Сарвазир дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷ, дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 32, бинои иловагӣ барои 240 хонанда дар ду баст ифтитоҳ гардид. Он аз ду ошёна иборат буда, дорои чор синфхона мебошад.
Сарвазир ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, таъкид кард, ки рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат мебошад.
Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун бо рафти корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт, ки дар деҳаи Кӯҳдоман бунёд мегардад, шинос шуд.
Сарвазири мамлакат дар ноҳияҳои Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар қитъаҳои осебпазири соҳили дарёи Панҷ ошноӣ пайдо кард. Бо мақсади равнақи корҳо аз 20-уми марти соли 2026 аз ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 15 техникаи махсус ба мавзеъҳои хавфноки ноҳияи Фархор сафарбар шуд. То имрӯз зиёда аз 10 ҳазору 565 тахтасанги оҳанубетонӣ ба соҳилҳои дарёи Панҷ интиқол ва насб, садҳои муҳофизатӣ бунёд гардидааст. Ҳамзамон, дар ин ноҳия беш аз 9 ҳазору 600 метри мукааб сангу шағал ба мавзеъҳои хавфнок интиқол ёфта, сади муҳофизатӣ бо паҳноии 13 метр ва баландии 2 метр омода гашт. Дар қитъаҳои алоҳида корҳои заминӣ ва насби садҳои муҳофизатӣ идома дошта, садҳо метр соҳил бехавф карда мешавад.
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ низ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бомаром идома доранд. Дар ин ноҳия ҳазорон тахтасанги оҳанубетонӣ дар соҳилҳо гузошта, садди муҳофизатӣ дар қитъаҳои осебпазир бунёд ва барқарор шудааст. Ҳамзамон, аз ҷониби масъулон корҳои тозакунии маҷрои дарёи Панҷ ва мустаҳкамкунии соҳилҳо бо истифода аз техникаи муҳандисӣ анҷом дода мешаванд.
Қоҳир Расулзода ба мутасаддиён дастур дод, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо сифати баланд, истифодаи пурсамари техника ва риояи меъёрҳои муҳандисӣ сари вақт анҷом дода шаванд. Таъкид шуд, ки татбиқи ин тадбирҳо барои пешгирии обхезӣ, ҳифзи заминҳои кишоварзӣ, манзилҳои истиқоматӣ ва таъмини амнияти сокинон хеле муҳим мебошад.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
