АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

14 июл 2026, Сешанбе
3


КИШОВАРЗӢ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТ АФЗУД
Нуралӣ Асозода, муовини якуми вазири кишоварзӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 28,8 миллиард сомонӣ расид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 миллиард сомонӣ зиёд аст. Аз ҳаҷми умумии истеҳсолот 18,3 миллиард сомонӣ ба маҳсулоти рустанипарварӣ ва 10,5 миллиард сомонӣ ба маҳсулоти чорводорӣ рост меояд.
Таъкид гардид, ки дар истеҳсоли маҳсулот саҳми хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ҷамоавӣ 47,2 ва бахши аҳолӣ 52,8 дарсад мебошад. Ҳиссаи вилояти Хатлон дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 59,2, вилояти Суғд 25,4, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1 ва шаҳри Душанбе бо шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 14,4 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар муқоиса ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли картошка, сабзавот, гӯшти чорво ва паранда, шир, тухм, пашм, пилла ва асал афзуд.


Кароматулло АТО


БАҲРИДДИН СИРОҶИДДИНЗОДА:
"СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТ БА 44 ДАВЛАТИ ҶАҲОН"
Давоми шаш моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба 44 давлати хориҷӣ молу маҳсулоти ватанӣ содирот шуда, Швейтсария, Чин, Туркия, Ӯзбекистон ва Белгия дар панҷгонаи аввал қарор доранд. Нишондиҳандаҳои содироти молу маҳсулот ба 1,6 миллиард доллари ИМА баробар гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 623,7 миллион доллар (65,3 дарсад) бештар мебошад. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии содирот Баҳриддин Сироҷиддинзода баён дошт.
Аз ҳаҷми умумии содирот 97,4 дарсадро маҳсулоти саноатӣ ва 2,6 дарсадро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар ин давра гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо 127 давлат 6,8 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 2,1 миллиард доллар зиёд аст.
Ба иттилои Баҳриддин Сироҷиддинзода, содирот, асосан, аз ҳисоби металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маъдан ва консентратҳо, сурма, алюминийи аввалия, нахи пахта, калобаи пахтагӣ, мис, неруи барқ, либосҳои гуногун, қисмҳои мошин ва таҷҳизот, маҳсулоти полиграфӣ ва кимиёии ғайриорганикӣ, ангишт, сурб, семент ва дигар маҳсулоти саноатӣ ташаккул ёфтааст.


Кароматулло АТО


2820 ГЕКТАР ЗАМИНИ НАВ АЗ ХУД КАРДА МЕШАВАД
Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ нақша дорад, ки соли равон 2820 гектар замини навро аз худ намуда, 1119 гектарро ба гардиши кишоварзӣ ворид намояд.
Зафарбек Давлатзода, директори Агентӣ, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳоло дар соҳа панҷ барномаи давлатӣ дар амал аст. Соли равон аз рӯйи ин барномаҳо 497,5 миллион сомонӣ корҳо ба иҷро расонда мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, нимсолаи аввали соли равон идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар майдони 502866 гектар бо 62062 истифодабарандаи об шартнома баста, ба онҳо 1 миллиарду 774,3 миллион метри мукааб об бо арзиши 84,9 миллион сомонӣ расонда шуд.
Дар мавсими обёрӣ тавассути 360 дастгоҳи обкашӣ ва 62 чоҳи амудӣ кишоварзон бо оби полизӣ таъмин гаштанд.


Кароматулло АТО


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН
31377 иншоот мавриди истифода қарор гирифт
Бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар кишвар то 1-уми июли соли равон 31377 иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки 106,3 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Айни замон дар 1412 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Дар ин хусус Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ӯ афзуд, ки Кумита барои бо сатҳу сифати баланд бунёд гардидани биною иншооти ҷашнӣ, сари вақт бо ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ таъмин намудани муроҷиаткунандагон ва аз экспертизаи давлатӣ гузарондани лоиҳаҳои иншоот, дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон пайваста чораҷӯӣ дорад ва бо мақсади таъмини тобоварии бинову иншоот ба зилзила, санҷиши мехсутуну асосҳои иншооти сохташаванда дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмоишгоҳи махсуси муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир таъсис додааст.


Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


Танзими ҷашну маросим зери назорати ҷиддӣ
Дар шаш моҳи аввали соли равон вобаста ба риоя нашудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 704 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 74 ҳолат зиёд аст.
Бо мақсади таъмини иҷрои Қонун комиссияҳои доимии маҳаллӣ дар кишвар 8 ҳазору 661 рейди муштарак баргузор намуданд. Бештари чунин чорабиниҳои назоратӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва пойтахт гузаштанд.
Аз рӯйи парвандаҳои баррасишуда, судҳо нисбат ба 699 ҳолат ҷазои маъмурӣ таъин намуд. Ҳаҷми ҷаримаҳои таъиншуда 5 миллиону 97 ҳазору 96 сомониро ташкил медиҳад.
Муовини раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим Фаррухулло Олимзода зимни нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки афзоиши корҳои назоратӣ ва фаъолияти мунтазами комиссияҳои доимӣ ба таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешгирии исрофкорӣ дар баргузории маъракаҳо равона шудааст.


Сайфиддин СУННАТӢ

Санаи нашр: 11.07.2026 №: 135