Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи 69-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия
Аз 8-ум то 12-уми июл дар Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи 69-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва аккредитатсияи давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.
Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо Исломиддин Раҳмон иштирок намуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими рушди инфрасохтори сифат, такмили низоми стандартизатсия, метрология ва сертификатсия баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд, ки барои тақвияти ҳамкории иқтисодию техникӣ байни давлатҳои аъзои ИДМ, рушди инфрасохтор, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот ва хидматрасонӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои густариши тиҷорати байнидавлатӣ аҳамияти калон доранд.
Ҳамзамон, ғолибони озмун барои дарёфти Ҷоизаи ИДМ эълон шуданд. Аз Тоҷикистон ҶДММ «Шоҳасар» ва меҳмонхонаи «Румӣ» сазовори ҷоизаҳо гаштанд.
ХАТЛОН
Раиси вилоят бо роҳбарияти ширкати “Shaanxi Apple Group Co., Ltd” вохӯрд
Дар доираи таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо раиси Шурои директорони Ширкати “Shaanxi Apple Group Co., Ltd” Ян Сисюн мулоқот кард.
Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳоро дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла ташкили боғҳои муосири интенсивии себ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи агросаноатӣ, инчунин нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти боғҳо, баррасӣ намуданд.
Изҳори итминон шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак метавонад ба рушди соҳаи боғдорӣ, ворид намудани технологияҳои муосир, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин саҳми назаррас гузорад.
ХУҶАНД
Меҳмонхона ва маҷмааи муосири тиҷоратӣ сохта мешаванд
Бо иштироки муовини якуми Сарвазири ҷумҳурӣ Ҳоким Холиқзода, раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар соҳили дарёи Сир ба бунёди меҳмонхонаи замонавӣ ва маҷмааи муосири тиҷоратӣ санги асос гузошта шуд.
Фармоишгари лоиҳа ҶДММ «Пайванди Суғд» буда, барои татбиқи он Ширкати байналмилалии “GNC Hospitality Management” ҷалб хоҳад шуд.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Сир як қатор лоиҳаҳои муҳими соҳаи сайёҳӣ ва хидматрасонӣ амалӣ шуда истодаанд. Бо назардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва табиати хушманзари соҳили дарё татбиқи чунин тарҳҳо барои ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ аҳамияти муҳим дорад.
Шаҳри Истаравшан дар Душанбе ганҷинаи ҳунар пешниҳод кард
12-уми июл дар Боғи «Ирам»-и пойтахт Рӯзи фарҳанги шаҳри Истаравшан баргузор гардид.
Рӯзи фарҳанг фарогири намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи рангини фарҳангию адабии аҳли ҳунар буд. Сокинони шаҳри Истаравшан маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва намунаҳои санъати ороиширо, ки бозгӯи фарҳанги ғании ин минтақа мебошад, ба тамошо гузоштанд.
Истаравшан бо ҳунарҳое, чун заргарӣ, оҳангарӣ, кордгарӣ, сӯзанидӯзӣ, кандакорӣ, кулолӣ, қолинбофӣ ва шонатарошӣ шуҳрат дорад. Ҳар ҳунар аз насл ба насл интиқол ёфта, имрӯз низ бо шукӯҳи нав эҳё мегардад.
РӮДАКӢ
Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар ноҳия қадр гардиданд
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №7-и ноҳияи Рӯдакӣ ба хотири қадр намудани ғолибони даври ноҳиявии озмуни «Хонандаи сол - 2026» ва ғолибони даврҳои минтақавию ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ҳамоиш баргузор гардид.
Соли 2026 аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Рӯдакӣ 62 хонанда ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ роҳхат гирифта, 36 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардид. Аз ҷумла, 5 нафар ҷойи дуюм ва 31 нафар ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Дар озмуни «Хонандаи сол — 2026» бошад, як нафар соҳиби шоҳҷоиза, як нафар соҳиби ҷойи дуюм ва ду нафар соҳиби ҷойи сеюм гаштанд. Ба онҳо медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.
