ВМКБ.ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВМКБ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛ

15 июл 2026, Чоршанбе
4


Ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ дар нимсолаи аввали соли 2026, ки дар кори он котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон иштирок намуд, таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода баргузор гардид.
Зимни баррасии масъала муовини раиси вилоят Мусо Мирзозода зикр кард, ки дар нимсола ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии вилоят ба 753 миллион сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 7,9 фоиз расид, ки ба ҳар сокини вилоят 3 ҳазору 182 сомонӣ рост меояд.
Дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷети ВМКБ, бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, 100,2 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 153,7 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷет 154 миллион сомонӣ ворид шуд. Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети вилоят аз рӯйи даромади худӣ 100,1 фоиз таъмин гардид. Ба ҳолати 5-уми июли соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят қарздорӣ аз ҳисоби музди меҳнат вуҷуд надорад.
Муовини раиси вилоят иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамкорӣ бо Агентии инноватсия ҷиҳати гузаштан ба низоми гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ тадбирҳои амалиро рӯйи даст гирифта, ба ғайр аз ноҳияҳои Мурғобу Роштқалъа дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят пурра ба низоми гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ворид гардиданд.
Дар вилоят 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 348 миллион доллари ИМА амалӣ мешавад, ки то ҳол 294,5 миллион доллар аз худ карда шудааст. Шумораи корхона ва коргоҳҳои саноатӣ аз 191 ба 207-то расида, ин раванд то охири сол идома меёбад.
Зимни таҳлили ҳисобот котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон изҳор намуд, ки бо дарназардошти ҳамасола бунёд намудани коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва таъсис додани ҷойҳои нави кор ва паст кардани шиддати раванди муҳоҷирати сокинон ва вобастагӣ аз субвенсия бояд дар шаҳру ноҳияҳои вилоят тадбирҳои муассир рӯйи даст гирифта шаванд.
Шарифхон Сафарзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят, аз он изҳори нигаронӣ кард, ки сарфи назар аз зиёд шудани имкониятҳои нав барои ҷалби андозбандӣ нишондиҳандаҳои андоз қонеъкунанда нестанд. Ҳамзамон, аз хароҷоти буҷет давоми давраи ҳисоботӣ изҳори норозигӣ карда шуд.
Зимни баромади худ котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз хизматҳои неки раиси марҳуми ВМКБ Алишер Мирзонабот дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ёдовар шуда, саҳми ӯро дар пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят арзанда арзёбӣ намуд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ Шарифхон Сафарзода нишондодҳои омории нимсолаи аввали соли 2026-ро қонеъкунанда арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки ҳисоботи фаъолияти нимсолаи аввали соли 2026 нишон медиҳад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳои молиявӣ пурра ва сари вақт иҷро гардидаанд. Дар ин росто, моро зарур аст, ки бо неруи даҳчанд тамоми донишу таҷрибаи худро баҳри сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ равона созем.
Дар рафти машварат вазифаҳо барои фаъолият дар нимсолаи дуюми соли 2026 муайяну мушаххас шуда, ҳамагон баҳри иҷрои босифати вазифаҳои дарпешистода вазифадор гардиданд.

Раҳмони ГУЛЗОР, «Ҷумҳурият»


ХАТЛОН. ДАР ШАШ МОҲ 46 КОРХОНАВУ КОРГОҲ БУНЁД ЁФТ
Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор шуд.


Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни ифтитоҳи ҷаласа таъкид кард, ки фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба татбиқи дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ, амалисозии вазифаҳои дар Паёми Президенти мамлакат муайянгардида ва иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда, натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд.
Дар идома муовини раиси вилоят Музаффар Мирзозода ҳисобот пешниҳод намуд. Гуфта шуд, ки нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди минтақавии вилоят ба 19,9 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеӣ 108,1 фоизро ташкил додааст. Ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаи рушди ҷумҳурӣ ба 24,3 фоиз баробар мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 6,2 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,9 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин муддат аз ҷониби соҳибкорон 46 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси 443 ҷойи нави кор ба истифода дода шуд. Соҳаи кишоварзӣ низ рушди устувор нишон дода, ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда ба 17,8 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 971,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 1 миллион тонна сабзавот, 544,6 ҳазор тонна полизӣ, 176 ҳазор тонна картошка, 144,3 ҳазор тонна мева, 55,4 ҳазор тонна гӯшт ва 170,5 ҳазор тонна шир истеҳсол шудааст.
Айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 48 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида, аз оғози татбиқи онҳо беш аз 1,2 миллиард доллари ИМА равона шудааст. Ҳаҷми сармояи хориҷии ҷалбшуда бошад, ба 1,6 миллион доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 маротиба афзоиш ёфтааст.
Гардиши савдо дар вилоят ба 13,3 миллиард сомонӣ ва ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 1,6 миллиард сомонӣ расид. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бошад, 232,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 110,8 фоиз зиёд аст.
Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода зимни баромад таъкид намуд, ки бояд тамоми саъю талош баҳри рушди бомароми маҷмуи соҳаҳои иқтисодиёт, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, зиндагии осоишта ва босаодати сокинони вилоят равона карда шавад.
“Дар баробари муваффақиятҳо ҳоло низ захираҳои истифоданашудаи зиёд мавҷуданд. Бовар дорам, ки бо заҳмати содиқонаи мардум ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ мо тамоми нақшаҳоро ба таври зарурӣ амалӣ хоҳем кард”, - иброз намуд раиси вилоят дар ҷамъбаст.


Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 13.07.2026 №: 136