ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АТЛАСУ АДРАС – СИМОИ БОНУВОНИ ТОҶИК.  ДАВРИ ШАҲРИИ ФЕСТИВАЛ ҶАМЪБАСТ ШУД

АТЛАСУ АДРАС – СИМОИ БОНУВОНИ ТОҶИК.  ДАВРИ ШАҲРИИ ФЕСТИВАЛ ҶАМЪБАСТ ШУД

30 май 2023, Сешанбе
11
0
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ даври шаҳрии Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он доир гардид. Дар Фестивал намояндагони мақомот, вазорату идораҳо, ҳунармандон ва фаъолон аз чор ноҳияи пойтахт иштирок доштанд.
Иброз гардид, ки санъати атласу адрасбофӣ дар асарҳои бостоншиносон ва аксари сарчашмаҳои аввали ҳунаршиносӣ инъикос ёфтааст. Бозёфтҳои бостоншиносони минтақаҳои ориёинишин гувоҳӣ медиҳанд, ки мардуми тоҷик ҳанӯз садсолаҳо қабл аз ин матоъҳои гуногунро гулпартоиву гулдӯзӣ карда, истифода мебурданд.
Ҳамзамон, тазаккур дода шуд, ки мақсади асосии баргузории Фестивали атласу адрас арҷ гузоштан ба либоси миллӣ,  баланд бардоштани қадру манзалати ин либос, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, инчунин, тарғиби  санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Дар доираи баргузории Фестивал барои тарғибу ташвиқи анъанаҳои фарҳанги либоси миллӣ ва истеҳсоли матоъҳои атласу адрас беҳтарин либосҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо суруду таронаҳои миллӣ пешкаши меҳмонону сокинон, аз ҷумла меҳмонони хориҷии пойтахт гардид.
Ғолибон ва иштирокдорони фаъол аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Диплом, Сипоснома  ва мукофоти пулӣ қадр шуданд.
Мавриди тазаккур аст, ки даври шаҳрии Фестивал аз бахшҳои гуногун, аз ҷумла, намоиши либосҳои қадимӣ, кӯдакона, либосҳои идона ва намоиши либосҳои расмӣ, иборат буд.
 
Лола РИЗОӢ,  «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 30.05.2023 №: 113
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив