«ДОВ». ФИЛМИ КОРГАРДОНИ ТОҶИК СОҲИБИ ҶОИЗА ГАРДИД
Аз 27 то 31-уми январи соли равон дар шаҳри Мумбайи Ҷумҳурии Ҳиндустон Синамоҷашнвораи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
Тавре аз Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” иттилоъ доданд, филми ҳунарии “Дов”, ки бо коргардонии Муҳиддини Музаффар аз ҷониби Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов рӯи навор омадааст, ҷиҳати иштирок ва рақобат ба бахши озмунии синамоҷашнвора пешниҳод гардида, миёни 14 филм аз 7 кишвари аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҷоизаи “ Таваҷҷуҳи ҳакамон”-ро соҳиб гашт.
Филм воқеаҳои солҳои навадуми асри гузаштаро фаро гирифта, рӯзгори пурпечутоби ду дӯсти ҳақиқӣ ва ҳаёти одамони боистеъдоди зиёии музофотро ба тамошобин намоиш медиҳад. Ҳирси молу дунё дӯстонро аз ҳам ҷудо месозаду риштаи пайвандию рафоқати миёни онҳо канда гардида, ҷойи онро нафрату адоват мегирад.
Хотирнишон месозем, ки қаблан филми ҳунарии “Дов” дар Синамоҷашнвораи байналмилалии Калкуттаи Ҳиндустон бо ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ” қадрдонӣ гардида буд. Инчунин, дар нахустин Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” филми ҳунарии “Дов” соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ” гардид ва барои нақшофарӣ дар филми ҳунарии “Дов” ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” ба Салоҳиддин Шукуров сазовор дониста шуд.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 06.02.2023 №: 29
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)