НАВИДИ ФАРҲАНГ
АБДУҶАББОР РАҲМОНЗОДА ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ЧИРЧИҚ
Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ ба вилояти Тошкент ташриф овард.
Баъд аз баррасии масоили ҳамкориҳо, инчунин, дар бораи моҳияти Форуми ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки 14 марти соли ҷорӣ гузашт, ибрози андеша кард.
Дар Донишгоҳи мазкур се факултет барои гурӯҳҳои тоҷикӣ амал мекунад: филологияи тоҷик, методикаи таълими ибтидоӣ ва таълими томактабӣ. Дар ин се факултет 500 донишҷӯ таҳсил ва 10 омӯзгор пайи тадрисанд.
Сафир ҷиҳати ғанӣ гардондани захираи китобҳои таълимиву бадеӣ сад нусха китоби дар Тоҷикистон чопшударо ба китобхонаи Донишгоҳ туҳфа намуд.
КУЛЛИЁТИ МАВЛОНО БА ФЕҲРИСТИ «ХОТИРАИ ҶАҲОНИИ ЮНЕСКО» ШОМИЛ ШУД
Куллиёти осори Ҷалолиддини Балхӣ ба «Феҳристи хотираи ҷаҳонии ЮНЕСКО» дар соли 2023 шомил шуд. Барои муаррифии осори шоир ва мутафаккири тоҷику форс чанд кишвар: Тоҷикистон, Олмон, Булғористон, Ӯзбекистон, Эрон ва Туркия талош карданд.
Барномаи "Хотираи ҷаҳонӣ", ки соли 1992 таъсис ёфтааст, ба пешгирии талафоти бебозгашти мероси хаттӣ – ҳуҷҷатҳо ё маҷмуаҳои асарҳои дорои арзиши назаррас ва устувор дар шаклҳои коғазӣ, аудиовизуалӣ, рақамӣ нигаронда шудааст.
ДУРАХШИ ТОҶИКОН ДАР «ҲАМБОЛИ ИСТЕЪДОД»
Як гурӯҳ устодону донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар Фестивали байналмилалии “На крылях таланта” («Ҳамболи истеъдод») ба тариқи онлайн иштирок намуда, то ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Он дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия баргузор гардид. Дар натиҷа Манучеҳр Бурҳонов дар номинатсияи “Овозхонии халқӣ” бо Дипломи дараҷаи 1, Саъдулло Каримзода бо дипломи “Роҳбари беҳтарин” ва Ансамбли халқии “Фалак” зери роҳбарии Қурбон Давлатов бо дипломи “Беҳтарин ҳамнавоз” (“Лучший аккомпанемент”) қадр шуданд.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 30.05.2023 №: 113
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)