ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ МИЛЛИИ СУБОТИ МОЛИЯВӢ

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ МИЛЛИИ СУБОТИ МОЛИЯВӢ

31 май 2023, Чоршанбе
7
0
Дар Душанбе таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода ҷаласаи ҳаштуми Шурои миллии суботи молиявӣ доир гардид. 
Чуноне ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мазкур хабар додаанд, дар ҷаласа масъалаҳои баланд бардоштани рейтинги кредитии соҳибихтиёрии ҷумҳурӣ, зиёд намудани ҷалби сармоягузории хориҷӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии муҳоҷирон ва мутобиқ намудани онҳо ба бозори меҳнат, инчунин, роҳандозии фишангҳои сиёсати монетарӣ ва дигар механизмҳо барои коҳиш додани хавфҳои таваррумӣ баррасӣ шуданд.
 
 
МУЛОҚОТ БО САФИРИ ЧИН
Аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ки муовини вазир Шараф Шерализода сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Тзи Шуминро ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 16 то 19 майи соли 2023, инчунин, татбиқи ҳамкориҳои мутақобилан судманди муштарак дар бахшҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 
 
НАХУСТИН ПАРВОЗ ДАР МАСИРИ ДУШАНБЕ – БОКУ
Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ додааст, ки дирӯз ҳавопаймои Ширкати «Buta Airways»-и Озарбойҷон ба Фурудгоҳи Душанбе нишаст.  
Ифтитоҳи хатсайр рӯйдоди муҳим дар тақвияти равобити иқтисодию фарҳангӣ ва гуманитарию сайёҳии ду кишвар арзёбӣ гардида, ташкили парвозҳои мустақим ба афзоиши мубодилаи мол, рафтуои шаҳрвандон, ҳамлу нақли транзитӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат намуда, ба он такони ҷиддӣ мебахшад.
 
 
БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ИМТИЁЗ БА ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОН
Дар ҷаласаи назоратие, ки таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода баргузор шуд, масъалаи имтиёз ба омӯзгорони ҷавон баррасӣ гашт. 
Аз Вазорат ба мо хабар доданд, ки таваҷҷуҳи иштирокдорон бори дигар ба пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок, сода намудани тартиби додани қарз ба омӯзгорони ҷавон, дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъмини онҳо бо заминҳои наздиҳавлигӣ ва бурдани корҳои ташвиқотӣ ҷиҳати аз имтиёзҳо бархурдор гаштани ҷавонон ҷалб шуданд. 
 
 
ЭКОЖУРНАЛИСТОН ДАР ШИРКЕНТ
Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар дод, ки бо мақсади татбиқи Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 маҳфили навбатии экожурналистон дар Боғи табиии таърихии «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода баргузор гашт.
Беш аз 20 узви клуб Боғи «Ширкент»-ро тамошо карданд. Барои журналистон бештар аз ҳама шиносоӣ бо изи динозаврҳо ҳайратовар буд. 
 
 
НАМОИШ – ФУРӮШИ КИТОБҲОИ БАЧАГОНА  
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак аз ҷониби Ташкилоти «Истиқбол» дар саҳни маҷмааи «Шарқи Озод» намоиш – фурӯши 160 номгӯй китобҳои рангаи кӯдак доир гардид. 
Ҳадаф аз баргузории намоиш ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб ва, ба ин васила, дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ватандӯстиву худогоҳӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад. 
 
Санаи нашр: 31.05.2023 №: 114
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив