ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РАШТ. АВЛАВИЯТ БА ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН

РАШТ. АВЛАВИЯТ БА ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН

31 май 2023, Чоршанбе
16
0
Ҳуқуқи истеъмолкунандагон зери ҳимояи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ин аст, ки дар назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» қабулгоҳи ҷамъиятӣ таъсис ёфтааст.
Ба гуфтаи Хайриддин Хоҷазода, мудири бахши рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, ин қабулгоҳ дорои гурӯҳи корӣ буда, нақшаи фаъолияти он иборат аз 8 банд бо қарори раиси ноҳия тасдиқ гардидааст.
Дар се моҳи соли равон 6 соҳибкор барои муқаррар намудани реҷаи кории нуқтаҳои хизматрасонии худ ба қабулгоҳи мазкур муроҷиат намуд ва дар ин бобат қарорҳои раиси ноҳия ба тасвиб расиданд.
Кормандони Маркази ташхиси минтақавии Рашт – Агентии “Тоҷикстандарт” дар ин росто,  31 корхонаю муассисаи соҳаи  савдо ва нуқтаҳои хӯроки умумиро мавриди санҷиш қарор доданд.
Мувофиқи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки аз тарафи мақомоти қудратӣ пешниҳод гардидааст, ба 72 нафар роҳбарони корхонаю муассисаҳои савдо ва нуқтаҳои хӯроки умумӣ новобаста аз шакли моликияташон ба маблағи 13920 сомонӣ ҷарима баста шудааст.
Мутахассисони сертификатсияи хизматрасонӣ дар 31 нуқтаи савдо ва марказҳои хизматрасонии ноҳия санҷишҳо гузаронда, маҳсулотеро, ки  ба талаботи стандартии сифати молу маҳсулот ҷавобгӯ набуданд, аз муомилот бароварданд.
Инчунин, онҳо 95 мағозаю нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасониро бо шаҳодатнома таъмин намуданд. Оид ба назорати нуқтаҳои хизматрасонӣ ва савдои ноҳия масъулони бахши баҳодиҳии мутобиқати Марказ аз аввали соли ҷорӣ то ҳоло 21 соҳибкорро соҳиби сертификати мутобиқат намуданд.
Мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия  дар ин самт 49 санҷиши нақшавӣ гузаронда, 432 килограмм маҳсулоти муҳлати истифодаашон гузаштаро аз муомилот гирифтанд. Дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 67 соҳибкор ба маблағи 8276 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ таъин карда шуд.
Тибқи нақшаи гурӯҳи кории қабулгоҳи ҷамъиятии назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ин давра аз ҳисоби масъулон ва мутахассисони мақомотҳои дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, пайваста дар бозорҳои ҳудуди ноҳия вобаста ба риояи қоидаҳои савдо ва хизматрасонӣ, танзими нарху навои маҳсулоти ниёзи мардум, пешгирии тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди наздики бозорҳо ва таъмини ҳаракати мунтазами мошинҳо, роҳ надодан ба фурӯши маҳсулоти пастсифат, риояи сарулибоси махсус санҷишҳо гузаронда мешаванд.
Тавре аз гузориши Хайриддин Хоҷазода, ки ба унвони  идораи рӯзнома ирсол доштааст  бармеояд,  роҳбарияти ноҳия дар якҷоягӣ бо сохторҳои марбута дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои зиёдеро ба сомон мерасонанд. Ҳукумати мамлакат ҳам ҷиҳати дастгирии соҳибкорону тоҷирон имтиёзҳои зиёдеро роҳандозӣ мекунад, аммо бо вуҷуди ин,  ҳолатҳое ҷой доранд, ки ҳуқуқи истеъмолкунандагон бо айби баъзе тоҷирон, надоштани дониши кофии харидорон ва беаҳамиятии худи онҳо поймол мегардад. Яъне, то мардум аз ҳуқуқи худ ҳамчун харидор ҳимоя накунад, мо дар ин самт ба ҳадаф расида наметавонем.  
 
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 31.05.2023 №: 114
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив